Фильтр
МЕДОНӢ?
❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️❇️
Расад рӯзе, ки ҷон аз тан равад маҷбӯр, медонӣ?
Ба хок яксон гардад,нотавону зӯр,медонӣ?
Даруни хок мегарди, хӯроки мӯр,медонӣ?
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?

Агарчанде саховатпеша, ҳамчун Ҳотами Тоӣ,
Агар дар ҳусни худ чун ҳазрати
Юсуф зебоӣ.
Агар ҳамчун Сулаймон соҳиби ҷоҳиву дороӣ,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?

Агар ҳамчун Сино осеби мардумро даво дорӣ,
Агар чун Борбад овозаву савту
наво дорӣ.
Чу Қорун байни мардум бешуморе чорво дорӣ,
Касе чизе наметонад барад, бар гӯр,медонӣ?

Агарчӣ кибри ту андозааш то осмон бошад,
Агарчӣ хонаат зебову ҳавлият,
калон бошад.
Агарчӣ худрави ту арзишаш хеле гарон бошад,
Касе чизе наметонад барад,
Худоё, бадгумононро бидеҳ тавфиқи инсонӣ,
Бурун ҳаргиз магардон,аз хату марзи мусалмонӣ

Зи ботин аз куҷо, бар зоҳири мардум баҳо додем,
Зи дил чӣ бигзарад, мо бехабар, аммо ту медонӣ.

Зи шарри иблиси малъун раҳо кун фикри фосиқро,
Амалҳоро бикун ҳамчун каломи поки Қуръонӣ.

Шариъатро намон ҳар кас,ба хоси худ, диҳад оро,
Ҳақиқатро намо ҳамчун чароғи шоми зулмонӣ.

Қавӣ кун решаӣ имони ҳар фарди мусалмонро,
Кӣ зоти покиву бемисливу дорои имконӣ.

Нигаҳ дор, кулли дунёро ба изни хеш, ё Маъбуд,
Зи офатҳоӣ обу оташу тӯфону боронӣ.

Худовандо,гирифтӣ то кунун аз дасти Маҳкампур,
Раҳо ҳаргиз макун, то кӣ намонад дар парешонӣ.


✍️ Ҷамшед
Аё модар,ғамат ҳамроҳи ман шуд,
Давоми шодии кӯтоҳи ман шуд.
Рафиқи дарду ранҷу оҳи ман шуд,
Сари гӯрат зиёратгоҳи ман шуд.

Намебинам туро дар рӯйи хона,
Бинолам бо ҳазору як баҳона.
Бимурдам аз ғамат медони ё на?
Сари гӯрат зиёратгоҳи ман шуд.

Барои бахти ман гардида сарсон,
Гиристӣ модаро,аз дида пинҳон.
Надорад нур бе ту хонаву хон,
Сари гӯрат зиёратгоҳи ман шуд.

Замоне мешавам пазмони рӯят,
Биёям бо дили пурғам ба кӯят.
Фидои хандаву ҳарфи накӯят,
Сари гӯрат зиёратгоҳи ман шуд.

Чӣ ҳол дорӣ даруни гӯр, модар,
Ҳаётам бе ту талху шӯр, модар.
Шудам аз гиря кардан кӯр, модар,
Сари гӯрат зиёратгоҳи ман шуд.

Баро, аз гӯру манро гир, оғӯш,
Ба ҳарфои дили зорам намо гӯш.
Наметонам туро созам
Гарчӣ пеши ту бадгумон монам,
Ҳамчу сайде,ки дар нишон монам.
Зери сад таънаӣ гарон монам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.

Пешаи доими маро,мардӣ,
Дидааст оразам басо зардӣ.
Гарчӣ дори ту феъли номардӣ,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.

Феълу рафтори ту дигар гардид,
Ҳарфу гуфтори ту дигар гардид.
Ҷумлаӣ кори ту дигар гардид,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.

Пеши ту содаву гаранг монам,
Шишае зери зарби санг монам.
Менадони,ки чун паланг монам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.

Ҳаққи манро бихӯрдаӣ нокас,
Аз Худо тарс,ба қадри ёрон рас.
Чун уқобам, на мисли ту каргас,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.

Гарчӣ анҷоми ту дигар гардид,
Хонаву боми ту дигар гардид.
Мансабу номи ту дигар гардид,
Ман ҳамон буда
То ба кай,дар зиндагӣ саргаштаву овораам?
То куҷо, бечораву дар ҷустуҷӯӣ чораам?

Дар масири зиндагӣ омад шикасте пушти ҳам,
Бо тани нимҷонаму ҳам бо дили садпораам.

Мардии ғам аз ҳама номардиҳо болотар аст,
Чунки ғам ҳарҷо,ки рафтам, буд дар пуштораам.

Дӯстони хешро нафрӯхтам бар нархи ҷон,
Бар ду сомонӣ фурӯхтанд, ҳамчу оҳанпораам.

Навду нӯҳ дар сад агар дорад бароям эътимод,
Бар яке маҳқул намегардад, гаҳе истораам.

Баъди модар бар кӣ гӯям аз ғаму сӯзи дилам?
Хоки буду хок гардид,модари ғамхораам.

Дод гӯям, бо тамоми ҳастиям Маҳкампурӣ,
Бар Сурайё мерасад,фарёду оҳу зораам.

✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Ҳар касе бояд дар ин дунё бидонад ҷойи худ,
Қиммати худ, қиммати ҳастии дасту пойи худ.

Ҳеҷ кас ҳаргиз намедонад ба ҷуз Парвардигор,
Нақшаӣ ояндаи худ, қисмати фардойи худ.

Ҳаққи касро хӯрда бархе соҳиби манзил шуданд,
Чӣ ҷавобе медиҳанд,бар Холиқи яктойи худ...

Шахси мотамдида аз дунёи шодӣ бехабар,
Ғарқи дунёи ғаму андӯҳу вовайлойи худ.

Зиндагӣ озодӣ меорад баройи бандае,
Бигзарад вақте,ки дигар банда аз даъвойи худ.

Ҳамдиле пайдо накарда мешавӣ ғарқи хаёл,
Гиря бинмойи ҳамеша бо дили танҳойи худ.

Мегирад ҳар лаҳзаӣ умрат хумори модарат,
Аз куҷо пайдо намойи модари зебойи худ...

Ҳеҷ зоғеро надидам бо уқобе ҳамнишин,
Ҳар касе дӯстӣ кунад,пайваста бо ҳамтойи худ

Гаштаӣ аз зиндагонӣ х
Показать ещё