Предыдущая публикация
ҲАҚИҚАТ ДАР ИНҶО ҲАСТАбдуррашид Қурбонов

ҲАҚИҚАТ ДАР ИНҶО ҲАСТ

25 янвпредложил 
Абдуррашид Қурбонов
Файзуллоҳ Каримов

Файзуллоҳ Каримов

🔸🔹 ПУРСИШ ВА ПОСУХ 🔹🔸

🔸 Матни пурсиш:
Шиъаён эътиқод доранд ки имом Маҳдӣ алайҳи салом ду ғайбат доштааст: Ғайбати суғро ва ғайбати кубро. Дар ғайбати суғро, аз тариқи чаҳор нойиби хос, бо мардум дар иртибот буд ва баъд аз фавти нойиби чаҳорум, ғайбати кубро шурӯъ шуд. Ин чаҳор нойиби хос иборат буданд аз:
1 . Абу Амр, Усмон ибни Саъид Амрӣ Асадӣ
2 . Абу Ҷаъфар, Муҳаммад ибни Саъид Амрӣ
3 . Абу Қосим, Ҳусейн ибни Руҳ Навбахти
4 . Абу Ҳасан, Алӣ ибни Муҳаммад Самурӣ (Саймурӣ)
Ваколати ин афрод ом ва мутлақ буд. Албатта дар ин даврон, дар бархӣ шаҳрҳо, афроди дигаре низ буданд ки ваколати имомро бар ӯҳда доштанд ва бархӣ мӯътақиданд ки ин ваколат бидуни воситаи нувоб хос буд. Аз ҷумлаи ин афрод Аҳмад ибни Ҳамза ибни Ясоъ, Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҳзиёр, Муҳаммад ибни Солеҳ ва Абу Муҳаммад Ваҷноъи буданд.
Имом Маҳдӣ алайҳи салом дар тавқиъе (номае) ба Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ, шурӯъи ғайбати куброро чунин эълом кард:
«Эй Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ! Худованд дар сувги фиқдони ту подошӣ бузург ба бародаронат ато кунад. Ту то шиш рӯзи дигар аз дунё хоҳӣ рафт. Корҳоятро мураттаб кун ва ҳеч касеро ба ҷонишинии худ магумор; Чароки ғайбати комил фаро расидааст ва зуҳуре ҷуз бо изни Худованди азза ваҷал нахоҳад буд ва он пас аз гузашти замонӣ тӯлонӣ ва сахт шудани дилҳо ва пур шудани замин аз ситам хоҳад буд. Касоне ба назди шиъаёнам хоҳанд омад ки муддаъии мушоҳида хоҳанд буд. Огоҳ бошед ки ҳар кас пеш аз хуруҷи Сӯфиёнӣ ва садои осмонӣ иддаъои мушоҳида кунад, дурӯғгӯ ва ифтиро зананда аст ва ҳеч ҳавл ва қуввае ҷуз ба Худованди баландмартаба ва азим нест». (Шейх Тувсӣ, Ал-Ғайба, с 242 ва 243)
Назари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди ин ақойид чист?
Ҳамчунин назари эшон дар мавриди зуҳури суғро ва зуҳури кубро ки бархӣ шиъаён ба он эътиқод доранд чист?
🔸 Матни посух:
Гузораҳои мавриди ишораи шумо, ахборе ҳастанд ки ҳаргоҳ ба сурати мутавотир ривоят шуда бошанд, қатъӣ ва қобили эътиқоданд ва ҳаргоҳ ба сурати мутавотир ривоят нашуда бошанд, қатъӣ ва қобили эътиқод нестанд, ҳар чанд дар миёни мутаъаххирин шӯҳрат ёфта бошад; Чароки ахбори воҳид, муфиди заннанд ва занн дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд бо сароҳат фармудааст: ﴾إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا﴿[п/1]; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»; Монанди тавқиъаи мансуб ба Маҳдӣ алайҳи салом барои Алӣ ибни Муҳаммади Самрӣ ки танҳо тавассути як ровии маҷҳул ба номи «Абу Муҳаммад Ал-Ҳасан ибни Аҳмад Ал-Мактаб» ривоят шуда ва табъан хабарӣ қатъӣ ва қобили эътиқод маҳсуб намешавад, магар инки мурод аз «Мушоҳида» дар он, зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом бошад; Зеро дар ин сурат, мувофиқ бо ахбори мутавотире аст ки таъкид мекунад Маҳдӣ алайҳи салом пас аз хуруҷи Сӯфиёнӣ ва садои осмонӣ зуҳур хоҳад кард ва бо ин васф, ҳар кас ки пеш аз он ду муддаъии зуҳури ӯ шавад, дурӯғгӯ ва ифтиро зананда аст ва ҳамчунин, ҳар касе ки муддаъии иртиботи мустамар бо ӯ шавад; ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4058/

Пурсишҳо ва посухҳо | Вуҷуди Маҳдӣ ва вежагиҳои ӯ | Пурсиши шумораи 2 (Коди 15)
Шиъаён эътиқод доранд ки имом Маҳдӣ алайҳи салом ду ғайбат доштааст: Ғайбати суғро ва ғайбати кубро. Дар ғайбати суғро, аз тариқи чаҳор нойиби хос, бо мардум дар иртибот буд...
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
0 комментариев
11 раз поделились
9 классов

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
ҲАҚИҚАТ ДАР ИНҶО ҲАСТ

ҲАҚИҚАТ ДАР ИНҶО ҲАСТ

ЛентаТемы 6 481Фото 1 802Видео 19Участники 4 353
  • Подарки
Левая колонка
Всё 6 481
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться