Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

10 дек

Бахром Джумаев

Аз ёдовариҳои Фб
ХЕШАКИ МАН
Дар ғарибӣ ҳар касе, ки ба телефонат занг занад, шахс шод мешавад. Фарқ надорад, ки ӯ хеш аст ва ё бегона, асос ӯ ҳамватан аст.
Занги телефонам баланд шуду онро ба даст гирифтам. Нигоҳ кардам, ки рақами ношинос. Бо вуҷуди ин тугмаи сабзи иҷозатро пахш карда онро ба гӯш гузоштам.
-Ассалому алейкум! – шунида шуд аз он тараф.
Фаҳмидам, ки дар он тараф тоҷике зангам задааст.
-Воалейкум салом!
-Ман бо Салимҷон гап мезанам?-ӯ номи маро гирифт.
-Бале!
-Нагз ҳастӣ? Хуб ҳастӣ?
- Шукри худо!
-Маро шинохтӣ?
- Рости ки не
-Ман туро хушрӯй мешиносаму ту маро нашинохтӣ? Ман хеши наздики занат мешавам. Мумкин дар ёдат набошам, ин хел мешавад. Бинӣ агар дар ёдат меояд.
-А фаҳмо! Мебахшед!
-Ман падари туро мешиносам. Хусуратро мешиносам. Камтар пештар аз ватан омада будам. Ба хонаи хусурат рафта хело сӯҳбат кардем. Хело инсони хуб аст. Падарат ҳам инсони хубанд. Гоҳ- гоҳ вохӯрда сӯҳбат мекунем.
Ростӣ чунон хандаам омад, ки базӯр худро нигоҳ доштам. Фаҳмидам, ки ба он суи алоқа мардест корафтода ва барои маро ба доми хеш афтонидан ба ҳама дурӯғ розист. Чаро ки ман худам падарамро надидаам. Яксола будам, ки ӯ вафот кардааст. Ин хешаки ман дар куҷо гоҳ гоҳ сӯҳбат мекарда бошад. Ва боз 25 сол пеш тобути хусурамро худам ба дӯши хеш бардошта бо мардуми деҳ бурда ба хок супоридем, ҳеҷ ақлам намегирифт, ки ин акаи мо дар куҷо ба хонаи хусури ман рафта бошад, ки хушдоманам ҳам 6 сол пеш бандагӣ карду ба дару дарвозаи ҳавлӣ қулфи калоне кашол аст. Агар аз аввал номи маро намегирифт, шояд андеша мекардам, ки нишонро хато кардааст, аммо ин ҷо ҳадафаш будаму коре ба ман дорад.
-Ташаккур, ака! Кӣ рақами телефони маро ба шумо дод?
-Исматҷон.
-Фаҳмо! Ба ман ягон хизмат?
-Э не, ягон хизмат нест. Як хешакама занг зада ҳолпурсӣ кунам гуфтам.
-Миннатдорам, ака!
-Кор пор карда истодаӣ?
-Ҳо, як фармоиш гирифта будам, ҳамонро ба субут расониданиам.
-Бисёр нағз. Ба ман як кор пешниҳод карданд, гуфтам, ки ин хеши ман агар бекор бошад рафта ҳамонро кунад. Хуб медонам, ки ту устои ҳамакораӣ. Ба кӯдаконат ягон сум кор кунӣ.
-Ман бояд рафта буд кунам?
-Ҳа, онро ба ту пешниход карданиам.
-Чи кор ака?
-Криша.
-Бомпӯшонӣ?
-Ҳа, кариб 600 метри квадрати ҳаст. Кори зӯр! Бефиреб.
-Кори зӯр, вале ман онро ба дӯш гирифта наметавонам.
-Чаро?
-Ман як худам ин кори калон буд карда наметавонам.
-Ту кай коратро тамом мекунӣ?
-Насиб шояд пас аз як ҳафта.
-Баъди як ҳафта зангат мезанам, -овози телефон хомӯш шуд.
Хулоса яку якбора шуд. Ин хешаки ман ҳатто фурсати гӯш кардани хайр гуфтани маро накард.
Табассум кардаму хафа нашудам. Ман намедонистам, ки дар он тарафи алоқа кист. Ҳатто овозашро ҳам боре нашунида будам.
Як ҳафта пас боз занги телефон маро безотиба кард.
-Хешам нағз ҳастӣ?
-Шукри худо, ака! Бо дуои шумо ростем.
-Мо албатта туро дуо карда меистем. Коратро буд кардӣ?
-Не, ака! Соҳибхона боз ду-се кори дигарро пешниҳод карду гуфт, ки то онҳоро иҷро накунам пуламро намедиҳад.
-Одами ахмақ будаст ку...
-Соҳибхона одами бад нест. Фақат кори ман ба ӯ маъқул шуду чанд кори майда-чуйдаи дигар пешниҳод кард. Шумо дар бораи ҳамон кори гуфтаатон занг мезанед?
-Бале!
-Ака, ман он корро ба сар гирифта наметавонам. Ин кори яккаса нест.
-Э агар ёрдам даркор бошад ана ман дар барат…
-Ду кас ҳам камӣ мекунад.
-Ман инро медонам. Пешакӣ ҳамаашро ҳал кардаам. Боз ду бачаҳаки дигар қатимон кор мекунад. Ва боз як каси дигар.
-Маълум мешавад, ки мо ҳамагӣ панҷ кас кор мекунем?
-Чор кас.
-Ман, шумо, ва боз се касро пешниҳод карда истодаед, магар панҷ кас намешавад?
-Панҷум кас кор намекунад, вале баробари мо пул мегирад.
-А-а, миёнрав гӯед…
-Ҳамин хел барин.
-Он шахсони дигар ягон кор аз дасташон меояд?
-Албатта, ҳама кор аз дасташон меояд. Чизе ки ту гуфтӣ, ҳамонро иҷро мекунанд.
-Ягонтоашон чӯбкорӣ кардааст?
-Аз кучо, ман гуфтам ку, мо ҳама дар хизмати ту… Гуфти туро иҷро мекунем.
Ҳоло корро надида ман ба ғам афтодам. Магарам як худам танҳо бояд ба ҷои панҷ кас кор кунам. Худам, се коргар ва як ҳақгир. Албатта ин кор бароям ҳеҷ маъқул набуд. Ҳеҷ не агар яке каме аз чӯбкорӣ дараке медошт, кор каме сабук мешуд.
Агар яку якбора не мегуфтам бароям басо осон мешуд, аммо хӯи мулоим доштаму намедонистам, ки чи кор кунам. Намехостам ин мардро, ки маро хешак мегирифт, хафа кунам. Мабодо дар ҳақиқат ягон хеши дури занак бошад бо ӯ дар деҳа байни мардуми деҳ вохӯрам ба ҳолати ногувор мемонам. Агар рози шавам, иҷрои кор бароям вазнин меафтод. Тарафи дигар корҳои сабуки худам аз мӯям зиёд буданд. Кори сарнакардаро ба таъхир андохтан мумкин аст, ки бо хешаку ёронаш якчоя кор кунӣ, вале кори нимбудро партофта намешуд.
-Ака, ман ҳоло кор дорам. Кори нимбуд. Партофта наметавонам.
-Кай коратро тамом мекунӣ?
-Шояд, се рӯз. Шояд чор рӯз, аниқ намедонам.
-Баъди се рӯз занг мезанам.
Тамом. Бе хайрухушкунӣ чун пешина телефон хомӯш шуд.
Соҳиби кори ман марди хубу аҷибе буд. Марди сарватманд, барои иҷрои орзуҳои хеш пулро дареғ намедошт. Сифати корам барояш маъқул шуду чи коре, ки дошт, бароям пешниҳод кард. Барои он ки корҳои фармудаи варо иҷро кунам, қисме пули маро махсус намедод, ки мабодо корашро партофта наравам. Барои ман бошад фарқ надошт, ки дар ин ҷо кор мекунам ва ё дар дигар ҷо, асос бароям ҳаққи корамро бидиҳанд. Ман боз аз паси кори худ шудам.
Се рӯз ҳам тез гузашт. Бо вуҷуди сахт кӯшиш карданам корҳои фармудаи соҳибхона тамом нашуданд. Ба ғам будам, ки хешакам занг зада дурӯғгӯям мебарораду аз ман хафа мешавад. Чи чавоб доданамро намедонистам.
Хешаки ман чун ваъдагӣ зангам зад. Ин маротиба бе салому алейк ба пурсидан сар кард.
-Коратро тамом кардӣ?
-Не, ака, натавонистам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, то дер кор кардам…-боқӣ суханам дар дахонам монд.
-Э, бирав гум шав! Ман туро одам гуфтаму лекин одам набудаӣ. Як бор сухан кардему нози бисёр кардӣ…Бо ман туро хешам гуфтаам. Садқаи хешигарӣ шав!
Телефон хомӯш шуд.
Ман бо даҳони кушода мондам.
-Э офарин, хешак, кӯҳи вазнинро аз дӯшам гирифтӣ...
Пас аз чанд вақт Исматҷони ҳамдеҳаи занамро дида дар бораи хешак пурсон шудам.
-Ман ӯро намешиносам. Тасодуф дар бозор дидам аз бачаҳо нишони ягон усторо мекофт. Ман рақами телефони туро додам, ки бекор бошӣ раву кор кунӣ. Ягон воқеа рӯй дод?
- Не, ҳама тинҷӣ. Серкор будам, натавонистам. Ту ӯро ҳозир бинӣ, мешиносӣ?
-Не, намешиносам…
Аз Исматҷон дур шудаму ин воқеаро хулоса кардам.
Афсӯс, бо хешакам шинос нашуда мондем…
Бахромбек

Комментарии 2

Урунбек Субхонов
Урунбек Субхонов
Хадафи хуб кардааст, хешаки ношиносатон, хуб хандидам, ташаккур!
11 дек
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    𝑴а͜͡н͜͡с͟у͜͡р͟ ™𝐋✓.
    𝑴а͜͡н͜͡с͟у͜͡р͟ ™𝐋✓.
    Ман безор аз ин хел хешак,
    Аз ин хешакда хуб бошад, як эшак. 🤣🤦
    12 дек
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 705Фото 21 386Видео 1 350Участники 25 117
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 705
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться