Орзухои армони
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Тирамоҳи деҳа бо бӯйи хазону дуди дегдонҳо оғоз шуд. Довуд, ки тоза донишгоҳи омӯзгориро хатм карда буд, дар мактаби деҳа ба бачаҳо дарс медод. Ҳар субҳ бо як ҷаҳон умед ба синфхона ворид мешуд, аммо шомгоҳон вақте ба ҳавлии танг бармегашт, дилашро ғусса мефишурд. Ду бародари калониаш зан гирифта буданд ва ҳавлӣ акнун ба як занбӯрхонаи серғалоғула мемонд. Ҷой барои нафас кашидан танг буд.
Дар ин миён, Наргис духтари шӯху чашмсиёҳи ҳамсоя, ки тоза ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуда буд, дар дили Довуд шӯълае фурӯзон кард. Наргис барояш рамзи ҳаёти нав ва ояндаи дурахшон буд. Аммо волидони духтар шарти сахт гузоштанд:
— Писарам, мо духтарро ба кӯча намепартоем. Ё дар ноҳия хона бихар, ё дар замини бобоият як кулба соз. Баъд Наргис аз они ту.
Довуд шабҳо то саҳар дар лаби ҷӯйбор нишаста, ба осмони ситоразор нигоҳ мекард. Маоши омӯзгорӣ ҳатто барои харидани хишт кифоят намекард. Роҳ танҳо якто буд: Муҳоҷират.
Пеш аз сафар онҳо дар паси боғи себ вохӯрданд. Наргис бо чашмони пуроб ба Довуд менигарист.
— Натарс, Наргис, гуфт Довуд бо овози ларзон. Меравам, пул кор мекунам. Дар он замини бобоиям бароят қаср месозам. Хонае месозам, ки тирезаҳояш ба тарафи боғ кушода шаванд.
Наргис. Ман мардам. Намехоҳам туро ба ҳавлии танге барам, ки келинҳо рӯзи дароз ба сари як кафлес ҷанҷол мекунанд. Ман ба ту қавл додам. Дар ҳамин ҷо, ӯ ба замини холии бобоияш ишора кард, хонае месозам, ки дар деҳа касе надошта бошад. Пешаш айвони калон месозам, ки тобистонҳо дар он ҷо чой хӯрем. Ман меравам, то туро хушбахт кунам.
Наргис рӯмоли сафедашро ба даҳонаш фишурд, то садои гиряашро касе нашунавад. Ӯ намедонист, ки ин охирин лаҳзаест, ки дасти гарми Довудро ҳис мекунад.
Падару модари Наргис ба умеди ҳамин қаср фотиҳа доданд. Довуд бо қалби лабрез аз ишқ ва ҷомадони пур аз нону орзу ба самти Челябинск парвоз кард.
Челябинск бо сармои ҷонсӯзаш Довудро пешвоз гирифт. Ӯ дар сохтмон то дергоҳ кор мекард.
Шаҳри бегона Довудро бо хунукии бераҳмонааш нафасгир мекард. Кор дар сохтмон сангин буд, аммо ӯ ҳар шом ба сурати Наргис дар телефонаш нигоҳ карда, хастагиро фаромӯш мекард.
Он шаб ӯ дер аз кор баргашт. Дар гузаргоҳи танге се-чор ҷавони сархуш роҳашро гирифтанд.
— Эй, "чёрный", куҷо меравӣ? гуфт яке бо лаҳни таҳқиромез.
Довуд хост хомӯшона гузарад, аммо яке аз онҳо китфашро сахт тела дод. Таҳқир ба номус ва миллаташ хуни кӯҳистониро дар рагҳои Довуд ба ҷӯш овард. Ӯ омӯзгор буд, ҳалим буд, аммо таҳқирро намебардошт. Ҷанг сар шуд. Довуд танҳо буд, онҳо чор нафар. Дар лаҳзаи охирин, вақте яке бо корд ба ӯ ҳамла кард, Довуд бо як зарбаи сахт ӯро ба замин афтонд. Ҷавон дигар наҷунбид. Осмони Челябинск ба сари Довуд фурӯ рехт. Орзуҳои дар як сония хокистар шуданд.
Додгоҳ кӯтоҳ ва бераҳм буд: Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси марг гаштааст. Ҳукм 13 соли зиндон.
Дар маҳбас ҳаво набуд. Деворҳои бетонӣ гӯё ҳар рӯз ба ҳам наздиктар мешуданд. Довуд дар кунҷи камера нишаста, ба хатти охирини мактуби Наргис нигоҳ мекард: Довуд, дустат медорам,бо умеди дидори ширинат зиндаам.Тез биё.
Дар маҳбас Довуд танҳо ба як чиз фикр мекард: Наргис ва он хонаи орзуҳояш. Шаш моҳи маҳбас барояш шаш аср буд. Вақте барояш пешниҳод карданд, ки шартнома бандад ва ба ҷанги Украина равад, ӯ танҳо як роҳи халосиро дид озодӣ ва бозгашт ба назди Наргис. Ӯ намехост биҷангад, ӯ мехост бо ин рох ба озоди барояд. Аммо тақдир нақшаи дигар дошт.
Дар хандақҳои сарду лойолуди Украина, Довуд дигар он муаллими ҳалим набуд. Ӯ сояе буд, ки танҳо як орзу дошт. Як субҳи содиқ, вақте туман заминро пӯшонида буд, снаряде дар наздикии ӯ кафид. Дар охирин сонияҳои ҳаёташ, Довуд дарди тирро ҳис накард. Ӯ бӯйи себҳои боғи бобоияшро ҳис кард. Дар назараш чунин намуд, ки Наргис бо куртаи атлас аз айвони он хонаи орзуҳояш баромад ва ӯро садо зад.
Деҳа гӯё мотам гирифта буд. Ҳатто калхотҳо дар осмон бо як навъ андӯҳи вазнин бол мезаданд. Вақте мошини "боркаш" ба назди ҳавлии Довуд расид ва мардон тобути вазнини оҳаниро (синк) аз он берун оварданд, якбора садои вовайлои занон фазоро шикофт. Он садо на танҳо гиря, балки фарёди орзуҳои зерипошуда буд.
Падари мӯйсафедаш қоматаш хам гашта буд ва модараш болои тобут чунон нола мекард, ки гӯё кӯҳҳо ба ларза меомаданд.
Хабари марги Довуд ба деҳа мисли раъду барқ расид. Наргис, ки ҳар рӯз интизори занги Довуд буд, акнун ҷасади ӯро дар тобути оҳанин қабул кард.
Модари Довуд, ки чашмонаш аз гиряи зиёд сурх шуда, кабуд гашта буданд, худро болои оҳани сард партофт. Дастҳои ларзонашро ба рӯйи тобут мекашид ва гӯё бо ҷигарбандаш гап мезад:
— Бачам Довудҷон! Ин чӣ хел хонаи замонавӣ шуд? Охир гуфта будӣ, ки бароям аз Русия рӯмоли калон меорӣ.Гуфта будӣ, ки дар тӯят даст ба даст мерақсем. Чаро дар ин сандуқи оҳанин омадӣ, модарат бимирад! Ин оҳан сард аст, бачам, ту дар дарунаш ях намекунӣ? Хез, бачаи муаллимам, хез, ки бачаҳои мактаб мунтазири туанд.
Дар он замини меросии бобоӣ, ки Довуд мехост қасри орзуҳо бисозад, акнун танҳо орзухои армонии Довуд буду халос. На хонае сохта шуд, на тӯе барпо гашт. Шамол аз болои қабри ҷавон омӯзгор мегузашту гӯё нола мекард.
Дар деҳа боз тирамоҳ омад. Наргис ҳар шом аз пеши хонаи онхо мегузашт ва ба дуриҳо менигарад. Ӯ медонад, ки Довуд ба хотири ӯ рафта буд, аммо намедонист, ки роҳи ишқ гоҳо аз миёни хуну оташ ва ғурбат мегузарад.
Наргис нагирист. Ӯ танҳо дар канори қабр истода, ба хоке, ки Довудро фурӯ мебурд, нигоҳ мекард. Ҳама рафтанд, аммо ӯ монд. Ӯ ба он замини холӣ рафт. Дар он ҷо на қаср буд ва на хонаи замонавӣ. Танҳо чанд ниҳоли себи хушкида ва хоки сарде, ки орзуҳои як ҷавони ошиқро дар худ гӯр карда буд.
— Ту омадӣ, Довуд пичиррос зад ӯ. Аммо хона насохтӣ. Ту худат хоки ин хона шудӣ.
Хоб кун, муаллим..Дар ин ҷо миллатгароҳо нестанд. Дар ин ҷо ҷанг нест. Дар ин ҷо танҳо ман ҳастам ва ҳамин хоке, ки туро аз ман рабуд. Ту хонаатро сохтӣ, Довуд.Аммо ин хона хеле танг аст. Хеле сард аст.Довуд,хонаи охиратат обод.
Наргис дар канори қабр монд ва ба уфуқи сурхшудаи деҳа нигоҳ кард. Гӯё рӯҳи Довуд акнун ором гашта буд, зеро донае, ки кошта буд, сабзид. Дар ин лаҳзаи бошукӯҳ ва пурсӯз, гӯё садои ботинӣ мегуфт;
Бино кардӣ ту қасри ишқро дар хок, муаллим,
Шудӣ қурбони нангу номуси афлок, муаллим.
Ба умеди иморати наву девори замонавӣ,
Шудӣ худ хишти девори ватан дар хок, муаллим.
Нарафтӣ ту ба зери хок, рафтӣ бар дили миллат,
Ба ҷойи хандаи тӯёна, сад оҳи дареғ омад.
Ду сол мисли оби ҷӯйбор гузашт. Наргис омӯзишгоҳи тиббиро хатм кард ва акнун дар беморхонаи ноҳия ҳамшираи шафқат буд. Бисёр хостгорон ба дараш омаданд, ҷавонони сарватманду соҳибҷоҳ аз паяш буданд, аммо Наргис ба ҳама як ҷавоб дошт:
— Ман шавҳар кардан намехохам.
Як шоми тирамоҳ, модари Довуд ба хонаашон омад.
— Духтарам, гуфт модар бо овози хаста. Худатро хор кардӣ. Довуди ман дар зери хок аст, ту боши зинда ба зинда худро гӯр мекунӣ. Бирав, бахти худро ёб. Довуд ҳам розист.
Наргис дасти кампирро гирифта ба рӯяш молид.
— Холаҷон, кадом бахт?
Наргис аз хучраи хобаш як дафтари кӯҳнаро баровард. Ин дафтари мушоҳидаҳои Довуд буд, ки аз мактаб боқӣ монда буд. Дар саҳифаи охиринаш Довуд навишта буд: Дарси имрӯза Ишқ ба Ватан. Аммо барои ман Ватан аз ҳамон чашмони зебои Наргис оғоз мешавад.
Наргис ин сатрҳоро ҳазор бор хонда буд, аммо ҳар бор гӯё бори аввал мехонд.
-Духтарам бояд ба шавхар барои.
Наргис туйи аруси дорад.Барояш бахт мехохам.
Рухи тамоми гурамаргон шод бод.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈