Фильтр
Эй сабо, бар ëр гӯ ман чашми гирëнам ҳанӯз,
Боз гӯ дар ҷустуҷӯяш хонавайронам ҳанӯз.
Рӯ ба рӯяш шину овози дилашро гӯш кун,
Аз дили сангаш нагардад мушкил осонам ҳанӯз.
Боз гӯ, роҳе надорам, то расам бар васли ӯ,
Ман гирифтори балои доми ҳиҷронам ҳанӯз.
Як назар созад ба рӯям, бинад аҳволи маро,
Дар ғами рӯзи қиëмат сахт ҳайронам ҳанӯз.
Эй Манижа, бо табассум, ë ба як ними нигоҳ,
Метавонад бурд аз тан ҷони арзонам ҳанӯз.
Манижаи Ҳафткӯли
ДАСТИ ДУОИ МОДАР
Чун сояе ба сар буд дасти дуои модар,
Нуре ба ду басар буд дасти дуои модар.

Аз мушкилоти дунё биме набуд бар мо,
Аз ҳар бало сипар буд дасти дуои модар.

Пеш аз сафар ҳамеша медод ў дуоям,
Чун ҳодии писар буд дасти дуои модар.

Мӯйи сафеди модар бахти сафеди ман буд,
Файзи дами саҳар буд дасти дуои модар.

Ҳоло наметавонам бо зар харидан ўро,
Воло зи симу зар буд дасти дуои модар.

Парвои ғам куҷо буд, парвои офате ҳам,
Ҳомӣ зи ҳар хатар буд дисти дуои модар.

Раззоқ, дар ду олам ҳастӣ Ту такягоҳам,
Чун Ҳақ ҷилвагар буд дасти дуои модар.

28.02.25
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
На ҳар қасоби моҳир меканад пӯст,
На ҳар нону намак хур мешавад дӯст!
Бо кибру ғуруру танпарастӣ,
Бо бодаву ҷому шурбу мастӣ.
Боре накунӣ ту фикри ҳастӣ,
Ин раҳ барадат ба сӯи пастӣ.
Бекназари Хушзод
https://www.facebook.com/groups/4714032188823892/?ref=share&mibextid=NSMWBT
Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд,
Ман худ ин пайдо ҳамегӯям, ки пинҳон гуфтаанд.
Пеш аз ин гӯянд, к-аз ишкат парешон аст ҳол,
Гар бигуфтандӣ, ки маҷмӯам парешон гуфтаанд.
Парда бар айбам напӯшиданду доман бар гуноҳ,
Ҷурми дарвеше чӣ бошад, то ба султон гуфтаанд.
То чӣ мурғам, к-ам ҳикоят пеши анко кардаанд?
Ё чӣ мӯрам, к-ам сухан назди Сулаймон гуфтаанд?
Душманӣ карданд бо ман, лекин аз рӯи киёс,
Дӯстӣ бошад, ки дардам пеши дармон гуфтаанд.
Зикри савдои Зулайҳо пеши Юсуф кардаанд,
Холи саргардонии Одам ба Ризвон гуфтаанд.
Доғи пинҳонам намебинанду меҳри сарбамӯҳр,
Он чӣ бар аҷзои зоҳир дидаанд, он гуфтаанд.
В-ар нагуфтандӣ, чи ҳоҷат, к-оби чашму ранги рӯй
Моҷарои ишк аз аввал то ба поён
Показать ещё