вчера 07:55РУЗИ ЧУМЪА МУБОРАК!!!
Рӯзи ҷумъа аз он рӯзҳоест, ки Худованд дар каломи поки худ ин рӯзро бузург шуморида ва дар ин рӯзи муборак ду ракъат намозро барои ҳамаи мусалмонон фарз гардонидааст, ки намози ин рӯз ва рӯзаш дар таърихи Ислом мавқеъ ва мақоми хоссаеро доро мебошад. Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон рӯзест, ки ҳар ҳафта онро чун иди исломӣ ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ба машғулиятҳои дунё камтар машғул шуда, бештар дар тоату ибодат ва зикру тиловати Қуръон мегузаронанд.
Инчунин, мардуми мусалмон аз рӯйи одобе, ки уламои Ислом баён намудаанд, таёрии гузаронидани ин рӯзро аз рӯзи панҷшанбе сар мекунанд. Ҳамин аст, ки Паёмбар (с) мефармояд: "Касе намози ҷумъаро се бор ба ғайри узр