Дар қадимулайём, дар миёни як қавми кӯчманчӣ марде мезист, ки бо модари пираш, завҷааш ва кӯдаки хурдсолаш рӯз мегузаронид. Модараш он қадар пир шуда буд, ки гоҳ-гоҳ ҳушаш гум мешуд ва писарашро чунон сахт ба оғӯш мегирифт, ки мард дар назди мардум худро нороҳат ҳис мекард. Аз ҳамин рафтори модар шарм медошт.
Рӯзе қавм қарор кард, ки саҳар аз он ҷо кӯч банданд. Мард ба ҳамсараш гуфт:
— Занак, пагоҳ аз ин ҷо меравем. Ман қарор кардам, ки модари пирамро дар саҳро гузорам ва худамон равем. Ба назди модар каме хӯрок мон. Ман корҳои бисёр дорам, вақт надорам. Ин суханамро иҷро кун! Модари корношоямро дигар ҳамроҳам намебарам.
Занаш гуфт:
— Хуб, хоҷам… чӣ тавре мегӯед.
Саҳар, ҳанӯз торик буд, ки ҳама ба роҳ баромаданд. Мард модарашро дар миёни саҳро гузошта, бо қавм ҳаракат кард.
Нисфирӯзӣ, вақте қавм дар ҷое дам гирифт, мард ба занаш гуфт:
— Писарамро биёр, имрӯз ҳанӯз ӯро надидаам.
Зан ором ҷавоб дод:
— Писарат нест.
Мард ваҳмида пурсид:
— Чӣ тавр нест? Куҷо шуд писари яксолаи ман?!
Зан қатъий гуфт!
— Писаратонро бо модаратон гузоштам. Фарзанде, ки рӯзе падару модарашро дар саҳро мепартояд, ба мо лозим нест. Бигзор бе фарзанд гардем, вале рӯзе хӯроки ҳайвоноти ваҳшӣ нашавем.
Ин сухан мисли барқ ба дили мард зад. Дилаш лаҳзае аз задан монд. Ба худ омад, аспро савор шуду давида роҳеро, ки ним рӯз тай карда буданд, ба як нафас бозпас омад.
Одатан вақте ки кучманчиҳо аз ҷойе мерафтанд, ҳайвонҳои ваҳшӣ аз паси онҳо меомаданд, то аз боқимондаҳои хӯрокашон чизе ёбанд.
Вақте расид, аз дур дид, ки галаи гургон модару кӯдакашро иҳота кардаанд. Модари пираш кӯдакро ба оғӯш фишурда, бо тамоми қувват фарёд мезад:
— Даф шавед! Ман инро ба шумо намедиҳам! Ин фарзанди ҷигарбанди ман аст! Даф шавед!!
Мард бо тамоми кувват аспро тозонд, ба гургон ҳамла кард, якеро парронду дигарон аз қаҳру ҷасорати ӯ тарсида гурехтанд.
Вай аз асп фаромада, модарашро ба оғӯш кашид:
— Модарҷон, маро бубахш! Ман нокасӣ кардам…
Пас модар ва кӯдакро ба қавмаш баргардонд. Мард аз донишмандии завҷааш шукрона кард , ки ӯро ба роҳи рост овард.
ПАНД
Модар ганҷи беҳамто аст.
Модар нурест, ки Худованд барои роҳати дилҳои мо офаридааст.
Пирии модар норасоӣ нест — ин неъмати Худост, ки ба мо имкони хизмат, сабр ва меҳрубонӣ меомӯзад.
Модар — раҳмати Худост дар рӯи замин.
Пирии модар бори гарон нест — бори неъмат аст.
Он дастҳое, ки имрӯз меларзанд, як умр барои мо кор кардаанд.
Он чашмоне, ки имрӯз хуб намебинанд, солҳо ба мо бо муҳаббат нигариста буданд.
Ҳар касе модарашро эҳтиром кунад, рӯзияш файз меёбад.
Ҳар касе дили модарашро шиканад, рӯзаш сиёҳ мегардад.Пирсол шудан маънои корношоям шудан нест.
Пирсол шудан маънои он дорад, ки Худо ба ту имконият додааст ба гузаштаат хизмат кунӣ. Ба он касе, ки туро бузург кард.
Модар дар пирӣ мисли кӯдак нозук мешавад. Қувваташ кам мешавад, вале муҳаббаташ ҳамон муҳаббати аввал мемонад — муҳаббати поки беғараз.
Модарро нигоҳ доред, то Худо шуморо нигоҳ дорад.
Модарро эҳтиром кунед, то фарзандонатон шуморо эҳтиром кунанд.
Модарро дӯст доред, то муҳаббати Худо дар дили шумо равшан бимонад...


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3