ЗАНГИРИИ БОБОИ ҲОҶӢ
( бахши 2)
Бобои Ҳоҷӣ Ҳоҷӣ-бобо шуд. Соҳиби набера шуд. Аммо ҳама варо мисли пешина Бобои Ҳоҷӣ мегуфтанд.
Мегӯянд, ки ҳар чиро нахоҳӣ, ҳамон ба пеш меояд.
Ҳоло қарзҳоро наканда духтараш мактабро тамом карду ба вай хостгор омаданд. Аммо ӯ ҳамаро рад намуд. Гапи ҳеҷ касро гуш накард. «Ду пояшро ба мӯза тела карда» гуфт, ки ба шаҳр ба хондан меравад. -Агар иҷозат надиҳед, худамро алов мезанам, - гуфт ӯ.
«Омад ба сарам аз чи метарсам»,-бобои Ҳоҷӣ розӣ шуд. Лек як гӯшаи дилаш сиёҳ буд. Чаро ки духтараш саводи хубе надошт. Мактабро базӯр тамом кард. Муаллимҳо ба ӯ мерасониданд. Ба гуфти баъзеҳо: -Духтар чию хонданаш чи, -умедвор буд, ки агар мактабро тамом кунад ба шавҳар медиҳаду ором мешавад. Агар писар бошад гапи дигар. Ӯ бояд хонаду оилаашро хӯронаду пӯшонад. Лек ин сон ранг гирифтанро дар гӯшаи хаёлаш намеовард.
Духтарашро ба пойтахт бурд. Ба хонаи як дусташ то супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар донишгоҳ ҷой кард.
Ҳама дохил шуданду духтари ӯ боз ба деҳа баргашт. Натавонистааст.
-Ҳеҷ гап не, хостгоре агар ояд, шавҳар карда метавонӣ, - гуфт ӯ.
Аммо «бало аз таги по мехезад», - мегӯянд рост будааст. Духтараш сари баланди варо паст кард. Рузҳо гузаштанду шиками вай калон шудан гирифт. Дар деҳа аллакай ҳама медонистанд. Ин шармандагӣ буд. Шукри худо масъала ҳал шуд. Падари кӯдак-донишҷӯи ҳамдеҳа аз ин хабардор шуда омада бо волидонаш маслиҳат карда ба хонаи ӯ хостгор фиристоданд. Хулоса бо шумораи ками одам тӯи камхарҷе карда духтарашро ба хонаи домод фиристод. Донишҷӯ варо гирифта ба шаҳр бурд. Баъдтар фаҳмид, ки духтараш барои ҳамон донишҷӯ ба шаҳр рафта будааст. Ҳарчанд масъала ҳалли худро ёфт, «дарвозаи шаҳрро пӯшиданд», аммо на сухани мардум тамом шуду на даҳонашонро пӯшида. Гуфтанду гуфтанд. Дар пеши бобои Ҳоҷӣ нагӯянд ҳам, хабарҳоро ба ӯ мерасониданд. Ин хабарҳо таъсири манфӣ мерасониданд. Акнун обрӯяш мисли пешина набуд. Кӯшиш мекард, ки дар байни мардум хап бошад.
Мегӯянд, ки «кор агар шавад ноомад шавад, атола дандон бишканад».
Ин хабархо ба рӯҳияи занаш сахт таъсир карду бемор шуд. Хун ба сараш заду як тарафи баданаш аз кор монд.
Даводавиҳо, беҳисоб пахш кардани остонаи утоқи кории духтурон, харҷҳои зиёде таъсире накард. Занаш ҷогаҳӣ шуд. Сухан гуфта наметавонист. Писари калонӣ: - «Шароит надорам», - гуён аз ёрдам даст кашид. Духтараш низ чун бародари калонӣ ақида дошт. –«Мо дар шаҳр, зиндагонӣ мушкил». Нигоҳубини занашро ӯ ба сари худ гирифт. Боз қарзи зиёде ба гарданаш бор шуд. Шароиташон сахт вазнин шуд. Қариб як сол ба байни мардум нарафт. Ҳатто ба масҷид ҳам намерафт. Аз маъракаҳо худро дур мегирифт. Ӯ қариб шаш моҳ кор накард. Баъд ба кори посбонӣ даромад. Як шабонарӯз кор мекарду ду шабонарӯз дар хона буд. Бо писари хурдии мактабхонаш ба замини калони доштааш кор карда ҳосили хуб гирифтанд. Се гусолаи нари майдаи харидааш калон шуданду онҳоро фурӯхта бо пулҳои ҳосили замин якҷоя карда ба қарзҳо дода халос хӯрданд. Хушбахтона ӯ дорои ҳамсоягони хуб буд. Дар ин рӯзҳои сахт хело дастгирӣ карданд. Рузе набуд, ки яке аз онҳо хӯроке карда ба дари хонааш надарояд. Ҳамин чиз ба бобои Ҳоҷӣ сабукӣ овард. Писари ҳамсоя шароити варо ба хубӣ медонист ва ҳосили замини варо гирифта бурда фурӯхта бо нархи бозорӣ бо ӯ ҳисобӣ кард. Инро бобои Ҳоҷӣ ба хубӣ медонист. Ӯ боз се гӯсола гирифт. Дар хона сафи мурғҳоро зиёд карда аз тухми онҳо фоида ба даст меовард.
Аз қарзҳо халос хӯрду ӯ оҳи сабуке кашид. Боз занашро баҳри табобат боумед ба пеши чанд духтур бурд, вале ҳамаи онҳо кифт барҳам мекашиданд. Ин сабаб бобои Ҳоҷиро маҷбур кард, ки ба тақдир тан бидиҳад.
Аз байн се сол гузашт. Нигоҳубини зани бемор барои ӯ мушкил буд. Аммо ба мушкилӣ тан намедод.
Аз ду калонӣ умеде пайдо нашуд, акнун умедвор буд, ки писари хурдӣ зан бигираду келин шояд ба корҳои хона ёрдам бикунад. Бо ин ният боз пул ҷамъ карду писарашро зан дод. Писараш пас аз хатми мактаб ба кори савдо машғул шуд. Давом додани хонданро ба сар нагирифт.
Хулоса ин келин ба корҳои хона ёрӣ мерасонд. Бобои Ҳоҷӣ хело хурсанд шуд. Нигоҳубини занашро бошад худаш мекард. Зиндагониаш тарҳи дигар гирифт. Ба ӯ сабукӣ омад. Бо гузашти вақт мардум вокеаҳои духтари варо фаромӯш карда ба худ барои гапзанӣ дигар мавзӯъ ёфтанд. Баҳри Бобои Ҳоҷӣ бошад бо зани бемор дилсузӣ мекарданд. Акнун ӯ ба маъракаҳо мерафт. Ба масҷид мерафт. Дар байни мардум боз мисли пешина гули сабади маъракаҳо гашт. Дар ҳар маъракае ба ғайри иштирок карданаш боз ба хонаи ӯ ҳаққи бемор гуфта албатта нону хӯроку қанду мағзу чағз мефиристоданд.
Хурсандии келиндорӣ ҳамаги як сол давом кард. Рӯзе ба хона тасодуф омада сӯҳбати келинаш бо дугонаашро шунид.
-Ҳамин кампир намурд, ки ҷонам халос шавад. Ростӣ ҳамааш дар ҷонам задааст. Модарам мегӯянд, ки биё ба хонаи худамон зиндагонӣ кун, ҳеҷ кас шуморо аз ин ҷо сур намекунад, агар нахоҳӣ ҷудо шав, аммо ман намедонам чи кор кунам, мо кӯдак дорем, ба шавҳарам гуфтам, биё ба хонаи волидони ман равем, розӣ нашуд. Аз падараш метарсад.
Ин суханон ханҷаре буд, ки ба дилаш заданд. Оҳиста аз хона баромад, ки онҳо омадани варо нафаҳманд.
Бегоҳ писару келинашро ҷеғ зада гуфт: Келин, медонам, ки аз корҳои зиёди хона ва ин хушдомани бемор хело монда шудаӣ. Акнун боз тарбияи кӯдак ба сарат бор шуд. Ман иҷозат медиҳам бирав ба хонаи волидонат. Шавҳаратро ҳам ҳамроҳат бигир, хафа намешавам. Кӯдакро хуб тарбия кун. Дар бораи хушдоманат фикр накун, ман худам ин масъаларо ба сари худ мегирам. Ман худам нигоҳ мекунам.
-Падар хафа намешавед?- нобоварона пурсид писараш.
-Не, писарам. Ман як чиз мехоҳам. Ҳар куҷо бошӣ, хушбахт бошӣ. Агар хоҳед равед, иҷозат медиҳам. Модараш ба занат ба тарбияи кӯдак ёрдам мекунад.
-Рост мегӯед, ба ӯ мушкил..
-Мушкил, мушкил, ман ҳамаашро ба хубӣ мефаҳмам, писарам…
Онҳо интизори чунин пешниҳод буданд. Шабошаб ҳама чизҳояшонро тайёр карда рӯзи дигар саҳар аллакай кӯчи худро бор карда ба ҳавлии волидони арӯс кӯч бастанд.
Инро дида бобои Ҳоҷӣ дарун -дарун месӯхт аммо дар пеши ҳеҷ кас ифшо намекард.
Писари калониашро ҷеғ зада хоҳиш кард, ки нигоҳубини модараш ба ӯ мушкил, бо оилааш ба хона биёяд, ақаллан хӯрду хӯрокро тайёр кунад, ин ёрии калон мешавад. Писараш гуфт, ки занаш ба ин кор розӣ намешавад.
Бобои Ҳоҷӣ ба духтараш занг зада масъаларо фаҳмонид. Ду ҷумла ҷавоб гирифт:
-Ман наметавонам. Шояд ба хонаи пиронсолон бурда монем.
-Не!
Дар хона монд бобои Ҳоҷӣ бо зани бемор танҳо.
-Шумо қарори худро баровардед, ман ҳам қарори худро. Ман зани партовӣ надорам.
Аз даргоҳи худованд танҳо як чиз хоҳиш дорам:-Маро пеш аз занам ҷонамро нагир, ки ӯ хор мешавад
Бемории занаш тӯл кашид. Ӯ даҳ сол дар рӯи ҷогаҳ хобида буд. Мушкилоти бемордориро танҳо худи ӯ хуб медонист. Аммо боре нагузошт, ки аз тани зани бемор бӯи баде ояд. Ягон чизи чиркине дошта бошад. Зани бемор боре гушна бошад. Ё чизи мехостаашро нахӯрда бошад. Забони душворфаҳми зани беморро танҳо ду кас ба хубӣ мефаҳмид. Зани ҳамсоя- дугонаи ӯ ва худи Ҳоҷӣ бобо. Бо ӯ сӯҳбат мекарданд.
Духтараш ҳар гоҳе, ки бо кӯдаконаш аз шаҳр меомад, Ҳоҷӣ-бобо аз дидани набераҳо хело шод мешуд. Вале ӯ боре истода хизмати модарашро ба ҷо наовардааст. Чанд рӯзе, ки меистод, фақат ба хонаи дугонаҳояш меҳмон мешуду боз ба хонаи худ бармегашт. Хатто ба худ хӯрокае намеоварданд.
Боре омада аз падар ёрӣ дархост шуд.
-Кӯдакон калон шудаанд. Хонаамон тангӣ мекунад. Пул даркор. Хонаи дигар мехарем.
Ҳоҷӣ-бобо дар пеши ӯ худро қарздор меҳисобид, барои ҳамин боз ҳама ёфту тофташро ба ӯ дод. Онҳо хона хариданд. Ҳоҷӣ-бобо боз қарздор шуд, аммо ӯ аллакай дар зиндагонӣ бо зани бемор мароми худро ёфта. Ин маротиба тез қарзашро канд, чаро ки вақти ҳосил буд. Писари ҳамсоя ҳосили варо гирифта нархи хуб дод.
Боз аз байн як соли дигар гузашту писари хурдӣ ба пешаш омад.
-Падар моро аз хона сур карда истодаанд. Иҷозат медиҳед ба хона баргардем?
-Кӣ?
-Додари занам. Мегӯяд, ки тайёриатон бинед, соҳиби хона манам, ман зан гирам аз хона ҳамон лаҳза баромада меравед.
-Фаҳмо, ихтиёрат, писарам, хонаат холӣ, ҳар вақте ки хоҳӣ баргард, ҳеҷ кас туро ҳеҷ чиз намегӯяд.
-Ташаккур, падар!- писар шодона падарро ба оғӯш гирифт…
Аммо ин масъала ҳалли худро наёфт. Келин розӣ нашуд.
-Дар ягон ҷо замин гир, хона месозем, аммо ман ба хонаи волидони ту намеравам. Касалбон намешавам. Агар розӣ нашавӣ, ҷудо мешавам.
Писар ноилоҷ, рӯи хотири ду кӯдак дар миёнароҳ монда буд. Дар ин ҳолат боз падар- Ҳоҷӣ - бобо ба мадад шитофт.
-Зиқ нашав, писарам, хона месозем. Оилаатро эҳтиёт кун. Ду кӯдак доред.
Кор боз мисли пешин. Замин, хонасозӣ, қарзгирӣ. Писарашро бо келинаш ба хонаи нав кӯчононид.
(Давом дорад)
Баҳромбек


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1