Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

вчера 20:22

КОШОНАИ ШАХЛО❤️:

Муаллиф Шахлои Начмиддин
Гамбодаи мухаббат
Баъди 10 соли зиндагии зану шавхари якбора Комила ба дарди равони гирифтор шуду зиндагии ин хонавода ру ба хароби ниход. Шавхари Комила гуё интизори хамин буд, ки баъди ду рузи касал шудани хамсар аз пайи зангири шуд. Комиларо бурда ба беморхонаи касалихои рухи хобониду сабабашро дар хавфнок будани у барои экизакхояш фахмонид. Зани наваш ки 12 сол боз зани пинхонии у хисоб меёфт, маликаи ин хонадон гардид. Фотима ва Зухрои 9 сола ки хануз кучак буданд, сарфахм намерафтанд, ки чаро якбора модарашон рафту дигар зан ба хонаи онхо омад. Ин зан аз шавхари Комила писарчаи 11 сола дошт. Вале у худро гамхору мехрубон нишон дода дар аввал духтарчахоро мехрубонии сохта мекард. Комила бошад ин вакт дар тахти табобати духтурони равоншинос карор дошт. Хохари ягонаи Комила хар руз хурок пухта ба хабаргирии фарзанди падар мерафт. Комила харчанд хушаш дар чояш набошад хам хамеша шавхару кудаконашро пурсон мешуд. Табобати Комила зиёда аз 9 мох тул кашид. Баъди 9 мох духтур гуфт, ки апаатон бисер фикр карда худро касали кардааст ва мебояд ки аз ин пас у тамоман асаби нашавад, зикки накунад. У дарди гамбодда аст. Хохари гамхор Комиларо ба хонаи худаш бурд.Комила гирякунон гуфт, ки у ба хонаи шавхар меравад.
-Апачон, шавхарат зани дигар овард.
-Медонам Хадисачон, ман беакл нестам. Ин зан дар хаёти шавхари ман пеш аз арус шудани ман вучуд доштааст ва ман уро махкум намекунам.
-Ту инро аз кучо медони?
-Охир сабаби ин кадар гамхурии ман хамин аст.Рашки зиёд маро гамбодда кард.
Комила духтари табиатан орому хушхислат буд.Дар беморхонаи дехаашон ба хайси хамшираи шафкат кор мекард. Шавхари у Фарход ба хабаргирии чурааш омаду уро дида аз дил гузаронид, ки барои чашми мардумро хок пошидану барои хавлии падарро сохиб шудан у бояд ин духтараки хушахлокро хостгори карда бигирад, то хаваси падар барои туйю тамошо бишканад. Фарход писари дуввуми хонаводаашон буд. Падараш шарт гузошт, ки агар бо тую тамошо зан гири, хавлии дар шахр бударо ба номат мегузаронам. Чунки падар огахи дошт, ки Фарход бо занаки шавхармурдаи аз худаш 10 сол бузургтари дехаи поин никох карда хамчун зану шавхари пинхони зиндаги доранд ва ин хабар уро рухафтода карда буд. Падар гумон дошт, ки баъди бо духтари дигар хонадор кардани писараш мехри у ба аруси порсояш мешавад. Чунки дар деха аз сабукпоийи ин зан овозахо зиёд буданд. Вале Фарход баъди зангири хам хамеша пеши зани аввал буд. Сарвинози хамеша ороставу бо нозу карашма дили уро ботамом рабуда аклу хушашро тира карда буд. Вакти зангириаш Сарвиноз гуфт, ки «майлаш ичозат, рав зани бо тую тамошо гир, вале хеле зуд аз у чудо шав».
-Майлаш чонам, хавлиро падар ба номам гузаронад, тамом.
-Гайри шаби аввали аруси дигар ба хамсарат наздик нашав.
-Майлаш, чонам, ман то дами мурдан азони туам.
Комила аз нигохи аввал шавхарашро дуст дошта буд. У аз зумраи заноне буд, ки хамеша як касро дуст медоранду яктопарастанд. Шаби аввали васл хеле зебову дилнишин гузашт. Вале дигар шавхар ба у мехрубони намекард. Гуё дар ин хона аруси нав вучуд надошт. Бо вучуди ин Худованд ба Комила фарзанд доду у баъди нух мох экизак духтаракони солехашро таваллуд кард. Аммо хамоно шавхар ба у хамчун зан наздики намекард. Комила факат сабр мекард. Ноайён мисли аспи даванд солу моххо гузаштанду зани ба ном шавхардор аз фикри зиёд ба гам печид. Майнаи сараш карахт шуд. Сабаби бемехрии шавхарро хеч фахмида наметавонист. Шабхо шавхар умуман дар хона набуд. Вактхои охир мохе чор меомаду халос. Бахона пеш овард, ки дар шахри дигар кори хубе ёфтааст. Вакте, ки токати Комила ба охир расиду аз шавхар пурсон шуд, ки сабаби номехрубониат чист?
У чавоб дод, ки ман кайхо боз зани дустдошта ва як писарча дорам.
Хакикати талх Комиларо аз по фитониду якбора ба касалии равони гирифтор кард.
Хохари Комила ин сирри язнаашро фахмида хеле асаби шуд. Ба апааш гуфт, ки зик нашав, хамааш хуб мешавад.
-Хохарчон, мехохам, ки духтаронамро бинам.Хамаги ду бор хамрохи дадаашон хабаргири омаданду халос.
-Майлаш ман рафта Фотимаву Зухроро меорам.
Фотимаву Зухро дар дидорбини бо модар чунон сарду дурушт буданд, ки Комила аз ин номехрубонии онхо хайрон шуд.
-Духтарони ширини ман пазмонатон ман.
-Оча, ту дигар хамрохи мо зиндаги намекуни?
-Не, акнун падаратон зан дорад. То кор ёфтану сохиби манзиле шудан шумо бо падар зиндаги кунед.
-Майлаш, оча, моро апаам-зани падарам дуст медорад.
Комила мехост, ки чойи коре ёфта аз пайи зиндагии худ шавад. Аммо боз гаму гуссаи даруни, хиёнати шавхар, номехрубониву дилсардии фарзандон уро хаёли карду боз ба беморхона хобондандаш. Акнун одамро намешинохт. Шабе табиби навбатдор ба хохари Комила занг заду хабар дод, ки апаатон шаб аз дикки нафас нафасгир шуда вафот кардааст.Биёед, часади уро баред.
Комилаи армониро хохар бо оху фигон гур кард. Мурдахо мурданд. Зиндахо ба зиндагии худ андармон. Фотимаву Зухро зани падарро оча мегуянду хатто ба гушаи хаёл хам намеоранд, ки рухи саргардони модар дар орзуи як каф дуои онхост.
Шахлои Начмиддин

Комментарии 1

Юсупова Х Аламовна
Юсупова Х Аламовна
Мурда мемра мерававу зинда бакори хдш саргардонай Аллох чояша чанат кунад
19:42
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 699Фото 21 384Видео 1 350Участники 25 112
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 699
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться