ҚИССАЕ АЗ ҲАЗРАТИ УМАР
(Аллоҳ аз у рози бошад).
Гармии тобистон буд. Ҳазрати Умар ки ҳар руз ба масҷид мерафтанд ва медиданд ки як навҷавоне ҳарруз ба гармиии ҳаво нигоҳ накарда ба масҷид меояд ва панҷ вакт намозашро дар масҷид мегузаронад.
Рузе хостанд имондории ҷавонро санҷиш кунанд. Замоне, ки ҷавон аз намоз мебаромад бо у ҳамсуҳбат шуда мегуяд:
-Эй ҷавони хуб ба ту чи шудаст дар ин гарми худро дар азоб монда ҳар руз ба масҷид меои? Ҳоло саросема нашав умри ҷавониатро бо хушиҳо гузарон.
Ҷавон ин суханро шунида гиря кард ва дарахти мевадореро дар канори роҳ нишон дода гуфт:
- Ин дарахтро шумо бовар доред, ки ҳамаи меваҳои он аз авал то охир бе нуқсон пухта мерасанд?
Ҳазрати Умар ба ҷавоби он ҷавон дар ҳайрат монда давомашро гуш кард то фаҳмад чи мақсад дорад.
Ҷавон гуфт:
-Албатта ки меваҳои он дарахту дигар дарахтон ҳамааш пухта намерасанд. Шояд баъзе дар аёми гул нобуд шаванд, баъзе дар аёми ғура рехта нобуд мешаванд.
Қисми ками он ҳосили дилхоҳ дода пухта мерасанд.
(баьзе пухта мерасанд-аммо дохилашон кирм зада ё пусида)
Умри одамон низ мисли ҳосили дарахтон аст:
- Баъзе дар тифли баъзе дар навҷавони ва баъзе дар пири мемиранд.
Аммо ҳеҷ кас кафолат надорад ки то кай зинда мемонанд ва ё чи қадар умр хоҳад дид!
)) (( )) (( ))
БАЛЕ!:
- Ҳар солеро баҳорест- аммо зимистоне ҳам дар пеш аст! Ъумри мову шуморо ҳам баҳорест.
Он фурсатест ки зироат кишт намоем аз тоъату ъибодат ва хайру саховат- ва оқибат хазонрезе низ ҳаст ки интиҳои ъумри ҳар яки мо хоҳад буд!
Имрузҳо ҳоло мову шуморо фурсат ҳаст барои тавбаву тоату ибодат.
Аммо на ҳамаро ин насиб хоҳад гашт-чун Малакул Мавт ҳар руз руҳи ҳазорон нафарро аз миёни одамийят қабз менамояду уро парвое нест ки:
-«Тавба карди ё не», «Намозҳоятро адо намуди ё не», «Аз нафареро ки ранҷондаи узр пурсидаи ё не», «закоти молатро адо намудаи ё не»!
ИН ДУНЁ ФАНОШАВАНДА АСТ ВА АЛБАТТА:
-Ҳар туйхона хоҳем мо намехоҳем рузе «мотамхона» хоҳад шуд.
-Ҳар хандаҳо рузе гиряҳо хоҳанд шуд.
-Ҳар мошинҳои рангобаранг рузе ба аспи чубин иваз хоҳанд шуд.
-Ҳар банда ки як руз ба ин «дунёи фони» омад- рузе барояш рузи рафтан ҳам хоҳад шуд.
- Ҳар он либосҳои ранго ба ранге ки дорем- рузе ба кафани сафед иваз хоҳад шуд!
Шайх Ҷунунӣ чи зебо моро насиҳате кардаанд:
Магу, эй ташна фардо об нӯшам,
Ба пирӣ дар раҳи тоат бикӯшам.
Ба бӯи пирӣ чандин навҷавонӣ,
Бирафт бе тавба аз ин дори фонӣ.
Ба фарзе гар расӣ дар пирӣ, эй ёр,
Қади пирон надорад тоқати бор.
Бикаш бори ибодат дар ҷавонӣ,
Ба тоат кӯш чанде, ки тавонӣ.
Туро додам аз ин пистони ҷон шир,
Бинӯш ину макун зинҳор таъхир.
Ҷунунӣ

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2