Предыдущая публикация
МЕХРУБОНЕ ДАР ЧАХОН ДОРАМ,КИ НОМАШ МОДАР АСТİSLOM Rohi Najot

МЕХРУБОНЕ ДАР ЧАХОН ДОРАМ,КИ НОМАШ МОДАР АСТ

1 дек 2019предложил 
İSLOM Rohi Najot

Нақшаҳо!

Муроду мақсудҳое ки ……..
Дируз яке нақша дошт курорт мераваду даҳ руз истирохат мекунад!
Дигаре нақша дошт се руз пас бурёкубон карда ба хонаи нав сохтааш мекучад!
Дигари нақша дошт ки мошини хубе мехарад!
Дигаре нақша дошт оила барпо хоҳад кард!
Дигаре нақша дошт донишгоҳ дохил хоҳад шуд!
Дигаре нақша дошт албатта аз фардо ру ба тоату ъибодат меорад!
Дигаре нақша дошт албатта фардо аз нафареро ки ранҷонда буд ва ё бо бародаре ки қаҳри буд узр мепурсад!
Дигаре ҳоло нақшае накашиду дар тифли сафар кард!!
Оҳ нақшаҳо, нақшаҳое ки ҳар руз барбод медиҳад ин Марг!
Марге ки ба касе раҳм нахоҳад кард ва касеро фурсате нахоҳад дод!
Марге ки як руз Паёмбаронро бо худ бурд-рузи дигаре шоҳу гадоеро бибарад!
Марге ки аз он ба васила пулу мол, ному насаб наҷот ёфтан имкон надорад!
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва-с-саллам) фармудаанд:
-«Барҳамзанандаи лаззатҳоро (маргро) зиёд ёд кунед».
Ин насиҳат ва ҳам "васийят" аст бар умматон. Касе маънии онро дарк кард дар ин дунёву ҳам охират сарбаланд хоҳад шуд.
Маргро бисёр ёд кунед фармудаанд он Ҳазрат. Замоне ки умматон зиёд ёди марг карданд, на танҳо дар фикри ин «дунёи фони» мешаванд –балки ба суи охират низ рағбат пайдо менамоянд.
Яъне нафаре ки мутмаин аст ки рузе у ҳам маргро албатта мечашад ба он сафари «пурталотум» албатта тайёри мебинад.
Пас нафаре ки тайёр шуд дигар аз омадани марг наметарсад-чун барои он сафар «тушаи неке» захира хоҳад кард аз тоъату ъибодат ва хайру саховат.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам) фармудаанд ва мо умматонро насиҳати дигаре низ кардаанд ки:
-«Беҳтарин «воиз» тобути чубин аст»!
- яъне тобуте ки мову шумо мебинем як руз пири ҳаштод солае ба он савор хоҳад шуд, рузи дигаре ҷавони 17 солае.
Пас беҳтарин дарси ъибрат бар оқилон ҳамин марг аст ки на ҷавоне ва на кудакеро раҳм нахоҳад кард.
Рузу соат ки омад дигар ҳеҷ касеро фурсат нахоҳад буд то тавба кунанд, тоъату ъибодат бикунанд, аз нафареро ки уро ранҷонида буд бахшиш бипурсанд.
АММО АФСУС:
-Зиёди онон ки имрузҳо дар дохили қабранд ва ё болои тахти чубин саворанд (тобут) аз аҳли ҳасратанд.
Онҳо гумон доштанд ки албатта умри 80-у 100 мебинанду дар пири ру ба тоъату ъибодат меоранд.
Аммо афсус мехуранд ки дар сини 20-у 30-ю 40 ва ё ба пири расиданду бе тоъату ъибодати Худованд аз ин Дунё реҳлат карданд.
Инак онҳо ҳасрат мехуранд ва аз Худованд акнун ин замон илтиҷо менамоянд ки:
- Илоҳо ! Моро умри дубора ато фармо то тамоми умри худро ба тоъату ъибодату ъамалҳои хайр гузаронем!
Моро пулу молу «вазифа» ва ин дунёи дуруза мағрур сохту аз фармонҳоят дур шудем ва ҳатто зидди фармонҳоят ъамал кардем- аммо ин замон умре атоямон фармо то ҳама моли худро дар «роҳи ризоят» хайр намоему бо наздиконамон ру ба тоъату ъибодатат орем!
Аммо Худованд ба мо бандагон як умр дар ин дунёи «фони» ато менамояду- дигар умр танҳо дар «дунёи боқист»!
Ҳасрату пушаймони дигар суде надорад.Оё хабаре доред ки мурдае умри дубор дид?
Пас мову шумо бародарону хоҳарони Имони гар нахоҳем аз «аҳли ҳасрат» бошем- имрузу ин соатҳо аз ёди Худо ғофил мабошед!
Ҳар як рузу соатро ғанимат шуморед.
Албатта барои ин зиндагии дунё меҳнат намоед- аммо аз ёди Охирати хеш рузу соате ғофил мабошед!
Рузе донед, ки ин марг ногаҳони ва бе даъват суроғи мову шумо низ албатта хоҳад омад- аммо он рузу соат наздик аст ё дур инро танҳо Худованд донаду бас!!
Шахсе аз олиме пурсид:
-Барои ъибодат кардан кадом руз беҳтар аст?
Олим ба у ҷавоб гуфт:
- Як руз пеш аз марг.
Шахс ҳайрон шуду боз пурсид:
-Вақти маргро ҳеҷ кас намедонад.
Олим фармуд:
-Пас ҳар рузи зиндагиатро рузи охири ъумр фикр кун ва аз сидқи дил тоъату ъибодат кун -шояд фардое бароят набошад.
ҲАМА РАФТАНД!!!РУЗЕ АЛБАТТА НАВБАТИ МОВУ ШУМОСТ!
Ногоҳ биëранд яке маркаби чӯбин,
Ӯро на сару пову лаҷом асту на ҳам зин,
Бо ҳукми Худованд бигӯянд, ки :-Биншин,
Аз рӯзи азал карда Худо қисмати мо ин,
Бархезу равон шав, ки саворон ҳама рафтанд.
*** *** *** *** ***
-Ногаҳ бувадат к-аз ин ҷаҳонат бибаранд,
-Аз ҳалқаи ҷамъи дустонат бибаранд,
-ғофил манишин, замон замонат бибаранд,
-Гар ту нарави, кашон-кашонат бибаранд!

Нақшаҳо! - 892616957516

Комментарии 11

Акмалчон 😶‍🌫️
Акмалчон 😶‍🌫️
😂
5 дек 2019
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    косимов вохид
    косимов вохид
    Вот это я понимаю!
    6 дек 2019
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Як сухани Бехтарин навишта шуд.Амо дар камментарии сохранит нашуд.ок аз нав дар Такрори менависам .То ки Аллох аз Рози бошад.ок
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Инро дунеи дуруза мегуянд.Омадан дар якруз ва рафтан дар якруз. Дар тобуди чубин рух мурда мегуяд.Ба Аллох, эй Аллох, мехохам дар Бихишт Бошам.Амо Аллох, мегуяд.Ду фариштахо Китоби амолат меоранд.Бади Хонда шудани Китоби амол.Агар савобхо бисер бошанд Агар банда дар Намоз бошад.Бади саволу чавобхо.Дар пешгохи Аллох, агар хост .Бад банда дар Бихишт медарояд.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Рух дар тобуди чубин нолон гиря дорад.Дар кабр чи Маро интизор аст.Парвози рух ба суйи Аллох, дар пеши Аллох, рухи бечора меравад.Саволу чавоб.Китоби амол кушода ва варакгардон мешавад .Бади тамоми шудани.Саволу чавоб.Агар банда Яне рухаш Намози ва пур аз Савобхо бошад .Фариштахо бо Фармони Аллох, рухи Бихиштиро ба Бихишт мебаранд.То рухаш дар Бихишт бошад.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Аллох барои ин мурдаи бечора .Дар ин дуне санчишхо буд.Санчишхо аз рузи тавлид то Марг.Аллох, мегуяд ман барои ту вахт чудо карда будам .То ки дар Намоз боши ва кардани Савобхои бисер Аллох, мегуяд.Шумо хама бандагони ман пагох пеши ман Рох доред  .Бо хабар бошед.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Агар шумо бандаи Аллох, бошед.Бояд бандаги ичро кунед.Аз мурдан хечгох натарсед.Проста аз ин Дуне ба Дунеи охират меравед.Барои  ин хамеша дар еди Аллох, бошед Намозхо ва пур аз Савобхо бошед.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Кабристон Яне Мазор мегуяд.Мо инчо омадем ва хобем.Шумо моро фаромуш накунед.Бароямо дуо хо хонед.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Агар рухи гунахкор дар Кабр шуд.Рух дар азобхо мегуяд.Эй ман кош гунох намекардам.Эй вой сухтам.Аз гунохо бисер.Эй кош дар Намоз мешудаму.Эй кош гунох намекардам.Пушаймонам окибад дар Кабр сухтам.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Агар ду Кабри Дузахти ва Чаннати .мегуяд ээй безор шудам аз вой вой ту.Кабри Чаннати мехохад ки хамсоя Кабраш Чаннати бошад.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Амир Сафаров
    Амир Сафаров
    Олами Кабристон олами рух.Дар Кабристон рухи Дузахти ва рухи Чаннати хаст.Азобхои рухи Дузахти дар Такрори газидани мор ва каждум .Ва сухтан дар такори.Азобхо ва пушаймони.
    14 янв 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    С наступающим Днём Победы!
    Почтите память героев Великой Отечественной войны
    Возложить цветы
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    МЕХРУБОНЕ ДАР ЧАХОН ДОРАМ,КИ НОМАШ МОДАР АСТ

    МЕХРУБОНЕ ДАР ЧАХОН ДОРАМ,КИ НОМАШ МОДАР АСТ

    ЛентаТемы 9 726Фото 6 089Видео 596Участники 27 217
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 9 726
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться