
Бархурд
Қисми 40
Чеҳраи Маматбой якбора дигар шуд. Ин савол ба нуқтаи нозуки ӯ расид. Ӯ ба ҳамсинфаш бо заҳрхандае нигарист, вале кӯшиш кард, ки исёни дарунашро нишон надиҳад.
— Саги ман ҳам, муҳофизи ман ҳам — мана ҳамин писаронам, — гуфт ӯ ба Сардор ва Суҳроб ишора карда. — Аммо ту аз куҷо медонӣ, ки хонаро оташ задаанд? Ё худат ёрдам додӣ?
— Девона шудӣ? Дар ҳама ҷо ҳамин гап-ку.
— Хона аз носозии техникӣ сӯхтааст. Касе оташ назадааст.
Аммо хаёли Маматбой дар ҷойи дигар буд. Ӯ дар байни издиҳоми гузар ҷустуҷӯкунон ба думболи тафтишгар мегашт ва ногаҳон чашмаш ба ӯ афтод. Пас, ҳар як қадами ӯро зери назар доранд.
— Дар атрофи хонаат милитсия хеле зиёд мегардад. Дар омади гап, раҳматии Олима ҳамсояи ман буд, агар дар ёдат бошад. Ду рӯз пеш яке омада гуфт, ки аз милитсия аст. Як-ду саволҳо дод-е...
Маматбой ҳушёр шуд:
— Чӣ гуфтӣ?
— Чӣ ҳам мегуфтам. Хеле зани хуб буд, тамоми қишлоқ ошиқаш буданд. Гуфтам, ки насиби Мамат будааст.
— Баъд-чӣ?
— Гуфтам, ки вай зане набуд, ки гурехта равад. Дар ҳақиқат ӯро дуздидаанд, шояд дуздида кушта бошанд. Лекин худаш нагурехтааст, ин аниқ.
Маматбой аз ин гап ба хашм омада бошад ҳам, чизе нагуфт.
— Ман ҳам ҳамин хел фикр мекардам. Лекин ӯ гурехт. Гуфтам, ки ҳайфи умри гузаштаам.
— Э намон-е, ҳамагӣ ду сол ҳамроҳ зиндагӣ кардӣ ё не? Баъди гум шуданаш ҳам дарҳол зан гирифтӣ.
Маматбой дигар нахост бо ин ҳамсинфаш гап занад. Бо баҳонае аз наздаш дур шуд. Фикр кард, ки агар набарояд, ҷоғу чаки ин одам қатъ намегардад.
Алӣ дар назди Сардор нишастааст. Аз чеҳраи Сардор пай бурдан душвор набуд, ки шавқу ҳавасаш ба зиндагӣ хомӯш гаштааст.
— Сардор, медонам, ки бароят хеле вазнин шуд. Аммо мард набояд ин тавр шикаста шавад. Ӯ маҷбур аст, ки қоматашро рост нигоҳ дорад.
— Алиии, ту маро хуб мешиносӣ-ку.
— Барои ҳамин ҳам мегӯям. Ба ту ин хел рӯҳафтода гаштан намезебад. Медонӣ, то ба ин дараҷа расиданам ман чиҳоро надидаам, вале инак, аз баҳраш баромадам. Ту ҳам метавонӣ.
Сардор нимхандае кард. Пас аз таоми хатми ош, домуло ба хондани оятҳои Қуръони карим шурӯъ кард. Атроф чун об ором гашт ва танҳо овози маҳзи домуло танинандоз буд.
Сардор ба хона баргашта, нав ба кӯрпача дароз кашида буд, ки дар телефонаш рақами Соҳиба намоён шуд. Дили ӯ лаҳзае тапид, вале зуд ҷойи онро нафрат гирифт. Ба телефон ҷавоб надод. Вақте бори дувум занг омад, тугмаи сабзро пахш кард.
— Чӣ мегӯӣ?
— Сардор-ака, фақат гӯширо нагузоред.
— Гап зан.
— Ман... ҳомиладорам. Шумо падар мешавед.
— Чӣ? Ба кӣ афсона хонда истодаӣ?
— Рост мегӯям. Ин кӯдак аз каси дигар нест. Аз шумост. Чормоҳа шудааст.
— Маро безовта накун.
— Магар ин қадар номард ҳастед? Фарзандатонро дар кӯча мепартоед?
— Эй фоҳиша, гапатро фикр карда зан!
— Кӯдак аз шумост. Агар хоҳед, ташхис кунед.
— Хӯш, чӣ кор кунам? Аз ман чӣ мехоҳӣ?
— Магар тақдири фарзандатон барои шумо ҷолиб нест?
— Не.
— Шумо... разил ҳастед.
— Ҳар чӣ гӯӣ, розиям. Дигар ба ман занг назан.
Сардор телефонро тамоман хомӯш карда, зери болишт гузошт.
— Наход ман падар шавам?
Сардор на танҳо фарзанддор шудан аз Соҳиба, балки дидани худи ӯро ҳам намехост. Акнун ин дарди сари нав аз куҷо пайдо шуд?
Ӯ ба фикр ғарқ шуд. Оё дар ҳақиқат кӯдак аз ӯст? Агар аз ӯ бошад, чӣ кор мекунад? Кӯдакро аз ӯ мегирад. Намешавад, ки кӯдакро дар дасти чунин зани бадном ва ахлоқаш вайрон гузорад.
То дергоҳ хобаш набурд ва нафаҳмида монд, ки кай чашмонаш баста шуданд.
Алӣ ниҳоят бо Зарнисо вохӯрд. Гумон накарда буд, ки духтарро ин қадар харобу афгор мебинад.
— Худатро хеле партофтаӣ.
Зарнисо сарашро ба шишаи мошин такя дода, оҳи сард кашид.
— Хеле фикр кардам, ки кош нафасам қатъ мешуду аз ин ҳама халос мешудам.
— Зарнисооо...
— Алӣ-ака... Шояд шумо одами хуб бошед, шояд не. Оё ба шумо як нотавоне мисли ман лозим аст, ки умедаш ба хок яксон шудаву болу параш шикастааст?
Алӣ бо дарду сӯз ба ӯ нигарист.
— Баъзе чизҳо ҳастанд, ки агар мо рад ҳам кунем, ҳамон тавр мешаванд, ки навишта шудаанд. Зеро Нависандаи он моҳир аст. Ҳамаашро ба дасти тақдир супор. Шояд беҳтаринаш ҳамин бошад.
— Ба сари оилаи мо пайи ҳам мусибатҳо омада истодаанд. То кай ин идома меёбад, намедонам. Аммо як чизро аниқ гуфта метавонам: падарам ба ҳар ҳол тавба намекунад. То вақте ки ӯ тавба накунад ва аз корҳои сиёҳаш даст накашад, ин кулфатҳо тамом намешаванд.
— Аз куҷо медонӣ, ки тавба намекунад?
— Падарамро нав надидаам. Аз даруни дилам чунон нафрате нисбат ба ӯ пайдо шудааст, ки медонед...
Зарнисо хомӯш монд. Гӯё дудила буд, ки бигӯяд ё не.
— Чаро хомӯш шудӣ?
Алӣ ба ӯ диққат медод.
— Ҳанӯз хоки модарам хунук нашуда, падарам барои худ маъшуқаи нав ёфтааст. Дирӯз нохост шунидам. Ин... ин даҳшат аст. Фаҳмидани он ки модарам барояш як пули пучак арзиш надоштааст, даҳшат аст. Барои он ки фардо ин рӯзҳо ба сари ман наоянд, ман дигар зиндагӣ кардан намехоҳам.
Алӣ ба фикр рафт ва баъд гуфт:
—Тарс.
— Чӣ? — Зарнисо аз гапи Алӣ ҳайрон шуд.
— Дар психология исбот шудааст, ки тарс маҳз ҳамон ҳолатеро, ки аз он метарсӣ, ба сарат меорад. Шуури инсон аз чӣ тарсад, ҳамонро фикр мекунад. Дар натиҷа бо он рӯ ба рӯ мешавад. Барои ҳамин бояд тарсро мағлуб кунӣ. Ту ҳоло метарсӣ, ки ба ҳоли модарат гирифтор шавӣ. Ин нишонаи он аст, ки шуурат он ҳолатро ҷеғ зада истодааст.Гапҳои Алӣ гӯё андаке дарди дили Зарнисоро пахш карданд, вале ҳақиқат дар бораи кирдорҳои Маматбой ба ҳар ҳол даруни ӯро мехӯрд. Ӯ ҳис кард, ки ҷараёни воқеаҳо боз ҳам печидатар мешавад. Хост ба сӯҳбат хотима бахшад.
Зарнисо дари мошинро кушода, пеш аз фаромадан ба Алӣ нигарист. Дар нигоҳи ӯ ҳам миннатдорӣ ва ҳам як пазмонии бепоён ҳувайдо буд.
— Раҳмат, Алӣ-ака. Вале тарс танҳо як хаёл нест, он дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, — гуфт ӯ ва зуд қадам зада, аз дарвоза даромад.
Алӣ фармони мошинро сахт фишурд. Ӯ ба тахмин кардан шурӯъ кард, ки "маъшуқаи нави" Маматбой кист. Наход ин одам аз ҳеҷ чиз ҳарос надошта бошад? Марги занаш, сӯхтани хонааш ва аҳволи хароби писараш ӯро боздошта наметавонанд?
Сардор вақте бедор шуд, сараш гуввус зада дард мекард. Сӯҳбати дирӯза бо Соҳиба барояш мисли хоб менамуд, вале рӯйхати "зангҳои қабулшуда" дар телефон тасдиқ мекард, ки ҳамааш ҳақиқат аст.
Пас аз шустушӯ, ҳатто ба нонушта нигоҳ накарда, рост ба назди Маматбой рафт. Маматбой дар ҳавли бо касе бо овози паст тавассути телефон гап мезад.
— Ҳа, гуфтам-ку! Ҳамаашро ҳал мекунам. Пул лозим бошад, медиҳам, фақат даҳонатро пӯшида гард... Маматбой писарашро дида, гапро тез бурид. Ҳа, Сардор? Чаро ин қадар барвақт хестӣ?
Сардор ба чашмони падараш нигарист. Дар ин чашмон на пушаймонӣ буду на ғам. Ӯ асло ба одаме намемонд, ки ҳамин дирӯз хонааш сӯхтаву ҳамсараш вафот карда бошад.
— Падар, Соҳиба ҳомиладор будааст, гуфт Сардор ногаҳон.
Чеҳраи Маматбой якбора дигар шуд, вале ин дафъа на хашм, балки як хандаи истеҳзоомез пайдо гашт.
— Шунида будам. Он тирранча дирӯз ба ман ҳам занг зад. Бовар накун, писарам. Вай мехоҳад туро ба дом афтонад. Худо медонад, ки кӯдаки ин хелҳо аз кист.
— Агар аз ман бошад-чӣ? — Сардор овозашро баланд кард. — Агар ӯ хуни ман бошад, магар ӯро дар кӯча мегузорам? Шумо ҳаминро мехоҳед? Магар мехоҳед мисли дигар чизҳои пинҳонкардаатон, инро ҳам нест кунед?
Маматбой ба писараш наздик шуд. Рӯяш аз хашм суп-сурх шуда буд.
— Ман барои ту, барои ин оила чиҳо накардам! Акнун барои як зани кӯчагӣ ба ман ақл ёд медиҳӣ? Агар гӯяд, ки кӯдак аз ман аст, зуд бовар мекунӣ? Пагоҳ рафта бо ҳамон Соҳибаат худам гап мезанам. Чунин менамояд, ки даҳони ӯро бастан лозим аст. Афташ, нақша дорад, ки бо баҳонаи кӯдак боз ба гардани ту овезон шавад.
Сардор аз ин қадар сангдилии падараш ба даҳшат афтод. Инсони беҳиссиёт, гӯё аз оҳан бошад. Оё ӯ асло дил дошта бошад?
Висола бо Суҳроб нонушта карда нишастаанд. Ҳарду рӯҳияи хуб надоранд.
— Ту ҳақ будаӣ.
Висола ба шавҳараш як нигоҳи тез афканд.
— Ин чӣ гуфтаатон?
— Манзурам ин ки, дишаб ман ҳам аз тарс хоби хуб надидам. Хона хеле кӯҳна буд. Фикр кардам, ки шояд домулеро ҷеғ занем, то Қуръон хонда дам андозад.
— Хуб фикр кардаед. Шояд баъд аз ин он овозҳо хомӯш шаванд.
— Асосан кай шунида мешавад?
— Дақиқ намедонам, ногаҳон мешунавам. Вале аниқ аст, ки овози зан аст.
Суҳроб ба фикр рафт. Дар кӯдакиаш ин ҷо ҳамчун анбор хизмат мекард. Модараш либосҳои зимистона ё тобистонаро он ҷо мегузошт. Аммо намехост, ки кӯдакон ба ин хона даромада бозӣ кунанд.
— Очаам ҳам намедонам чаро, ин хонаро бехосият мегуфтанд. Яке-ду бор гурба даромада, ба таври аҷиб миёв-миёв карда буд, барои ҳамин ҳамеша дарро қулф мекарданд.
— Магар дар ин ҷо ягон сирре ҳаст?
— Не, шояд дар ҷойи бад сохта шудааст? Бефайз аст ё чӣ, намедонам. Вале падарам бо зани аввалаш дар ҳамин хона зиндагӣ мекард.
— Ба ӯ чӣ шудааст?
Суҳроб ба кофтукови хотираҳояш шурӯъ кард.
— Мегӯянд, ки як шаб гурехта рафтааст. Ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд.
— Магар ин шуморо ҷолиб накарда буд? Шубҳанок нест?
— Намедонам, ин гузаштаи падарам аст. Ман он вақт ҳанӯз таваллуд нашуда будам.
Дар кушода шуд ва Маматбой даромад.
— Келин, оби ҷӯшида деҳ. Чанд рӯз боз зукомам (шамолхӯриям) асло гум намешавад.
Сардор ором нанишаст. Ҳарчанд падараш гуфта буд, ки "худам гап мезанам", ӯ ба ҳар ҳол аз раъяш нагашт. Ними рӯз гузашта буд, ки ба роҳ баромад.
Дар ҳоле ки Маматбой овораи корҳои дафтари кориаш буд, Сардор дар назди хонаи Соҳиба меистод. Дудилагӣ ӯро тарк намекард: дарояд ё не? Ниҳоят, дил ба дарё зада, занги дарро пахш кард.
Соҳиба дарро кушод. Чашмонаш варам карда, рӯяш канда буд. Сардорро дида, шах шуда монд.
— Омадед? — пичиррос зад ӯ.
— Мешавад дароям? Бояд гап занем... — дар овози Сардор бори аввал на нафрат, балки як навъ эҳсоси масъулият шунида мешуд.
Аммо ҳамин ки онҳо ба дарун даромаданд, ба телефони Соҳиба паёмак (СМС) омад. Паём аз Маматбой буд: "Агар бо Сардор вохӯрӣ, аз худат гила кун. Кӯдакат назоида, ятим мемонад".
Дастҳои Соҳиба ларзиданд ва телефон ба замин афтод.
— Чӣ шуд?
— Ҳеҷ чиз...
Соҳиба худро ба оғӯши Сардор партофт ва ба гарданаш овезон шуд.
— Шуморо хеле пазмон шудам.
Сардор бошад, беҳаракат меистод ва дар ӯ ҳеҷ аксуламале дида намешуд. Ҳеҷ чизро ҳис намекард. Диле, ки як вақтҳо аз ишқ оташ мегирифт, имрӯз ях баста буд.
— Маро пазмон нашудед?
Сардор дастҳои ӯро аз гарданаш гирифта, Соҳибаро аз худ дур кард.
— Медонӣ, ки кӯдак аз ман нест, ҳамин тавр-ку?
— Ӯ... аз шумост... Аз каси дигаре нест.
Дар чашмони Соҳиба ашк ҳалқа зад.
ИДОМА ДОРАД...
7 комментариев
18 классов
Бархурд
Қисми 26
Акнун ба падарам часпидӣ? Кореро, ки бо акаам кардӣ, дидам, акнун падарамро ҳамроҳ мекунӣ?
— Ҳа, маро ба ин ҳол падаратон оварданд.
— Соҳиба, шарм дор! Бубин, ки ба як пирамард чӣ хел тӯҳмат карда истодаӣ. Бори дигар аз ту дилам хунук шуд.
Сардор ба ақибаш нигоҳ накарда рафт. Ӯ дар ташвиши модараш буд. Худо накунад, ки модараш ин гапҳоро шунида, дилаш бардошт накунад.
— Агар ман аҳли маҳалларо ҷеғ занам, барои худат бад мешавад. Бинобар ин, худат баромада рав.
Соҳиба бо алам нигоҳ карду бархост.
— Барои шумо ҳам як балое ҳаст? Чӣ тавр ман хор шудам, барои шумо ҳам ҳаминро орзу мекунам. Худо ҷазоятонро диҳад.
Соҳиба ба ҳуҷрааш даромад. Мағзаш аз кор монда буд, намедонист чӣ кор кунад. Ба сумкааш либосҳои аз ҳама қиматро андохт. Тилловорӣ, пулҳое, ки рӯзи тӯй дар назди Сардор ҷамъ шуда буданд, сумкаи калонро пур карда, аз хона баромад. Ба ҳеҷ кас хайрбод нагуфт, касеро хабардор накард.
Суҳроб рафтани ӯро дида, ба назди модараш даромад.
— Оча.
— Биё, Суҳроб.
— Халал нарасондам?
— Не, албатта, биё.
— Оча, як савол дорам, оё шумо як духтари бадрафторро келин мекардед?
— Ин чӣ гап аст?
— Ҷавоб диҳед.
— Не.
— Оча, фақат ҳаяҷон накунед.
— Чӣ шуд, гап зан?
Зебо қариб буд, ки аз ҷояш бархезад.
— Келини наватон ба Висола корд кашидааст.
— А?
— Баъд худаш гуфтааст, ки бо Сардор зиндагӣ намекунад ва рафтааст.
— Девона шудӣ? Шумо бепарво тамошо кардед.
— Оча, чизе нагуед, агар ҳушаш ба ҷояш ояд, бармегардад.
— Келине, ки ҳанӯз даҳ рӯз нашудааст, а?
— Одамон чӣ мегӯянд?
Зебо-апа доруашро гирифта, оҳиста нӯшид.
— Одамон ҳамеша мегӯянд, мегӯянд. Биё, барои худамон зиндагӣ кунем.
Суҳроб дастҳои модарашро гирифт.
Соҳиба рост ба хонаи иҷорааш рафт. Агар аҳли хонаводаашон фаҳманд, тамом. Акаҳояш эҳтимолан хомӯш намеистанд.
Дар аввал хато кард. Бояд аввал нағз пурсуҷу мекард.
— Ҳазор лаънат, магар ман ин қадар аблаҳ ҳастам? Аз куҷо медонистам, ки ӯ писараш мешудааст. Агар медонистам, ки ин хел аст, ҳеҷ гоҳ ба шавҳар намебаромадам. Афсӯс, Сардор ба ман писанд омада буд. Аз он пирамард ҳазор бор беҳтар буд.
Соҳиба дарро қулф карду нишаст. Акнун чӣ кор мекунад? Ба аҳли хонаводаашон чӣ ҷавоб медиҳад? Агар акаҳояш фаҳманд, ӯро солим намегузоранд-ку?
— Чӣ корҳое кардам.
Соҳиба сарашро дошт. Баъд ба гиря даромад. Аз алам ба Маматбой занг зад. Боз ва боз занг мезад. Аммо аз он тараф ҷавобе набуд.
Лайло аз дидани ҷавоне, ки дар рӯ ба рӯяш пайдо шуд, як қад парид.
— Малиииик.
— Чаро он (ҷавони дигар) аз пасат мегардад?
Ӯ дасти духтарро бо ҷаҳл сахт гирифт.
— Чӣ мегӯед?
— Ӯ ба ту чӣ гуфт?
— Маро тинҷ гузоред.
Лайло дасташро бо шиддат кашида гирифт. Абдумалик бо чолокӣ боз дасти ӯро гирифт.
— Тинҷ гузошта будам. Агар лозим шавад, туро медуздам. Ба ҳар ҳол моли ман мешавӣ. Падари азизат ҳар чӣ қадар зиддият накунад, аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд.
Лайло бо чашмони пур аз ашк давида рафт. Магар ин ҷавон девона шудааст? Хеле дағал шудааст.
Малик бошад, нияти ҷиддӣ дошт ва дар ҳолате набуд, ки дар бораи чизе фикр кунад. Суханони Темур ба ӯ аслан таъсир накарда буданд.
Ҳозир ҳам ба хона бармегашт ва дид, ки модараш ба як нуқта дида духта нишастааст, ба ӯ раҳмаш омад.
— Оча.
— Биё, бачам
— Чаро ғамгинед?
— Агар... додарчаат зинда мебуд... Имрӯз шонздаҳсола мешуд.
Ба чашмони зан ашки талх омад.
— Оча, дар пешони набудааст.
— Ӯ маро дар ҷаннатҳо мунтазир мешавад.
— Медонам. Кани, ба хона даро, авқотатро кашида диҳам.
Малик бошад хуб гуфа, аз паси модараш рафт.
Зебо гапи Суҳробро накард. Ӯ мехост, ки оила мустаҳкам бошад, то оила вайрон нашавад. Вақте рӯз аз нисф гузашт, рақами қудояшро чид.
— Алло.
— Ассалому алейкум, қудо?
— Нагзен худатон тинҷен?
— Шукр, қудо. Соҳибахон нағз расидандми? Кори хуб нашудааст-да.
Чӣ гапҳо мегӯед? — Модари Соҳиба ҳайрон шуд.
— Келин қаҳр карда, ба хонаатон рафтанд.
— Вой мурам, рост мегӯед? Ҳанӯз наомадаанд-ку.
— Рост.
— Ман ба телефонаш занг занам-чи.
Қудояш (модари Соҳиба) зуд телефонро хомӯш кард.
— Келини бечора ба куҷо рафта бошад? Аз Сардор пурсам? Гуфта буд, ки хоб мекунам ва даромада буд. Ҳанӯз ҷавонанд, қаҳр мекунанду боз оштӣ мешаванд, — Зебо-апа инро гуфта, ба хондани китобаш идома дод. Шавҳараш бошад, "сарам дард мекунад" гӯён хоб буд.
Соҳиба дид, ки модараш занг мезанад, сир бой надода гӯширо бардошт.
— Алло.
— Дар кадом гӯр гаштаӣ?
— Ин чӣ гапатон?
— Хушдоманат гуфт, ки аз хона баромада рафтаӣ. Гӯрат дар лаҳад пусад, кай одам мешавӣ ту?
— Оча, чизеро нафаҳмида гап назанед.
— Ҳанӯз келини даҳрӯзаӣ, ин чӣ гап аст? Дар пеши мардум чӣ хел сар бардошта гардам?
— Одамон аз куҷо мефаҳманд, оча? Ман дар донишгоҳ хондан мегирам.
— Чӣ, ту дигар ба хонаи домод барнамегардӣ?
— Не, барнамегардам. "Талоқ" гуфт. Боз чӣ хел рарам?
— Вой мурам...
Бо ҳамин овози модараш хомӯш шуд. Соҳиба боз занг зад, вале ҷавоб набуд. Баъд рақами янгаашро чид.
— Алло, зуд назди очаам равед, аҳволашон бад шуд.
Инро гуфта, худаш ҳам аз хонаи иҷора баромада, ба тарафи хонаи падараш рафт.
— Илоҳо ба очаам чизе нашавад-да, — ӯ мерафту ҳушу ёдаш назди модараш буд.
Вақте Маматбой ба берун баромад, хона ором буд. Занаш мисли ҳамеша дар як ҷой нишаста буд.
— Дигарон кани.
— Суҳроб ба куҷое рафт. Сардор ба ҳуҷрааш даромад. Висола ҳам ҳозир рафт.
— Зарнисо ҳанӯз наомадааст?
— Не.
— Занг зан.
Маматбой аз чойник чой ба пиёла рехта нӯшид.
— Телефонаш хомӯш мегӯяд.
Соҳиба дар таксӣ мерафту ларзиши ангуштонашро боздошта наметавонист. Бо вуҷуди он ки медонист фишори хуни модараш баланд аст, аз рӯйи қаҳр тамоми гапро — «талоқ» шуданашро ба ӯ гуфта буд. Акнун ӯ ҳис мекард, ки на танҳо аз Сардор, балки аз хонаи падараш ҳам маҳрум шуданаш мумкин аст.
«Агар ба очаам чизе шавад, акаҳоям маро зинда ба гӯр мекунанд», — фикр мекард ӯ дар дил.
Вақте Соҳиба ба назди дарвоза расид, он ҷо мошини ёрии таъҷилиро дида, дилаш таҳ кашид. Оҳиста занги дарро зад. Янгааш дарвозаро кушод.
— Чӣ кор кардед, Соҳиба? Ба очаам чӣ гуфтед? — янгааш бо ранҷ ба ӯ нигоҳ кард.
— Ман... ман фақат... — Соҳиба гапашро тамом карда натавонист.
— Ба дарун на дароед, акаатон агар бинад, ҳозир шуморо мекушад.
— Чӣ шуда истодааст?
— Очаҷонам гиря доранд, ки шавҳараш талоқаш кардааст.
Соҳиба ба янгааш аҳамият надода, барои дидани модараш ба дарун гузашт.
Суҳроб ҳама ҷоро кофт, вале Зарнисо дар ҳеҷ куҷо нест.
Ҳатто наздикии соати 1:00-и шаб ҳам ягон натиҷа нашуд. Сардор ҳам ором нанишаста, тавассути шиносҳояш Зарнисоро меҷуст.
— Магар нагуфта буд, ки ба хонаи кадом дугонааш меравад? — Суҳроб боз ба Висола занг зада пурсид.
— Не.
— Хайр, майлаш.
Дили Суҳроб сахт метапид, вале камераҳои шаҳрӣ ҳам нишоне аз хоҳараш намедоданд.
— Ака, агар ба Зари (Зарнисо) чизе шуда бошад... — Сардор натавонист тарсашро ба забон орад.
— Ба ӯ ҳеҷ чиз намешавад.
Суҳроб гӯё бештар аз додараш худро таскин медод.
Маматбой ҳам ором набуд, ҷойе намонд, ки наҷуста бошад. Гоҳ ба писаронаш ва гоҳ ба хона занг мезад. Зарнисо дар ҳеҷ куҷо набуд.
Вақте Соҳиба ба ҳуҷраи модараш даромад, бӯйи доруву спирт ба димоғаш зад. Модараш сар ба болишт ниҳода, чашмонашро пӯшида мехобид.
— Оча... — Соҳиба оҳиста садо баровард.
Модараш чашмонашро кушоду нахост ба духтараш нигоҳ кунад ва рӯяшро ба тарафи девор гардонд.
— Гум шав... аз пеши чашмам дур шав, — гуфт ӯ бо овози хирросӣ. — Ту рӯйи моро сиёҳ кардӣ. Магар бо ҳамин ният туро ба шавҳар дода будем? Дар даҳ рӯз ронда шуда омадан чӣ гап аст?
Дар ин вақт дар бо шиддат кушода шуду акаи Соҳиба — Адҳам даромада омад. Чашмонаш аз қаҳр сурх ва муштҳояш гиреҳ буданд.
— Ифлос, ман ор мекунам, ки чунин хоҳар дорам! — Адҳам ба Соҳиба наздик шуд. — Ман ҳамаашро шунидам. Чӣ кор кардӣ, ки ӯ туро талоқ дод? Моро дар тамоми қишлоқ шарманда кардӣ! Мақсадат ҳамин буд?
Соҳиба аз хашми акааш тарсида, худро ба тарафи модараш кашид.
— Ман ҳеҷ кор накардам, ӯ маст буд! — дурӯғ гуфтан хост Соҳиба. Аммо Адҳам нияти ба ӯ бовар кардан надошт.
Акааш аз дасти хоҳараш кашола карда, ба рӯяш шапалоқе фаровард.
— Рав, ба хонаат баргард!
— Намеравам.
— Чаро намераваӣ? Агар падарам биёянд, туро зинда ба гӯр мекунанд.
Соҳиба хомӯшона нишаст. Баъд бархосту ба ҳуҷрае, ки замони духтариаш он ҷо мезист, гузашта дарро аз дарун қулф кард.
Рӯзи дигар ҳам аз Зарнисо дараке нашуд. Дахолати милитсия ҳам натиҷа надод.
Агар фикр мекарданд, ки касе барои пул ӯро дуздидааст, вале касе занг намезад. Дар ин ҷо гапи дигар буд. Фишори хуни Зебо чанд бор баланд шуд.
— Бас кунед янга, ин қадар зиқ нашавед. Зарнисо духтари калон аст. Акаам меҷӯянд, ҳозир меояд, — гапҳои дурушти Хумор ҳам ба гӯши Зебо намедаромаданд.
Суҳроб баъди андешаи зиёд ба Сардор гуфт:
— Магар ин кори аҳли оилаи занат (Соҳиба) нест? Шояд барои он ки ту ӯро фиреб дода партофтӣ, ин корро карда бошанд?
— Не, ман ин хел фикр намекунам.
— Охир ҳар хел хаёл ба сар меояд-да.
Суҳроб ба кашидани тамоку даромад. Аз он ки хоҳарашро намеёфтанд, худро ҷойи нишаст намеёфт.
Бегоҳии рӯзи дигар, ҳамин ки Маматбой ба хона даромад, занги дарвоза ба садо омад. Офтоб нишаста буд ва атроф қариб торик шуда буд. Маматбой аз дарвоза ба берун нигоҳ кард — касе набуд. Вақте мехост дарвозаро бандад, чашмаш ба духтараш афтод, ки зери пояш афтида буд. Дили Маматбой қариб буд аз тапидан бимонад.
Давом дорад...
15 комментариев
26 классов
Бархурд
Қисми 39
Садои он «шикастан» дар қафаси синаи Сӯҳроб гӯё сукунати тамоми хонаро барҳам зад. Ин дарди ҷисмонӣ набуд, балки нишонае аз чил-чил шудани охирин зарраҳои умед буд. Ӯ дастҳои сарди Висоларо миёни кафҳои худ гирифт.
— Кай? Чаро ба ман нагуфтӣ? — овози Сӯҳроб базӯр баромад.
— Мехостам шуморо эҳтиёт кунам ашки чашмони Висола дар торикӣ медурахшид. — Аммо ба ҳар ҳол, як рӯз мефаҳмидед...
Дар ҳамин вақт дар утоқи Маматбой телефон занг зад. Овози он дар тамоми хона танинандоз шуд. Танҳо пас аз ин зану шавҳар ба утоқи худ баргаштанд.
— Ҳеҷ гап нест. Ту танҳо дар ҳолати фишори рӯҳӣ ҳастӣ. Мо ҳануз соҳиби фарзандони зиёд мешавем.
Сӯҳроб дар ҳоле ки гулӯяшро чизе талх мехарошид, ин суханонро ба забон овард.
Беҳолӣ Соҳибаро тарк намекард. Ногаҳон аз фикре, ки ба сараш омад, ба даҳшат афтод.
— Магар ман ҳомиладорам?
Ӯ бо даст ба пешонааш зад. Не, ин мумкин нест. Охир, чӣ тавр ӯ ҳомиладор мешавад... Худоё, ӯ пеш аз шавҳар кардан назди духтур рафта буд-ку! Акнун чӣ кор мекунад? Наход дар ҳақиқат ҳомиладор бошад?
Бо вуҷуди беҳолӣ либосҳояшро пӯшид. Ба дорухонаи назди ҳавлиаш рафта, тести муайянкунии ҳомиладориро харид. Роҳ рафтан барояш хеле душвор буд. Бо азобе қадам зада, ба хонааш баргашт. Сабраш намонда, дарҳол ба санҷиш шурӯъ кард.
Якум, дуюм, сеюм, чорум ва ниҳоят, ҳанӯз дақиқаи панҷум нагузашта, дар тест ду хати суп-сурх намоён шуд.
Даҳшат тамоми вуҷуди Соҳибаро фаро гирифт. Ду хати сурх барои ӯ гӯё ҳукми қатл буданд. Бузургтарин тарси зиндагиаш ба ҳақиқат табдил ёфт. Соҳиба бо дастҳои ларзон тестро аз даст дода, ба замин афтонд. Нафасаш тез шуд.
— Имкон надорад... — пичиррос зад ӯ. — Охир, ҳамааш аз рӯи нақша буд-ку. Ё тақдир бо ман чунин бозии бераҳмона мекунад?
Ӯ бо такя ба девор оҳиста ба замин нишаст. Пеши назараш чеҳраи Сардор ва нигоҳҳои сарди Маматбой намоён шуданд. Ин ҳомиладорӣ на танҳо сирри Соҳиба, балки аввалин нишонаи тӯфони оянда буд.
— Кӯдак аз кист? Эй Худо, акнун чӣ кор мекунам?
Соҳиба мӯйҳояшро чангол зад. Пештар ҳам исқоти ҳамл (аборт) карда буд ва ин барояш гарон афтода буд. Ҳарчанд муддати ҳомиладорӣ хеле кӯтоҳ бошад ҳам, он вақт Соҳибаро хеле заиф карда буд. Ӯ дубора аз ҷояш хеста, рӯяшро шуст ва ба назди духтури шиносаш равон шуд.
Лайло дар осмони ҳафтум парвоз мекард; норозигии падараш барояш аҳамияте надошт.
— Лайло, ақаллан дар корҳо ёрӣ диҳӣ мешуд. Мудом сарат дар телефон.
Хумор бо зарда хамир мекард.
— Апа, чӣ кор кунам, агар пайваста занг занад?
— Духтар бояд боиффат бошад. Қадри худатро бидон. Дарҳол ба суханҳои ширинаш бовар накун.
Хумор ин гапҳоро дар ҳоле мегуфт, ки ба доми Ҳамза афтодани худаш ба ёдаш омад.
— Ин ё он чизро баҳона кун, то қадратро бидонад. Агар ҳар замон гап занӣ, шавқаш нисбат ба ту гум мешавад. Бинобар ин, масофаро нигоҳ дор.
— Апа, шумо бо дадам чӣ хел шинос шудаед?
— Худам ҳам намедонам. Нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр ба доми падарат афтодам.
— Лекин шумо хеле замонавӣ либос мепӯшидед.
Лайло хандаи кӯтоҳе кард.
— Ҳамин падарат маро адо карда истодааст. Гӯям, ки ба хонаам меравам, метарсам, ки мардум нагӯянд: «аз шавҳари дуюмаш ҳам ҷудо шудааст, худаш одами бад будааст». Боз хислати акаамро медонӣ, маҷбур мекунад, ки бо падарат зиндагӣ кунам.
Соҳиба пойҳои ларзонашро базӯр кашола карда, ба клиникаи хусусӣ ворид шуд. Духтури шинос рангу рӯи ӯро дида, дарҳол ба дарун таклиф кард. Дар утоқи ташхиси ултрасадо (УЗИ) танҳо садои тапиши дили ҷанин шунида мешуд.
— Соҳиба, ман ба ту пештар ҳам гуфта будам, — гуфт духтур пешонаашро чин карда. — Ин ҳомиладорӣ... ин масъулияти калон аст. Ҳомила чормоҳа аст. Аммо таҳлили хунат хеле бад аст. Шояд ягон сироят (инфексия) гирифта бошӣ.
Соҳиба сарашро гардонда, ба нуқтаи хурди рӯи экран нигарист. Аз кӣ? Аз Сардор ё... Мулоқоти охирин ва он шаби машъум, ки ба ёдаш омад, дилаш ях баст.
— Ман бояд онро дур кунам (аборт кунам), — гуфт Соҳиба.
— Ин дафъа метавонад охирин бошад, Соҳиба. Эҳтимоли 90% ҳаст, ки дигар фарзанддор нашавӣ.
— Ман намехоҳам таваллуд кунам.
— Ман худам ба Бой мефаҳмонам.
Соҳиба шикамашро пок карда, аз ҷой хест.
— Илтимос, ягон илоҷ кунед. Биёед ҳаминро нест кунем.
— Ҳомила калон шудааст, дилаш мезанад. Дигар аборт кардан мумкин нест. Баъд тамоми умр дар ҳасрати фарзанд мемонӣ.
Соҳиба аз ҳазм кардани ин хабар карахт шуд. Шояд Дамир ин кӯдакро қабул кунад?
Дар даруни Соҳиба гӯё чизе канда шуд. Сухани духтур дар бораи «90 фоиз» дар гӯшҳояш такрор мешуд. Ӯ ба он нуқтаи кӯчаки дар экран буда, ки ҳанӯз шакл нагирифта буд — ба он зарраи оҷизи зери дилаш — духта шуд.
— 90 фоиз?.. — овози Соҳиба ба пичиррос табдил ёфт. — Пас, ин охирин имкони ман аст?
Духтур айнакашро пок карда, оҳи амиқ кашид:
— Соҳиба, организми ту пас аз муолиҷаҳои қаблӣ хеле хаста шудааст. Агар ҳозир инро боздори кунӣ, ҷароҳатҳои бачадон шояд дигар шифо наёбанд. Аммо агар тасмими таваллуд кардан гирӣ ҳам, нӯҳ моҳ гӯё болои теғи корд қадам мезанӣ. Хунат хеле кам аст, сироят бошад, ҷанинро заиф мекунад. Бояд табобат гирӣ.
Соҳиба хомӯшона аз ҷой хест. Дар сараш танҳо як савол давр мезад: «Ин кӯдак аз кист?» Меваи шабҳои бо Сардор гузаронидааш ё натиҷаи муносибатҳои ишқӣ бо Дамир? Агар аз Сардор бошад, ин метавонад қалъаи наҷоти ӯ шавад. Аммо... агар аз каси дигар бошад, дардашро ба кӣ гӯяд?
Имрӯз дар гузар барои ҳазор нафар дастурхон ороста шудааст. Маматбой бо як ғурури хос, гӯё тӯй мекарда бошад, нишастааст. Вақте омадагон ба ӯ ҳамдардӣ баён мекарданд, ӯ танҳо бо ишораи сар ҷавоб медод. Ду писараш дар ду тарафи ӯ истодаанд. Ҷойҳои сӯхтаи Сӯҳроб бо дока баста шудаанд; ӯ ба хотири маросими модараш ноилоҷ омада нишастааст.
— Мамат, онҳоеро, ки хонаатро оташ заданд, ёфтӣ? — саволи ҳамсинфаш ба Маматбой хуш наомад.
— Ба ту чӣ?
— Охир, дасти ту ба ҳама ҷо мерасад-ку. Чаро дар ҳавлиат сагҳои калони муҳофиз нагирифтӣ, то шабона хонаатро оташ зада натавонанд?
ИДОМА ДОРАД...
7 комментариев
21 класс
Бархурд
Қисми 38
Дар бораи чӣ фикр карда истодаед?
Лайло Маликро, ки ғарқи хаёл буд, ба олами воқеӣ баргардонд.
— Дар бораи модарам фикр мекунам.
— Иншоаллоҳ, ба наздикӣ шифо меёбанд.
Малик оҳи сарде кашид. Кошки, ҳамон тавре мешуд, ки Лайло мегӯяд...
Зарнисо комилан ба доми навмедӣ афтода буд. Бо касе дуруст гап намезад, фақат дар кунҷи хона нишаста, хаёл сур мекард. Дари хонааш боз шуду Висола ворид гашт. Намедонам чаро, рангу рӯяш хеле канда буд.
— Зарнисо, метавонам аз шумо як чизро пурсам?
— Пурсед.
— Оё ба гӯши шумо... ягон овози гиря мерасад?
Зарнисо ҳайрон шуд.
— Кадом гиря?
— Намедонам, аз вақте ки ба хонаи кӯҳна кӯчидем, ин ҳолат давом дорад. Гӯё... як зан бо нолаву зории сахт гиря мекарда бошад.
Зарнисо лаҳзае ба рӯи паридаи Висола хира шуда монд. Дар чашмони ӯ тарс ва ларзишро ба хубӣ дидан мумкин буд.
— Не, ман чизе намешунавам, — гуфт Зарнисо оҳиста. — Шояд аз шамол бошад? Хона кӯҳна бошад, шикофҳояш бисёранд...
— Шамол нест! — Висола ба назди ӯ наздиктар омада нишаст. — Ин ҳуштаки шамол нест, Зарнисо. Гӯё аз байни деворҳо мебаромада бошад... Мудом гиря мекунад. Аниқ овози зан аст.
Бадани Зарнисо мурғак шуд. Ӯ дар бораи марги мармузи модараш ва он сӯхтор фикр кард.
— Лекин дар пушти хона боғи калон ҳаст. Ягон хонаи дигар нест, ки гӯем аз ҳамсояҳост.
— Ман танҳо барои он даромадам, ки пурсам, оё ин ба ман наменамояд?
— Ба падарам гуфтед? — пурсид Зарнисо.
— Агар ба падарат гӯям, мегӯянд, ки «дар беморхонаи рӯҳӣ мехобонам». Худатон медонед-ку, эшон ба ин хел чизҳо бовар намекунанд... — Висола гапашро тамом накарда, лабашро газид.
— Ин гапатон ҳам дуруст. Суҳроб-акам чӣ гуфтанд?
— Онҳо чизеро ҳис намекунанд.
Зарнисо аз ҷояш хеста, ҳамроҳи Висола ба тарафи хонаи ӯ равон шуд.
— Тарсида истодаед?
— Ин ҳолатро тарсу ҳарос ҳам гуфта намешавад. Ман нисбат ба ин гуна чизҳо тарс надорам. Ҳамон лаҳзае, ки ҷасади модарамро дар шифт овезон дидам, дилам санг шуда буд.
Зарнисо нахост захми янгаашро кобад. Бинобар ин, дигар савол надод. Ҳарду ба хона даромаданд.
— Овоз асосан аз куҷо меояд?
Висола дар ҳақиқат намедонист. Мешунавид, аммо намедонист, ки маҳз аз куҷост.
— Рости гап, ба ин аҳамият надодам ё ин ки садо аз як ҷои мушаххас намеояд.
— Янгаҷон, як гап мегӯям, натарсед. Шояд модарам... Ҳамон шаб ҳангоми сӯхтор ҳамин хел азоб кашида, рӯҳашон дар байн монда бошад?
Висола хомӯш монд. Чӣ тавр гӯяд, ки ҷасади хушдоманаш гӯё оташ надида бошад, солим буд? Шояд касе бовар накунад.
— Модарҷонам... Шумо фикр мекунед, ки онҳо сӯхтанд?
— Ҳа, хона сӯхта буд-ку.
— Аммо модарҷон не. Дар онҳо марги табиӣ рӯй дода буд. Ҳеҷ гуна осори сӯхтагӣ ҳам надоштанд.
Зарнисо пас аз азо бори аввал бо янгааш чунин сӯҳбат мекард.
Чашмони Зарнисо калон-калон кушода шуда, нафасаш дар дарун монд. Ҳавои хона гӯё тамом шуд ва олам аз ҳаракат монд.
— Чӣ хел? — овози Зарнисо ба пичиррос гузашт. — Охир он рӯз ҳама ҷо дар коми оташ буд-ку! Сардор-акам... акам гуфта буданд, ки бо дастҳои худ модарамро берун бароварданд ва аллакай дер шуда буд.
Висола ба тарафи тиреза нигоҳ кард. Дар берун зулмот ғализтар мешуд ва дарахтони боғ дар зери шамол гӯё мисли махлуқҳои ваҳмдор меларзиданд.
— Ман ҳам аз ҳамин ҳайронам, Зарнисо, — гуфт Висола. — Он рӯз ману Суҳроб-акатро ба носилка бор карданд. Лекин ман ҳамаашро дидам. Модарат гӯё ором хоб бошанд. На дар либосашон ва на дар мӯйҳояшон ягон осори сӯхтор набуд. Хона бошад, сӯхта буд... Гӯё оташ аз расидан ба он кас ҳарос дошт.
Дар гулӯи Зарнисо чизи талхе дармонд. Хомӯшии хона акнун дилашро фишурдан гирифт. ӯ ангуштони ларзони Висоларо сахт фишурд.
— Агар гуфтаҳоятон рост бошад... — овози Зарнисо ларзид, — пас, модарам дар байни аланга намондаанд. Эшон аллакай... ҷон таслим карда буданд. Аммо аз чӣ?
— Чунин нест, Зарнисо. Модарҷон ҳатто дар дохили он аланга ҳам насӯхтаанд. Оташ ба он кас наздик нашудааст. Гӯё... Худованд дар он ҳолат тани он касро ҳифз кардан мехост.
Зарнисо фурсати ҷавоб додан наёфт. Дар даҳлез садои қадамҳо ба гӯш расид. Ин Сардор буд. Аз қадамзаниаш бехобиву хастагӣ эҳсос мешуд. Ҳарду зан маънодор ба якдигар нигоҳ карданду сӯҳбатро қатъ намуданд.
Сардор дар остонаи хона намоён шуд. Сурхии чашмонаш ба хубӣ аён буд.
— Ҳануз ҳам хоб накардаед? — гуфт ӯ бо овози паст.
— Сардор-ака... — Зарнисо аз ҷояш хеста, ба бародараш наздик шуд. — Модарам... Он шаб, вақте ки модарамро берун баровардед, ба он кас ҳеҷ чиз нашуда буд?
Сардор лаҳзае шах шуда монд. Мушакҳои рӯяш андаке ларзиданд.
— Ҳа, ба ҳеҷ ҷои модарам оташ нарасида буд. Хелеҳо аз ин ҳолат ҳайрон шуданд. Як-ду нафар гуфтанд, ки ин мӯъҷизаи Аллоҳ аст. Шаби хуш.
Сардор қадамзанон ба хонаи охири даҳлез даромада рафт. Ӯ аз рӯзе, ки Соҳиба рафта буд, дигар намехост дар хонаи худаш шаб хоб равад.
Темур ба тараддуди тўй даромад. Сабаби ин каме вазнин шудани ҳолати ҳамсараш буд. Ҳамза боз пой фишурд (зиддият кард), вале ин дафъа бобои Шодмон бо асояш ӯро "фаҳмонд".
— Дафъ шав, ба ҳамон Маскават бирав!
Бо ҳамин ин мавзӯъ баста шуд. Аммо Хумор бо абрӯвони гиреҳкарда мегашт.
— Шумо ҳам бо ин ғур-ғуратон ба ҷон задед. Агар маъқул набошам, марҳамат, роҳи сафед. Кӯчаи калон!
Хумор ҳиқ-ҳиқ гиря кард.
— Акаам чӣ фикр мекунанд? Занашон мурдаасту шумо дарҳол тўй мекунед?
— Чӣ кор кунам? Вақте падарам мегӯянд, ки азо се рӯз аст. Сониян, то тўй ҳанӯз вақт ҳаст. Аз азо қариб ду моҳ мегузарад.
Фардо акаам ош медиҳанд.
— Ҳа, инро аз акаат интизор шудан мумкин. Чунки ӯ бояд кӣ будани худро ба мардум овоза кунад-ку. Кафолат медиҳам, ки дар вақти зинда будани занаш, ин акаат ӯро ба як пули сиёҳ намехарид.
Хумор хомӯш монд. Худи ӯ ҳам зани акаашро одам намеҳисобид ва борҳо бо таънаи "бемор" буданаш дили ӯро реш-реш карда буд.
— Нигоҳ кун, модарам хамир карда истодаанд. Рав, аз дасташон гир. Имрӯз пухтани нони тандуриро нағз ёд гир. Аз ин пас худат мекунӣ. Лайло ҳам, ки рафт, ба ҳар ҳол ҳама кор ба дӯши ту мемонад.
Хумор биниашро кашида, ба назди хушдоманаш рафт. Ба ӯ маъқул набуд, ки касе ба ӯ фармон диҳад ва хӯҷаинӣ кунад. Давраҳои беғамии худро ёд мекард.
Маматбой дар назди муфаттиш нишаста, сир бой намедод.
— Муносибати шумо бо марҳума чӣ гуна буд?
— Аз ин воқеа беш аз сию панҷ сол гузашт. Кофтани таърих чӣ лозим?
— Мо нишонаҳои он занро пайдо кардем.
Маматбой ҳушёр шуд.
— Аҷиб? Дар куҷо будааст?
Муфаттиш бо диққат ба ӯ хира шуда монд.
— Биёед, инро сирри тафтишот гӯем. Аммо то фош шуданаш чизе намондааст. Албатта, шуморо хабардор мекунем.
— Кошки ёфт мешуд. Ман ҳам аз ӯ саволҳои зиёде дорам.
— Аммо... мурдаҳо гап намезананд.
Аз рӯи Маматбой арақи сард давид.
— Астағфируллоҳ, додарам, чаро ин гапи хунукро мегӯед? Зани сип-сиҳатро ба мурдагон ҳамроҳ накунед. Шояд шавҳар карда, соҳиби фарзанду набера шуда бошад?
— Ҳамаашро ба наздикӣ мефаҳмед. Дар омади гап, оё бо Эркинова ягон бор баҳсу мунозира кардаед?
— Не. Ӯ хеле беозор буд. Бо ишқу муҳаббат хонадор шуда будам.
Муфаттиш дар дафтараш чизеро қайд кард.
— Дар бораи Зебо Ҳамидова-чӣ?
— Шумо ба ҳудуди шахсии ман ворид шуда истодаед. Як умр муҷаррад намегаштам-ку. Агар саволҳоятон тамом шуда бошад, бо иҷозати шумо, шуморо гусел кунам.
Хунсардии Маматбой нишон медод, ки ӯ ҳақиқатро пинҳон мекунад. Вақте муфаттиш аз хона баромад, Маматбой аз ҷояш хеста, ба назди тиреза омад. Хаёли ӯ ба дуриҳо, шояд ба ҳамон шаби машъуми си сол пеш рафта буд. Он шабро ҳеч кас фош карда наметавонад. Ӯ ба ин роҳ намедиҳад. Агар лозим шавад, ин муфаттишро аз роҳаш дур мекунад (нест мекунад).
Маматбой аз паси муфаттиш дарро қуфл карду ба он такя зад. "Мурдаҳо гап намезананд..." — ин гап дар гӯшҳояш садо медод. Агар он "мурда" гап мезад, аз шаҳомату салобати имрӯзаи Маматбой асар ҳам намемонд. Ӯ шитобон телефонашро ба даст гирифт. Ангуштонаш ларзида, рақами Сардорро чид.
— Сардор? — овози Маматбой гирифта баромад. — Тайёрӣ ба оши фардо чӣ хел?
Ӯ кӯшиш мекард, ки фикрашро дигар кунад.
— Хуб рафта истодааст.
— Нигоҳ кун, бояд дастархони ҳазорнафара бе камбудӣ ороста шавад. Тавре омода кунанд, ки ба обрӯи мо муносиб бошад.
— Хуб.
— Ҳа, дар омади гап ба хона бегонаҳо надароянд. Бо милитсияву пилитсия кордор нашав. Гӯй, ки "бо падарам гап занед" ва ба назди ман фирист.
— Хуб.
Маматбой телефонро хомӯш кард. Ӯ намедонад чаро, вале бисёр арақ мекард. Ҳис намуд, ки зуд хаста мешавад.
— Бояд асабҳоямро ором кунам. Усторо ба хона фиристаму худам (маъшуқаамро) гирифта, ба хориҷа равам-чӣ?
Баъд пай бурд, ки гулӯяш хирросӣ шудааст.
— Лаънатӣ, оби хунук нахӯрда будам-ку, ё хӯрдам? Уффф, ёд надорам.
Сипас аз ҷевонаш барои дарди гулӯ дору гирифта, макида нишаст.
— Дар назди "маьшуқаам" лоф зада будам, акнун зуком нашавам-да.
Вақт аз нисфи шаб гузашта буд, ҳама дар хоби ноз.
Имрӯз Висола ҳамаи корҳояшро ба анҷом расонида, дервақт ба хоб рафт. Чанд рӯз боз дар хона воқеаҳои аҷиб рӯй медиҳанд. Гӯё касе аз пасаш ӯро назорат мекард.
Аз сабаби хастагии зиёд нав чашмаш гарм шуда буд, ки ҳис кард касе кӯрпаро аз рӯяш кашид. Якбора хеста нигоҳ кард — дар хона касе нест. Баъд ба гӯшаш овози гиря расид. Оҳиста ба тарафи садо равон шуд.
Овоз аз он хонае меомад, ки хусураш намехост онро вайрон кунад. Тамоми ҷуръаташро ҷамъ карда, дарро кушод...
Дар даҳлез хомӯшии мутлақ. Чунон ором, ки ҳатто садои боли пашша шунида мешуд.
— Пештар хушдоманам ҳам мегуфтанд, ки ин ҷо бехосият аст.
Аз пасаш овози Суҳроб ба гӯш расид:
— Висола, чӣ шуд?
— Суҳроб-ака, аз вақте ки кӯчидем, як зан мудом гиря мекунад.
— Висола, ҳама чиз дар ҷояш-ку, кадом гиря?
Висола боз гӯш андохт.
— Ҳозир ором шуд. Лекин ӯ хеле аламнок гиря мекунад. Гӯё... Гӯё кӯмак металабад.
Суҳроб ҳамсарашро ба оғӯш гирифт.
— Ту хаста шудӣ ё ин ки воқеаҳои рӯйдода ба ту бад таъсир карда истодаанд. Эҳтиёт шав, ки ба кӯдак зарар нарасад.
Висола бо тааҷҷуб ба шавҳараш нигоҳ кард.
— Суҳроб-ака... Кӯдак... Ӯ нест.
Аз чашмонаш ду қатра ашк ҷорӣ шуд.
Суҳроб аз нигоҳи пураззоби ҳамсараш карахт шуд. Гапи Висола: "Кӯдак... Ӯ нест", гӯё ба сараш оби хунук рехта бошанд.
— Висола, худро ба даст гир! Чӣ мегӯӣ? Ҳамин дирӯз духтур гуфт-ку ҳамааш хуб аст! — Суҳроб китфҳои ӯро сахт дошт.
Аммо Висола дасташро ба шикамаш гузошта, оҳ кашид. Лабҳояш ларзида, пичиррос зад:
— Ӯро ҳифз карда натавонистам. Он сӯхтор ӯро аз мо гирифт.
Дар ҳамин лаҳза чароғи охири даҳлез лип-липкунон хомӯш гашт ва ногаҳон тамоми хона дар зулмот ғарқ шуд. Боди сарде аз куҷое вазида, табақаҳои дарро бо садои ғичиррос ҷунбонд. Суҳроб ҳамсарашро ба бағал пахш кард, вале ҳис намуд, ки дар дилаш чизе канда шуд ё шикаст... ва ин аниқ устухон набуд.
ДАВОМ ДОРАД...
11 комментариев
27 классов
Бархурд
Қисми 37
Висола бо дили ларзон ва ҳаросон ба атроф нигарист. Дар хона ба ғайр аз ӯ касе набуд, аммо дар ҳаво гӯё нигоҳи касе ҳис мешуд. Ӯ ба деворҳо наздик шуда, гӯш андохт. Овоз дигар шунида намешуд, лекин ҳавои хона якбора хунук шуда рафт.
— Тавба, нахот дар хона касе ё чизе бошад? — пичиррос зад ӯ ва китфҳояшро ҷамъ кард.
Аз хонааш ба даҳлез баромад.
Дар ҳамин вақт аз назди дарвоза овози мошин омад. Суҳроб ва Сардор аз қабристон баргаштанд. Аз чеҳраи ҳардуяшон аён буд, ки рӯҳияи хуб надоранд. Суҳроб ҳангоми ворид шудан ҳис кард, ки хона бефайз гаштааст; ҳар қадамаш холӣ будани ҷойи модар ва набудани гармии ӯро ёд меовард.
— Висола? — садо кард Суҳроб бо овози гирифта.
Висола давида баромад. Рангаш кандаву дастҳояш меларзиданд.
— Омадед? Нағз рафта омадедми? — гуфт ӯ кӯшиш карда, ки худро ба даст гирад.
Суҳроб ҳолати занашро дида, шах шуда монд.
— Тинҷӣ ми? Рангат паридааст... Чӣ шуд?
Висола намедонист чӣ гӯяд. Агар ҳозир гӯяд, ки "овози гиряи касеро шунидам", Суҳроб ё ӯро "руҳӣ" мебарорад ва ё дили пури дардашро боз ҳам хун мекунад.
— Ҳамин хел... монда шудам. Хонаҳоро ғундошта, андак чашмам рафтааст, — гуфт ӯ.
— Майлаш, Зарӣ канӣ?
— Аз хонааш набаромадааст.
Суҳроб ба тарафи хонаи хоҳараш рафт. Дарро оҳиста кӯфта, даромад.
— Акооо!
Зарнисо Суҳробро дида, худро ба оғӯши ӯ партофт ва бо гиряи талх нола кард.
— Хоҳарҷонам, як каф гӯшту пӯст шуда мондаӣ-ку?
— Акооо, очаам моро партофта рафтанд... Акнун очаам нестанду...
Суҳроб мӯйҳои хоҳарашро сила карда, ӯро тасаллӣ медод, вале дар даруни худаш ҳам гӯё чизе канда мешуд. Гиряи ҷигарсӯзи Зарнисо ба захми дили Суҳроб намак мепошид.
— Гиря накун, Зарӣ... Очаам моро дида истодаанд. Агар ин қадар гиря кунӣ, руҳи он кас ноором мешавад, — гуфт Суҳроб, ҳарчанд худаш ҳам ба ин гапҳо то куҷо бовар карданашро намедонист. Гулӯяшро буғз гирифта буд ва худро зӯр нигоҳ медошт.
Зарнисо сарашро аз синаи акааш бардошта, бо чашмони пур аз ашк ба ӯ нигарист.
— Ако, сӯхтори хона... ин шунидам, ки тасодуф нест. Шумо чизеро медонед? Очаам чаро он рӯз аз хона баромада натавонистанд? Охир онҳо сип-сиҳат буданд-ку! Чӣ хел баромада натавонистанд? Боз дар ҳам қулф набуд.
Нигоҳи Суҳроб якбора дигар шуд. Ӯ китфҳои Зарнисоро сахт дошт.
— Ҳамаашро маълум мекунем, хоҳарҷон.
— Ако, ин дафъа касе намирад. Дигар тоқат надорем.
Корманди корҳои дохилӣ аз байни папкаҳои кӯҳна як парвандаи ҷиноии нокушодаро ба даст гирифт.
— Амин ҳастӣ?
Сардораш ба ӯ бо диққат нигарист.
— Ин дафъа хато намекунам.
— Маматбой хеле айёр аст. Ҷасади он занро то ҳол касе наёфтааст.
— Шоҳидон мегӯянд, ки ӯ зане набуд, ки гурехта равад. Фикри бисёриҳоро хондам. Маматбой бошад... гуфта буд, ки гӯё вай зани сабукпо аст ва барои он ки ба обрӯяш зарар нарасад, хоҳиш карда буд, ки гапро овоза накунанд.
— Аз ин бармеояд, ки...
Сардор ба фикр ғарқ шуд.
— Агар Маматбой қотил барояд ҳам, ҳайрон намешавам.
— Лекин инро исбот карда наметавонӣ.
— Сӯхтори дирӯза ҳам ба назарам сохта менамояд. Бароям чизи аҷиб ин аст, ки Зебо Ҳамидова маҳз пас аз он ки молу мулкашро ба номи шавҳар ва духтараш гузаронд, вафот кард. Ин ҳодиса рӯзи дигараш рӯй дод. Магар ин ба шумо чизеро намегӯяд?
Алӣ бо Маматбой дар бораи ҳамкорӣ сӯҳбат мекунад.
— Бойако, ҳудуди худатон бе он ҳам калон аст. Моли аз уйғурҳо меомадаро ба ман вогузор кунед.
— Алӣ, ту талаби хеле калон намекунӣ?
— Не, албатта, ин созишномаи дуҷониба аст. Охир, ман барои он ки духтари шумо мисли маликаҳо зиндагӣ кунад, кӯшиш карда истодаам.
Маматбой хомӯш монд.
— Медонӣ, дар пеш хароҷоти калон дорам. Бояд хонаамро аз нав таъмир кунам.
Алӣ хандид:
— Ҳардуи мо ҳам хуб медонем, ки боигарии шумо марзу ҳудуд надорад. Бинобар ин, биёед дар ин бора баҳс накунем.
Маматбой сир бой надода, хомӯш нишастан гирифт. Хаёли ӯ дар мулоқоте буд, ки пас аз баромадан аз ин ҷо баргузор мешуд. Имрӯз бояд ба дидори маъшуқаи наваш рафта, хумори дил бишиканад. Аз бозори телефон як "Айфон"-и тамғаи охирин мегирад. Ба ӯ ваъда додааст.
Алӣ бошад, ӯро зери чашм мушоҳида мекард. Медонист, ки ҳушу ёди Маматбой дар ҷойи дигар аст.
— Майлаш, вақти шуморо нагирам. Ман рафтам.
— Хайр, телефонӣ гап мезанем.
Маматбой бепарвоёна даст афшонд. Алӣ ҳангоми баромадан, беихтиёр ба ҳуҷҷатҳои рӯи миз чашм давонда гузашт.
Пас аз баромада рафтани Алӣ, Маматбой аз сейфи дафтари корияш чанд даста доллар ҳисоб карда гирифт.
— Мана, ҳамин қадар басанда бошад. Ин духтар ҳам аҷаб маккор баромад-а. Аввал тӯҳфаро мепурсад, баъд мегӯяд, ки корро оғоз мекунем.
Маматбой ба атроф нигоҳе афканда, сейфро дубора қуфл кард ва ба кӯча баромад. Дар мошини сип-сиёҳаш нишаста, ба Шаҳина занг зад.
— Алло.
— Ассалому алайкум, — овози духтар шунида шуд, ки бо хандаи сохтаву эркаёна салом медод.
— Дар куҷоӣ? Имрӯз меҳмонхонаро гап зада мондаам.
— Ман ба хонаашон меравам, гуфта, ба назди шумо меравам. Гӯед, ки кадом меҳмонхона?
— Ба "Само" биё, — гуфт Бой бо чашмони дурахшон.
— Меравам. Аммо он чизеро, ки гуфта будам, гирифтанро фаромӯш накунед. Ҳамон ранге, ки хоста будам.
— Майлаш, духтарҷон, як "Айфон" аз ту садқа шавад.
— Хуб, пас ман тайёрӣ бинам.
— Атри ҳархела назан, ман атрро дӯст намедорам.
— Хуб.
Пас аз қатъ шудани тамос, Маматбой мошинашро ба тарафи мағозаи телефонфуруши ҳай карда рафт.
Темур бо занаш дар хонаи арӯсшаванда ба хостгорӣ нишастаанд. Ҳамза бошад, гӯё даҳонашро бо мум баста бошанд, хомӯш буд.
— Шодмон-бобо, барои хостгорӣ омадем. Худатон медонед, писарам набераи шуморо дӯст дошта мондааст. Ин дафъаи сеюм аст, ки омаданам.
— Туро хуб мешиносам, Темур. Агар духтар диҳам, ба бачаи марде мисли Малик медиҳам-да. Ман розӣ.
— Падар...
— Ҳамза ҳам розӣ аст. Вай фақат мегӯяд, ки духтарам ҳанӯз ҷавон аст.
Соро он чиро, ки дар дилаш мегузашт, ба рӯяш намебаровард. Ӯ дар ду дунё ҳам намехост, ки духтари занеро, ки бо шавҳараш робитаи пинҳонӣ дошт, ба писараш келин кунад.
Канӣ, омин, ду ҷавон хушбахт шаванд!
Шодмон-бобо нонро ба даст гирифта шикаст. Темур, ки дар ҳаросу тарс буд, дилаш равшан шуд. Ӯ ҳанӯз ҳам аз Ҳамза метарсид. Медонист, ки Ҳамза метавонад коре кунад. Акнун бошад, вақте риштаҳои қудоӣ баста мешаванд, ҳама чиз ба изи худ меафтад.
Лайло чой оварда даромад. Бо дастҳои ларзон чой рехта, ба меҳмонон дароз кард. Соро аз ӯ чашм намеканд. Лайло маҳз нусхаи худи Севара буд. Гӯё модарашро рехтаву часпонда бошанд. Эҳтимол, насли инҳо бо зебоии худ ҳуши мардонро мерабоянд.
Маматбой мӯйҳои Шаҳинаро сила карда менишаст.
— Мӯйҳоят хеле дарозанд... Ба ман маъқул шуд.
Духтар риши ӯро дошта, андак кашид.
— Шумо, шояд аз падарам ҳам калонтар бошед?
Маматбой хандид.
— Ҷонам, ишқ синну сол намешиносад. Боз ҳам, нерӯву қувватам дар ҷояш аст. Ба даҳ ҷавон ҷавоб дода метавонам.
— Ҳммм...
Шаҳина кока-кола рехта нӯшид.
— Худат чаро розӣ шудӣ?
Чеҳраи духтар якбора ғамгин шуд.
— Ман... як ҷавонро дӯст медоштам. Оилаи мо бой нест. Баъд, ҳамон рӯзе, ки бо шумо вохӯрдам, тӯи он ҷавон буд. Ман бошам сарсону саргардон, пиво нӯшида кӯчаҳоро мегаштам. Аз бахти ман шумо вохӯрдед.
— Аз бахти ту-я? — Бой боз хандид.
— Ҳа, аз бахти ман. Мана, соҳиби "Айфон" ҳам шудам.
Духтар телефони навро дар дасташ бо меҳр сила кард.
— Ту аз ин ҳам бештар лоиқ ҳастӣ.
Дар чашмони духтар ашк ҳалқа зад.
— Ӯро хеле дӯст медоштам. Маро ба худ баробар надиданд. Гӯед, магар ман бадам? Ба духтари бад монандам?
Маматбой вуҷуди нозуки ӯро бо ҳирс оғӯш кард ва ба гӯшаш бо ҳаяҷон пичиррос зад:
— Не ҷонам, ту аз ҳама зӯрӣ. Ҳозир инро ба ту исбот мекунам.
Ӯ ба тугмаҳои куртаи духтар даст дароз кард.
Ҳамон лаҳзае, ки Маматбой ба тугмаҳои куртаи Шаҳина даст мебурд, телефонаш дар ҷайбаш беист занг задан гирифт. Кӯшиш кард, ки аҳамият надиҳад, аммо занг гӯё қасдан қатъ намешуд.
— Лаънатӣ! — ғур ғур кунон Маматбой ва аз духтар дур шуда, телефонро гирифт. Номи рӯи экранро дида, ҷойи ҳирсро дар чеҳрааш якбора хавотир гирифт. — Алӣ? Ин барои чӣ занг мезанад? Ҳанӯз аз рафтанат бисёр нашуда буд-ку?
Ӯ ба Шаҳина ишораи "хомӯш бош" кард ва ба каноре гузашт.
— Гап зан! Тинҷӣ ми?
— Бойако, тинҷӣ нест, — овози Алӣ ғалатӣ буд, гӯё пичиррос зада гап мезад. — Дар назди офисатон "хитҳо" кормандони мақомот пайдо шуданд. Ман ҳанӯз дур нашуда будам, ки дидам. Эҳтимол, шуморо боз пурсуҷӯ кунанд.
— Боз чӣ шуд?
— Гӯё дар бораи кори Эркинова "нӯги ришта" пайдо шудааст. Як-ду шиносам ба ҳамин ишора карданд. Хулоса, эҳтиёт шавед.
Нафаси Маматбой дар дарунаш банд шуд.
— Майлаш, ман кори зарур доштам.
Маматбой телефонро хомӯш кард. Баъд арақи рӯи мизро ҳатто ба қадаҳ нарехта, якбора сар кашид.
— Мехоҳам ҳамаашро фаромӯш кунам.
Ӯ духтарро ба тарафи худ кашид.
Лайло ва Малик хеле хурсанданд.
— Ниҳоят... Ин рӯзро дер боз интизор будам.
— Дадам намедонам чаро, гӯё розӣ набошанд.
Малик сир бой надод:
— Ӯ туро аз ман рашк мекунад. Ман туро хушбахттарин инсони дунё мекунам.
Лайло ба ӯ бо табассум нигарист.
— Ба шумо бовар дорам.
Малик ба ӯ мармуз табассум кард. Лайло бошад, инро пай набурда, дар осмони ҳафтум парвоз мекард.
— Мактаб ҳам тамом шуд. Мехоҳам ба ҷое ҳуҷҷат супорам, — гуфт Лайло бо шармгинӣ.
— Лайло, азизам. Дар паҳлуи ман бошӣ, кифоя аст. Вақте фарзандонамон калон шуданд, баъд дар ин бора фикр мекунем.
Дар асл, ҳозир дар бораи таҳсили Лайло гап задан мумкин набуд. Сабаб он буд, ки модараш бемор аст ва келин бояд ба хушдоманаш нигоҳ кунад. Ин ки Лайло ба хондан равад, ба нақшаҳои онҳо тамоман мувофиқ намеомад.
Давом ДОРАД...
6 комментариев
17 классов
Бархурд
Қисми 36
Чаро ба ман ин хел нигоҳ мекунед? — гуфт Маматбой биниашро кашида. — Тақдир будааст, ҳар чӣ дар пешонаамон буд, дидем. Агар модаратонро... агар модаратонро наҷот медодем, ин хонаву дар ҳам...
Сардор ба чашмони падараш тик нигоҳ кард. Дар нигоҳи ӯ ба ҷуз нафрат дигар ҳеҷ чиз намонда буд.
— Дар фикри хона ҳастед, дада? Модари бечораам дар ин зиндагӣ рӯзи хуш надида рафт, қурбони касофати шумо шуд, — овози Сардор сард баромад. — Модарамро ба ёд наоред. Шумо ҳақ надоред номи ӯро ба забон гиред.
Ниқоби сохтаи ғам дар як лаҳза аз чеҳраи Маматбой гум шуд. Рӯяш мисли санг шах шуда, чашмонашро қисид.
— Чӣ мегӯӣ? Ту ҳанӯз ҷавонӣ, зиндагиро намефаҳмӣ. Ҳамааш барои шумо буд... Ҳаракат кардам, ки шумо камбудӣ надошта бошед.
— Шояд ба ман фаҳмонед, ки чаро ҳангоми баргаштан ба ватан ба мушкилиҳо дучор шудам ва маро дар он ҷо (хориҷа) нигоҳ доштанд? — пурсид Ҳамза.
— Ҳамза, худат кӯмак пурсидӣ, ки рафтан мехоҳӣ. Ман кӯмак кардам. Омада натавонистанат айби худат аст.
— Чӣ мегӯӣ, Мамат?
— Ҳамза, моне, гузаштаро кофтуков накун. Бигзор муносибатҳоямон вайрон нашаванд. Ҳар чӣ бошад, духтарат келини ман аст.
Маматбой ба ҳадаф зад. Дар ҳақиқат, акнун ҳеҷ чизро ба ақиб гардонда намешуд. Ҳамза намехост ҳаёти духтарашро ба хатар гузорад.
— ХАйр, агар ба асли матлаб гузарем, дар рӯзи "ҳафт"-и Зебо дар гузари маҳалла барои сад нафар оши худоӣ медиҳем.
Сардор ба падараш бо аҷаб нигоҳ кард.
— Аслан дар хона мекардам, вале аҳволи хонаро мебинед. То ин ҷоро боз одам кардан вақт лозим.
— Ба ин қадар одам ош дода, чӣ кор мекунӣ? — Ҳамза ҳайрон монд. ӯ, ки аллакай хислатҳои русӣ пайдо карда буд, ин чизҳоро оворагарии зиёдатӣ медонист.
— Ҳама медонад, ки ман кистам. Нагӯянд, ки зӯраш ба як ош нарасид.
Суҳроб ниҳоят ба тақдир тан дод. Ҳарчанд дилаш барои гум кардани модар месӯхт, вале чорае ҷуз худдорӣ надошт.
— Телефонам куҷост?
— Намедонам. Қисми зиёди он ҳуҷрае, ки шумо хоб будед, сӯхтааст.
— Ман бояд Сардорро бинам.
— Онҳо бо омадурафти мардум овораанд.
Суҳроб бо заҳмат аз ҷояш хеста, ба назди тиреза омад. Дасту рӯяш бо бинт печонида шуда буд ва ҳар як ҳаракат ба ӯ азоб медод. Ҳамон лаҳза дари палата кушода шуд ва Сардор даромад. Ду бародар дуру дароз ба якдигар нигоҳ карда монданд.
— Акаҷон... — овози Сардор гирифта буд.
Суҳроб бо дасти солимаш ба китфи ӯ зада, ба оғӯш кашид. Касе, ки гиряи бесадои ин ду ҷавонро медид, дилаш об мешуд. Висола низ аз ин манзара ашк рехт.
— Модарамро наҷот дода натавонистӣ? — пичиррос зад Суҳроб.
— Мебахшед, ака... Дер расидам, — гуфт Сардор ашкашро пок карда.
— Кӣ... Киҳо будаанд?
— Намедонам. Дар ин ҷо ду ҳолат ҳаст. Ё касе ин корро барои падарам (ба хотири ӯ) кардааст, ё касе бохабар шуда, падарамро аз хона дур бурдааст (то танҳо зану фарзандонаш бошанд).
— Фақат аз ин ҷо бароям, рӯзи ҳамаашонро нишон медиҳам. Агар аз таги замин бошад ҳам, меёбам.
— Ака, лозим нест. Магар мехоҳед, ки тақдири падарам боз такрор шавад?
— Чӣ, ба онҳое, ки модарамро оташ заданд, чизе нагӯем? Ақлат дар ҷояш аст, Сардор?
— Ака, ҳозир муҳимаш ин нест. Бояд сари риштаро ёфта, ба решаи ин кор табар занем. То кай мо барои гуноҳҳои падарам боҷ медиҳем? Ҳоло хомӯшӣ беҳтарин роҳ аст. Бояд худро тавре нишон диҳем, ки гӯё ба вазъият одат кардаем ва барои зарбаи асосӣ омода шавем.
Алӣ Зарнисоро бо азобе ба мошинаш, ки дар берун буд, даъват кард. Духтар аз ғам тамом шуда буд.
— Зарнисо, ҷон аз Аллоҳ аст, диҳанда ва гиранда ҳам Худаш аст. Аз дасти банда ҳеҷ чиз намеояд.
Зарнисо мегирист. Ашкҳояшро боздошта наметавонист.
— Гиря накун, магар мехоҳӣ, ки модарат (дар он дунё) азият кашад?
— Алӣ, ба ман кӯмак кунед.
— Чӣ хел кӯмак?
— Барои ёфтани онҳое, ки хонаамонро оташ заданд. Дасти шумо ба ҳама ҷо мерасад-ку. Илтимос аз шумо.
Алӣ ба Зарнисо нигоҳ карда монд.
— Зарнисо, ҳоло вақти дода шудан ба эҳсосот нест, — гуфт Алӣ овозашро паст карда. — Агар дар ҳақиқат касе хонаро оташ зада бошад, пас онҳо одамони хеле хатарноканд. Намехоҳам ту омехта шавӣ.
— Барои ман ҳеҷ чиз намонд, Алӣ! — овози Зарнисо хирросӣ баромад. — Модарамро ба хок супоридем, хонаамон хокистар шуд. Аз шумо илтиҷо мекунам...
Алӣ оҳи вазнине кашид ва ба берун аз оинаи мошин нигоҳ кард.
— Ба ман бовар кун, худам ҳал мекунам.
— Ягона шахси наздикам дар ин дунё вафот кард. Агар падарам мемурд, ин қадар намесӯхтам.
Алӣ бо ҳайрат ба ӯ нигоҳ кард.
— Чаро?
Зарнисо рӯяшро гардонд. Нахост гӯяд, ки он шахсе, ки зиндагии ӯро барбод дод, кист ва падараш сабабгори ҳамаи ин аст.
— Зарӣ, ту аз ман чӣ розеро пинҳон мекунӣ?
— Ҳеҷ чиз.
— Аммо ман фикр мекунам, ки чизе ҳаст, ки ман бояд донам.
Агар мехостам, ки шумо бохабар шавед, худам мегуфтам. Аммо лозим нест.
— Худро эҳтиёт кун. Ба кӯча набаро. Ё ин ки... бо баҳонаи он ки азо (маросими мотам) се рӯз аст, падаратро розӣ кунон.
Қаҳри Зарнисо омад. ӯ дари мошинро бо зарба пӯшида, фаромад ва рафт.
Уффф, хато кардам-да (хато гап задам). Майлаш, ба охир наздик монд.
Алӣ ба деворҳои сиёҳшуда нигоҳ кард, сипас мошинро рӯшан карда, ба сӯи беморхона ронд. ӯ бояд аз Суҳроб хабар гирад. Чанд рӯз боз аз ӯ хабари дурусте нагирифта буд.
Маматбой бо устоҳо гап мезанад. ӯ аллакай нақшаи (дизайни) хонаи навро кашида буд.
— Аз фардо мошинҳо омада, ин ҷойҳои сӯхтаро тоза мекунанд, — фармон медод Маматбой.
Меъмор (архитектор) гоҳ ба ҳавлӣ ва гоҳ ба нақша нигоҳ карда гуфт:
— Хона бояд аз аввалааш ҳам боҳашаматтар шавад. Нақшаи қаблиро ҳам худатон кашида будед, дӯстам.
— Фикри ман дигар намешавад, хонаҳои кӯҳнаи қафоро чаппа карда, ба ҷояш чизи дигар сохтан лозим.
Чеҳраи Маматбой тағйир ёфт.
— Ё Аллоҳ, ман ба шумо он солҳо ҳам гуфта будам. Ин ҳавлии падар аст, он хонаҳо аз падарам мондаанд. Дар деворҳояш изи дастони падарам ҳаст. Хулоса, барои ман табаррук аст. Онро чаппа карда наметавонам. Сониян, ҳоло мо дар ҳамон хонаҳо зиндагӣ мекунем.
— Хайр, пас ин тарафро тавре ки шумо гуфтед, тамом мекунем.
Меъмор ва Маматбой даст доданд.
Дар паси ниқоби "писари меҳрубон ва вафодор", ки дар бораи "ҳавлии падар" ҳарф мезад, аслан як сирри машъум пинҳон буд. Таҳкурсии (пойдевори) он иморати кӯҳна на изи дастони падар, балки ҷиноятҳои сиёҳи Маматбойро, ки солҳо аз қонун пинҳон мекард, дар худ нигоҳ медошт.
Пас аз рафтани меъмор, Маматбой оҳиста ба сӯи он иморати кӯҳна рафт ва зери лаб пичиррос зад: «Ин хонаҳо чаппа намешаванд... агар чаппа шаванд, ҳамааш ошкор мегардад».
Зарнисо ба падараш, ки ғарқи хаёл нишаста буд, нигоҳ карда монд. ӯ ҳоло дар бораи чӣ фикр мекарда бошад? Магар барои марги модараш афсӯс мехӯрад? Не, ба он монанд нест.
— Зарӣ, дар ин ҷо, дар хунукӣ чӣ кор мекунӣ?
— Дада, модарам нестанд дигар. Наход заррае ҳам афсӯс намехӯред, а?
— Гапҳои беҳударо бас кун.
— Ҳа, гапи ман беҳуда аст. Модарамро... Акнун кӣ модарамро меёбад? Бечора чӣ қадар азоб кашида бошад, шумо бошед мегӯед, ки дар кӯҳ будам. Оё ин эҳсони (хайроти) шумо фоидае дорад? Магар очаам зинда мешавад?
— Рав, ба хона даро. Ба асабам нарасон. Як ваҷаб қад дорию ба ман гап мегардонӣ?
Зарнисо хафа шуда ба хонааш даромад. Сӯхтор, ки аз ҷиноҳи рости хона сар шуда буд, то ҳуҷраи Зарнисо нарасида буд.
Суҳроб имрӯз аз беморхона рухсат шуд. Ҳарчанд ҷароҳатҳояш азоб медоданд, вале кӯшиш мекард, ки худаш роҳ гардад. ӯ ба сари қабри модараш рафта, муддати тӯлонӣ он ҷо монд.
— Оча... Очаҷонам. Маро бубахшед. Писари гумроҳатонро бубахшед. Шуморо... аз куҷо ҷустуҷӯ кунам? Дар ғафлат мондам-куууу.
Шеъри Суҳроб:
Имрӯз дилам шикаста, чашмонам пур аз об,
Дар қалби ман дард асту сарам гашта хароб.
Мисли гули субҳгоҳ будӣ ту сирпӯш,
Ҷои шумо, очаҷон, бошад дар ҷаннат.
Омадам аз роҳи дур, дер кардам, нодон,
Мисли ман нест дигар кӯрнамак инсон.
Аммо дар дилам ҳаст ҳамон нури имон,
Ҷои шумо, очаҷон, бошад дар ҷаннат.
Гуфтам шуморо Оча, омонат надонистам,
Бар сари ман ҳастед гуфта, саҷда накардам.
Чаро дуо нагирифтам, ғофилона хандидам,
Ҷои шумо, очаҷон, бошад дар ҷаннат.
Мӯи сафедатонро дида, гуфтам пирӣ аст,
Ҳар чӣ хӯрдам, барои худ хӯрдам, ҷамъ кардам.
Акнун хоки пояторо аз куҷо меёбам?
Ҷои шумо, очаҷон, бошад дар ҷаннат.
Сардор аз овози ларзони акааш ва ларзиши шонаҳои ӯ аз таҳти дил озурда шуд. ӯ дасташро ба китфи пурқуввати Суҳроб гузошт. Хост, ки ин даст на танҳо такягоҳ, балки нишонаи "ман ҳастам" бошад.
— Ака... Модарам агарчи ҷисман дар паҳлуямон набошанд ҳам, дар қалби мо ҳастанд. Ятимӣ — ин танҳоӣ нест, ака. Магар мо нестем? — Сардор ашкҳояшро пок карда, кӯшиш намуд, ки бародарашро аз ҷояш хезонад.
Суҳроб пеш аз рафтан ба қабри модараш дӯхта монд. Дарди қалбаш акнун оҳиста-оҳиста ба як эҳсоси гунаҳгории нофаҳмо табдил меёфт.
Висола ҳангоми рӯбучини хонаҳо худро ғалатӣ ҳис кард. Ё ба назараш чунин намуд, намедонист. Хонаҳои кӯҳнаро рӯякӣ таъмир карда буданд ва намуди бад надоштанд.
— Аҷиб, ин хонаҳои пасти тарзи кӯҳна ба кӣ лозим бошанд? Ман ба ҷои инҳо як хонаи замонавӣ месохтам. Ҳусни ҳавлиро вайрон карда меистанд.
Висола ин хонаи иборат аз чор ҳуҷраро комилан тоза кард. Дар як ҳуҷрааш вақтинча бо Суҳроб мезистанд, якеаш барои меҳмон, яке барои хусураш ва яктои дигар барои Сардор омода шуд. ӯ хеле хаста шуд. Сипас ба ҳуҷраи ба худаш ҷудошуда даромада, кӯрпача партофт ва чашмонашро пӯшид.
Оё чашмаш рафт ё дар хаёлаш буд, намедонист. Як зан бо фарёд гиря мекард. Чунон ҷонкоҳ гиря мекард, ки гӯё тасаллӣ доданаш асло имкон надошт. Аммо Висола намефаҳмид, ки ин овоз аз куҷо меояд. Бо тарс чашмонашро кушод. Вале садо гӯё аз дуриҳо бошад ҳам, ба гӯшаш мерасид.
— Тавба, хоби аҷиб дидам ё маро пахш кард (олмасти пахш кард)?
Висола ба ҳар як кунҷу канори хона нигоҳ карда баромад.
ДАВОМ ДОРАД...
10 комментариев
24 класса
Бархурд
Қисми 35
Сардор папкаро ба оғӯш гирифта, дар миёни харобаҳо нишаста монд. Атроф торик буд, танҳо аз дур садои зувзаи сагҳо шунида мешуд. ӯ ҳис кард, ки касе ба тарафи ӯ меояд, бинобар ин ҳушёр шуда, папкаро дар байни хиштҳо пинҳон кард.
Шарпа наздик мешуд. Ин Ҳамза буд. Дар чеҳрааш аломатҳои хастагии бепоён аён буданд. ӯ ҳам пас аз фоҷиа хоб накардааст.
— Сардор, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — пурсид Ҳамза бо овози паст. — Ба хона даро, пас аз ҷаноза мадору тавонат намондааст.
Сардор аз ҷояш хеста, ба чашмони Ҳамза тик нигоҳ кард:
— Амак... магар медонистед, ки падарам чаро шуморо ба хориҷа фиристод? Ва чаро солҳо дар он ҷо монда рафтед?
Ҳамза мисли ҳайкал шах шуда монд. Нигоҳашро ба замин дӯхт.
— Чизе гуфтанӣ ҳастӣ?
— Ҳа! — Сардор фарёд зад. — Имрӯз модарам мурд! Ҷиянам нобуд шуд! Хонаамон хокистар гашт! Акнун ҳеҷ ҳақиқатро пинҳон карда намешавад. Мана, бинед!
Сардор папкаро бароварда, ба дасти Ҳамза дод. Ҳамза саҳифаҳоро варақ мезад ва ожинҳои чеҳрааш амиқтар мешуданд. Вақте ба саҳифаи охирин расид, оҳи вазнине кашид.
— Пас...
Ҳамза гап зада натавонист. Муштҳояш гиреҳ шуданд. Пас, сабабе доштааст, ки ӯ дар Русия муддати тӯлонӣ монда, ба хона омада натавонист? ӯ ҳеҷ гоҳ гумон намекард, ки ин кори Маматбой бошад.
— Инро манба монетон, падаратон биёяд, баъд боқии гапро мезанем.
Сардор чизе нагуфта, ба хонаи қафо гузашта рафт.
Соҳиба чанд рӯз боз аз сабаби чарх задани сараш ба дарс нарафтааст. Ҳоло ҳам сарашро бардошта наметавонад.
— Уффф, ба ман чӣ шуда истодааст? Гӯё меъдаам санҷа мезанад.
ӯ аз ҷевон доруи дарди меъда ёфта нӯшид.
— Ана, акнун каме хоб кунам, шояд хуб шавам.
Дар ҳақиқат, пас аз хоб худро беҳтар ҳис кард. Имрӯз боз як "бозӣ" ҳаст. Ҷавонон асосан ба хотири либосҳои кушоди ӯ пул мефиристанд. Дамир роҳи пулёбиро хуб медонад. Пулро болои пул мезанад. Ҳоло ҳам бояд омода шавад. Бегоҳ пахши мустақим (эфир) ҳаст. Боз чандин миллион доллар дар бозӣ гузошта мешавад.
Маматбой ба ҷавоне, ки бо шитоб омада буд, бо норозигӣ нигоҳ кард. Нав бо маъшуқаи наваш ба айшу ишрат сар карда буд.
— Бой-ака.
— Ман ба шумо таъкид карда будам, ки маро безовта накунед.
— Аммо инро бояд гӯям. Аз хонаатон хабар омад. Ҳавлӣ сӯхтааст. Янга вафот кардаанд.
Чашмони Маматбой калон шуданд.
— Шӯхӣ мекунӣ?
— Не.
Маматбой танҳо ҳамон вақт телефонашро рӯшан кард. Паёмҳои зиёд ва зангҳои беҷавоб омада буданд.
— Мошинро тайёр кун, меравем.
Маматбой фармон дода, ба бастани тугмаҳои куртааш даромад.
— Маро ҳам ба шаҳр мебаред? — Ҳамон вақт маъшуқаи наваш ба ёдаш афтод.
— Ҳа, висолро ба рӯзи дигар мегузорем. Лекин фаромӯш накун, гапи ман гап. «Айфон 17 про макс» аз ту чарх занад.
Духтар ишваомез нигоҳ кард:
— Танҳо боварӣ ҳосил кунам, шуд.
— Хуб.
Духтар аз ҷояш хеста либосҳояшро дуруст кард ва якҷоя ба берун баромаданд.
— Мегӯянд, ки занам вафот кардааст. Агар рост бошад, бо ту издивоҷ мекунам, духтарҷон.
Маматбой рӯи духтарро бӯсид. Духтар бошад, нафрати худро ба зӯр пинҳон мекард.
Вақте мошини боҳашамати Маматбой ба сӯи шаҳр мешитофт, дар хаёли ӯ на мотам буд ва на пушаймонӣ. ӯ танҳо як чизро фикр мекард агар занаш дар ҳақиқат мурда бошад, пас тамоми ҳуҷҷатҳои молу мулк ва сирҳои оилавӣ акнун дар ихтиёри ӯст.
— Бой-ака, — гуфт ронанда бо эҳтиёт, — мегӯянд, ки сӯхтор тасодуфӣ нест. Милитсия тафтишотро сар кардааст.
— Милитсияро худам ҳал мекунам, — пичиррос зад Маматбой ва дасташро ба зонуи духтар гузошт. — Ҳоло ту хомӯш бош. Ба шаҳр расем, чизи ваъдакардаамро мехарам, баъд боқии гапро мезанем.
Маматбой духтарро ба ҷои гуфтааш бурда монд ва мошинро ба тарафи хонааш гардонданд.
Сардор дар хонаи қафо рӯи кати сард хобида буд ва аз чашмонаш гӯё оташ меборид. ӯ як лаҳза ҳам ҷои пинҳонкардаи папкаро аз ёд набаровард. Суханҳои амакаш Ҳамза: «Падарат биёяд, баъд гап мезанем» дар гӯшаш садо медоданд.
«Чиро гап мезанем? Ҳамааш рӯшан аст-ку!» — фикр мекард ӯ. Ҳамон лаҳза дар назди дарвоза садои тормози мошини хориҷии сиёҳ шунида шуд. Сардор тез аз ҷояш хеста, ба берун давид.
Маматбой аз мошин фаромад ва аллакай ниқоби сохтаи ғамро ба рӯ кашида буд. ӯ хонаи сӯхтаро дида, гӯё ба даҳшат афтода бошад, таваққуф кард.
— Вой бар ҳолам... Ин чӣ гап? Чӣ тавр тоқат кардан мумкин ба ин? — ӯ овозашро баланд карда, фарёд мезад.
Сардор ин намоиши падарашро дида, аз нафрат меларзид.
— Дада! — Овози Сардор мисли раъд садо дод.
Маматбой ба тарафи писараш оғӯш кушод:
— Сардор, писарам, ин чӣ мусибат аст? Модарат... Наход...
Бас аст! — Сардор падарашро аз худ дур кард (тела дод). — Дар куҷо будед? Вақте ки модарам дар оташ месӯхт, дар кадом ҷангалзор ва бо кӣ будед?
Маматбой аз ин зарбаи ногаҳонии писараш як лаҳза карахт шуд. Ҳамсояҳо ва касоне, ки барои аъзо ҷамъ омада буданд, ба пичир-пичир сар карданд. Маматбой зуд худро ба даст гирифт ва ниқоби сохтаи ғамро дар чеҳрааш нигоҳи сарду қатъӣ иваз кард.
— Овозатро ба сари ман баланд накун, тирмизак! — гуфт ӯ, дар ҳоле ки худро ба зӯр нигоҳ медошт. — Аз ҷудоии модарат ақлатро бохтаӣ. Ман дар кӯҳ будам, алоқа набуд.
— Дар кӯҳ? — Сардор бо киноя хандид. — Дар кадом кӯҳ? Даррав ягон бозичаи (маъшуқаи) нав ёфтед-да?
Ҳамза ба миён даромада, аз китфи Сардор гирифт.
— Сардор, бас кун! Ҳоло вақти ҷанҷол нест. Хоки модарат ҳанӯз хунук нашудааст...
— Амак, шумо ҳам инро ҳимоя мекунед? — Сардор ба Ҳамза бо нафрат нигоҳ кард. — Охир ин одам шуморо аз ватанатон даҳ сол ҷудо кард! Шуморо дар дуриҳо сарсону саргардон карда, дар ин ҷо зиндагии модарамро ба дӯзах табдил дод! Мана, ҳамаашро медонед ва боз хомӯш меистед?
— Бас аст, ҳамаашро гап мезанем.
Аз дарун касе ҷома овард. Онро ба китфи Маматбой партофтанд. Сипас яке паси дигар ба изҳори ҳамдардӣ сар карданд.
Ҷавоне, ки худро мисли девонаҳо мегирифт ва қаҳ-қаҳ мезад, курсии рӯ ба рӯяшро лагад зада афтонд.
— Ҳамаатон аҳмақед! Нокасҳо! Ба шумо бовар карда пул гузоштам. Чаро Маматбойро маҳз ҳамон рӯз (аз хонааш) фарёд карда гирифтед?
— Мо намедонистем, ки хонаи ӯ маҳз дар ҳамон вақт оташ мегирад.
— Шумо ҳамеша ҳамин хел корро расво мекунед. Эҳ, безор шудам аз шумо. Ин мӯйсафед ҳамеша аз об хушк мебарояд. Ман бояд бо чашмони худ хонавайрон шудани ӯро бинам!
*******
Соҳиба, ки ба эфир омода мешуд, аз таъсири он доруи нӯшидааш худро аҷиб ҳис мекард. Либоси дар бараш буда хеле кушод (нимбараҳна) ва лабҳояш бо ранги сурхи дурахшон диққатро ба худ мекашиданд.
— Имрӯз бозӣ бояд калон бошад, — гуфт Дамир камераро дуруст карда. — Ба ман пул лозим. Пули хеле зиёд. Имрӯз корбаре бо номи "Ритсари сиёҳ" (Black Knight) мехоҳад пули калон гузорад. Танҳо ту бояд ӯро бовар кунонӣ.
Соҳиба эфирро рӯшан кард. Ҳазорон нафар ба зебоии ӯ ва бадани нимбараҳнааш, ки бо либосҳои кушод пӯшида шуда буд, чашм дӯхта буданд. Аммо ӯ эҳсос намекард, ки чӣ тавр ба як бозича табдил ёфта истодааст.
Дамир ӯро роҳнамоӣ мекард ва бозӣ оғоз шуд. Ин дафъа низ аз казино даромади хеле калон ба даст омад.
— Ту паррандаи иқболи манӣ!
Дамир ба сӯи духтар бӯсаи ҳавоӣ фиристод.
— Сстрессҳои (фишорҳои) се моҳи охир маро комилан хаста карданд.
— Шояд бо ту ба кадом ҷое барои истироҳат равем?
Ин пешниҳод ба Соҳиба маъқул нашуд. ӯ танҳо мехост, ки серхобӣ кунад.
— Намедонам, бояд фикр кунам. Ҳоло хобам меояд.
Соҳиба ҳатто ба Дамир нигоҳ накарда, ба ҳуҷраи хоб даромад. Худро рӯи кат партофт ва дарҳол хобаш бурд.
Суҳроб ба ҳуш омад. Дар наздаш Висола гирякунон менишаст.
— Висола?
Висола овози ӯро шунида, боз ба гиря даромад.
— Чӣ шуд?
— Хонаамон сӯхт.
Суҳроб ба дасти басташудааш нигоҳ кард, хост аз ҷояш хезад, вале сараш чарх зад. Ҳамшира, ки дар он наздикиҳо буд, зуд расида омад. Сипас духтур омада, ӯро муоина кард.
— Ба шумо ҳаяҷон кардан мумкин нест. Фишори хунатон баланд мешавад.
— Нафаҳмидам? Магар чизе шудааст?
Суҳроб ба либосҳои азодории Висола нигоҳ карда пурсид.
— Ҳамааш...
— Висолаааа, чӣ гап?
Суҳроб хост аз ҷояш ҷунбад, аммо ҷароҳатҳои сӯхтаи баданаш ва дарди шадиди сараш ӯро боз ба бистар мехкӯб карданд.
— Висола, ба чашмонам нигоҳ кун! — фарёд зад ӯ бо овози хирросӣ. — Кӣ мурд? Чаро ҳамаатон хомӯшед?
Висола чеҳраашро бо кафтҳояш пӯшонд. Шонаҳояш меларзиданд ва палатаи беморхонаро садои ҳиқ-ҳиқи дилхароши ӯ фаро гирифт.
— Очаҷонам... — овози Висола ба зӯр мебаромад. — Натавонистем онҳоро наҷот диҳем, Суҳроб-ака. Шумо хоб будед... Хона дар коми оташ монд... Очаҷонам дар дарун буданд.
Чашмони Суҳроб аз косахонааш берун шуданӣ шуда, калон шуданд. ӯ як сония гӯё нафас кашиданро фаромӯш карда, шах шуд. Дунё якбора гӯё хомӯш гашт.
— Чӣ?.. Чӣ гуфтӣ? — ӯ бовариаш наомада боз пурсид.
— Очаҷонам нестанд дигар... Очаҷонам сӯхтанд! — Висола бо тамоми овоз фарёд кашид.
Гӯё ба қафаси синаи Суҳроб касе санги вазнине гузошт. Чашмонаш торик шуда, дилаш тез-тез задан гирифт. Садои огоҳкунандаи "бип бип"-и дастгоҳҳо дар ҳуҷра баланд шуд. Духтур фавран омада, дасти Суҳробро гирифт.
— Ором шавед! Ман гуфта будам, ки ба шумо ҳаяҷон кардан мумкин нест! Зудтар доруи оромбахш гузаронед! — фармон дод ӯ ба ҳамшира.
Аммо Суҳроб ӯро намешунид. Дар пеши чашмонаш лаҳзаҳои маст ба хона омаданаш ва ба суханҳои модараш "Писарам, аз ин роҳ баргард" — бо беэътиноӣ нигоҳ карданаш пайи ҳам ҷилвагар мешуданд. ӯ дар марги модараш худро гунаҳкор медонист.
— Не, бовар намекунаааааам, очаҷоооооон!
Палатаро фарёди ваҳшиёна фаро гирифт. Ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба ӯ тасаллӣ диҳад.
Ниҳоят мардҳо рӯ ба рӯ нишастаанд. Маматбой худро тавре нишон медиҳад, ки гӯё аз ғам тамом шудааст. Дар асл бошад, дилаш барои хонаи сӯхтааш хеле месӯзад.
ДАВОМ ДОРАД...
6 комментариев
22 класса
Бархурд
Қисми 34
Чароғҳои кабудтоби долони беморхона чеҳраи Сардорро боз ҳам рангпаридатар нишон медоданд. Фарёди хирросии Зарнисо дар гӯшҳояш дилхарош садо медод. ӯ ба девор такя карда, оҳиста ба замин нишаст. Дастонаш аз дуд сиёҳ шуда буданд, вале доғи қалбаш аз ин ҳам сиёҳтар буд.
— Ҳамааш айби ӯст пичиррос зад. Сардор бо дандонҳои ба ҳам фишурда.
Ҳамза ба китфи Сардор зад.
— Сардор, писарам, худро ба даст гир. Падарат... падаратро ҳанӯз наёфтаанд. Милитсия кофта истодааст, — гуфт ӯ.
Сардор ба ӯ бо нафрат нигоҳ кард:
— Наёфтаанд? Ё гурехта рафт? Вақте медонад, ки хонааш оташ гирифтаасту зану фарзандонаш дар дарунанд, ӯ ба куҷо ғайб мезанад? Амак, ба ман афсона нагӯед! Шумо тасаввур карда наметавонед, ки падарам чӣ гуна инсон аст. Ман ҳатто аз «падар» гуфтанаш ор мекунам.Сардор якбора аз ҷояш хеста, ба назди дари палатаи Зарнисо рафт. Аз дарун садои паст, вале ҷигарсузи гиряи ӯ ҳанӯз қатъ нагашта буд. Барои бардоштани ин бор иродаи инсон бояд чӣ қадар бепоён бошад?
— Зарӣ, хоҳарҷонам.
Зарнисо худро ба оғӯши бародараш партофт.
— Ака, бовар намекунам. Гӯед, ки очаам намурдаанд, а?
Аз чашмони Сардор ашк ҷорӣ шуд.
Тамоми бадани Суҳроб бо бинт печонида шуда буд. ӯ он рӯз аз сабаби мастии зиёд сахт хоб рафта буд ва ҷароҳатҳояш вазнинанд. Ҳанӯз ба ҳуш наомадааст.
Висола бошад, дар паҳлуи ӯ ба як нуқта нигоҳ карда менишаст. Аз як тараф гум кардани фарзанд ва аз тарафи дигар марги ногаҳонии зане, ки ӯро мисли модар медонист, Висоларо ба коми ғамҳои бепоён кашида буд.
Ҳамза ва Хумор кӯшиш мекунанд, ки ба ҳама (тасалло) диҳанд. Аммо ҳеҷ кас наметавонист бори ин ҷудоиро сабук кунад.
— Висола, худро ба даст гир, духтарам. Фардо бояд маросими таъзияро гузаронем.
— Дада... Магар ҳеҷ илоҷи наҷот додани очаҷонам (Зебо) набуд?
Ҳамза хомӯш монд.
— Агар он рӯз шумо намерафтед, модарам худро намеовехт. Агар шумо ӯро мебахшидед, намемурд. Илтимос дада, модарамро наҷот дода натавонистед, ақаллан очаҷонамро (Зебо-хушдоман) наҷот диҳед. Бо докторҳо худатон гап занед.
Дили Ҳамза кабоб шуд. Ба ин суханҳо чӣ ҷавоб дода метавонист?
Корҳои тафтишотӣ оғоз шуданд. Хулосаи аввалини коршиносон шубҳаҳои Сардорро тасдиқ кард: сӯхтор қасдан ташкил шудааст. Сардор дар миёни вайронаҳо мегашт, ки дар қисмати кории падараш ба як чизи аҷиб чашмаш афтод. Сейфи кунҷи девор кушода хобида буд. Ҳуҷҷатҳо ва пулҳои дарунаш набуданд, танҳо як акси хурди нимасӯхта монда буд. Дар акс Маматбойи ҷавон ва модари Сардор хандида истодаанд. Дар пушти акс бо шитоб як ҷумла навишта шуда буд:
«Бозие, ки ту оғоз кардӣ, ба охир нарасид. Агар туҳфаи мо ба ту маъқул шуда бошад, раҳмат гуфтан шарт нест».
Сардор аксро дар мушташ фишурд. Ин танҳо огоҳӣ набуд, ин «туҳфае» буд барои Маматбой.
Сардор аз таҳти дил аз падараш нафрат кард. Ба хотири гуноҳи ӯ модараш қурбон шуд, ҷияни ба дунё наомадааш нобуд гашт ва бародараш дар ин аҳвол афтидааст.
Сардор ҳамчун ягона марди оила дар маросими азодорӣ сарварӣ кард. Хонаҳои сӯхтаро зуд бо матоъ пӯшонданд ва дар қисмати қафои ҳавлӣ барои шустани майит ва фотиҳахонии занон ҷой омода карданд.
Маросими азо оғоз шуд. Ҳамаи аҳли маҳалла ҷамъ омада буданд ва бо афсус ба ин ҳавлии боҳашамат, ки ба хокистари сиёҳ табдил ёфта буд, нигоҳ мекарданд. Сардор кӯшиш мекард, ки ашк нарезад, вале ҳар бор ҷасади модарашро ба ёд меовард, гӯё дар дарунаш чизе канда мешуд.
Зарнисо комилан хомӯш шуда буд, ӯ танҳо дар кунҷе нишаста, либосҳои модарашро ба оғӯш гирифта меҷунбид. Висола бошад, сокит меистод, чашмонаш аз нафрату пушаймонӣ пур буданд. ӯ дар бадбахтии худ ва марги хушдоманаш ҳам Ҳамзаро, ҳам Маматбойро ва ҳатто худро айбдор мекард.
Хумор бошад, дод зада мегирист ва ба олам ҷор мезад, ки янгаашро чӣ қадар дӯст медошт.
Пас аз маросим, вақте одамон пароканда шуданд, Сардор боз он акси нимасӯхтаро ба даст гирифт. «Бозие, ки ту оғоз кардӣ, ба охир нарасид...» Ин суханҳо ба ӯ оромӣ намедоданд. Агар ин туҳфа барои Маматбой бошад, пас падараш душманони сахт дорад ва онҳо тамоми оиларо нишон гирифтаанд
Ба телефони Сардор аз рақами ношинос паём омад:
«Падаратро накоб. Барои истироҳат ба кӯҳ рафта буд. Агар нахоҳӣ, ки навбат ба ту расад, папкаи сурхи зери сейфи хонаро пайдо кун ва нест кун».
Дили Сардор гӯё аз синааш берун меомад. ӯ фавран ба кабинети вайронашуда баргашт. Оташнишонон ва кормандони милитсия рафта буданд, ҳавлӣ пур аз бӯйи сӯхта буд. ӯ ба кофтани зери сейфи кушодамонда шурӯъ кард. Оҳан ҳанӯз тафсон буд, дастонаш боз сиёҳу дудзада шуданд. Ниҳоят, ӯ чизи хосташударо пайдо кард.
Дар дохили папка тафсилоти тамоми корҳои сиёҳи Маматбой дар тӯли солҳо, аз ҷумла зӯран кашида гирифтани заминҳои мардум ва ҳатто чандин «ҳодисаҳои нохуш» кушторҳои сохта навишта шуда буданд. Аммо даҳшатноктаринаш дар саҳифаи охирини папка буд. Дар он ҷо нақшаи Маматбой дар бораи ба хориҷа фиристодани Ҳамза ва роҳҳои доимӣ дар он ҷо нигоҳ доштани ӯ барои баргашта натавонистанаш сабт шуда буд.
ДАВОМ ДОРАД...
5 комментариев
22 класса
Бархурд
Қисми 33
Ман намебароям.
Алӣ дигар паём нанавишт. Зарнисо бошад, дар оташи худ бирён шуда (ғарқи андешаҳои талх), назди тиреза нишаста монд. Дар ин хона ҳеҷ гоҳ оромӣ набуд. Дуруст аст, ки ӯ духтари эркаи падараш буд... Буд... Аммо ҳамааш сохта будааст. Ҳарчанд ба хотири падар ҷабр кашида бошад ҳам, интизор надошт, ки ӯро мисли як матоъ мефурӯшанд. Мана, боз қурбони муносибатҳо мешавад. Оё фардо Алӣ инро ба рӯяш намезанад? Охири ин зиндагӣ маълум нест.
Зебо бо хӯрок ба хона даромад. Рӯмолашро тавре баста буд, ки қисми рӯяшро мепӯшонд.
— Оча, ба рӯятон чӣ шуд?
— Ҳеҷ чиз, ба хӯрокхӯрӣ набаромадӣ. Хӯрокро бихӯр.
Зарнисо фаҳмид, ки падараш ӯро задааст.
— Дадаам заданд?
— Не. Дадаат барои чӣ занад?
— Оча, чаро ҳамеша мегӯед, ки «бояд тоқат кард»? Ба ин ҷони резаатон чӣ лозим, ки бо ин марди разил зиндагӣ кунед?
— Зарнисо, ин гапҳоро бас кун, ман бояд намози асрро хонам. То вақт нагузашта.
Зебо баромад. Зарнисо бошад, бо оҳи сард аз паси модараш нигоҳ карда монд.
Дамир равшании хонаро танзим кард. Соҳиба дар либоси гаронбаҳо, вале кушод (нимбараҳна), бо ороиши ғализи рӯй дар назди камера нишаста буд. Дастонаш меларзиданд, вале қудрати он як банд пул аз хаёлаш намерафт.
— Сар кардем! — Дамир бо ангуштонаш ишораи «се, ду, як» кард.
— Ассалому алайкум, азизон... — овози Соҳиба аввал ларзид, вале нигоҳи тунди Дамирро дида, худро ба даст гирифт. — Имрӯз мо ба дунёи бузургтарини ставкаҳо ва бурдҳо ғӯта мезанем. Бахти худро бисанҷед...
Дар зери экран шарҳҳо мисли борон рехтанд. Касе ҳусни ӯро таъриф мекард, касе ҳақорат меборид. Соҳиба худро мисли моле ҳис мекард, ки ба бозор баровардаанд, вале хаёли он (пуле), ки Дамир нишон дода буд, тамоми деворҳои нангу номусро мешикаст. ӯ ҳанӯз намедонист, ки қурбони ин бозист ва «наҳангҳо»-и паси парда ӯро танҳо ҳамчун тӯъма истифода мебаранд.
— Агар имрӯз пул хуб шавад, туро ба хориҷа мебарам. Маро аз кор пеш карданд, шунидӣ? — пас аз хомӯш кардани камераҳо Дамир ба гап даромад.
— Не, нашунидам.
— Касе аз болоям иғво (лой) рехтааст. Худам ҳам ба зӯр мерафтам, «ба ҷаҳаннам» гуфтаму ариза навиштам.
Дамир тугмаҳои куртаашро кушод. Баъд ба кашидани тамоку даромад.
— Ман равам, майлаш?
— Ба куҷо меравӣ? Шаб шуд-ку.
— Намедонам чаро, худро нотоб ҳис карда истодаам.
— Дуруст мекунем, ма, инро бинӯш.
Дамир ба Соҳиба коняк рехта дод. Соҳиба онро якбора нӯшид.
— Хез, бо ту кор дорам.
Сари Соҳиба чарх зад, ӯ стол маҳкам дошта, аз ҷояш хест. Сипас ҳарду ба тарафи хонаи хоб рафтанд.
Ҳамза ба Темур, ки дар рӯ ба рӯяш истода буд, бо нафрат нигоҳ кард.
— То накуштаамат, гум шав!
— Маро гӯш кун.
— Ту саг ҳатто ба гӯш кардан намеарзӣ.
— Ҳамза, ҷӯра, он вақт нофаҳмӣ шуда буд. Ман ҳатто нуги ангуштамро ба Севара нарасондаам. Ростӣ, дӯсташ медоштам. Лекин... ба ниятам нарасидаам.
Ҳамза ба назди Темур омада, ба рӯяш муште зад.
— Пас чаро ӯ мурд?
— Ман ҳам ҳаминро намедонам.
— Ман шуморо якҷоя дида будам!
— Ҳеҷ чиз нашуда буд. ӯ ҳамеша рад мекард. Нон занад, ки рост мегӯям.
Ҳамза ба девор мушт зад.
— Ифлос, акнун чӣ мегӯӣ? Бо ман чӣ кор дорӣ?
— Умри занам кам мондааст. Саратони марҳилаи охирин. Мехоҳем духтаратро келин кунем.
— Бирав, хобатро ба об гӯй. Гум шав аз пеши дарам.
— Ҳамза, бачаҳоро бадбахт накун.
Дар кушода шуд ва падари Ҳамза намоён гашт.
— Чӣ гап аст дар ин ҷо? Чаро ғавғо мекунед?
— Шодмон-бобо, барои хостгорӣ омада будам. Ҳамза пеш карда истодааст.
— Духтарро ман калон кардаам. Даро ба хона.
Шодмон-бобо дар остона истода, қадду қомати худро рост гирифт. Нигоҳи ӯ, ки вақте тез буд, акнун вазнинтар гаштааст. Ҳамза ҷуръат накард, ки ба падараш гап гардонад, вале муштҳояш ҳанӯз гиреҳ буданд ва дандонҳояшро месойид.
— Даро ба хона, Темур, — гуфт Шодмон.
Темур сар хам карда, ба дарун даромад. Ҳамза бошад, аз паси ӯ бо хашм нигоҳ мекард. Шодмон-бобо дар боло гузашта нишаст ва чашмонашро нимапӯш кард.
— Шунидем, ки занат бетоб будааст. Худо шифои комил диҳад, — гуфт мӯйсафед бо оромӣ.
— Раҳмат.
Мӯйсафед бо чолокӣ чой рехта дод. Ҳамза бошад, ҳанӯз мисли чӯб рост меистод ва лаб намекушод.
— Ман барои пурсидани дасти набераатон омадам.
— Дада, ман зиддам!
— Ту хомӯш нишин. Касе аз ту напурсидааст.
Ҳамза дандон ба дандон монда, ба зӯр тоқат карда менишаст.
Висола, бо вуҷуди сармо, ба шустани кафелҳо машғул аст. Хусураш болои сараш нишастааст.
— Аввало фаросат лозим. То нагӯянд, худатон кор намекунед.
Висола ба дарди камараш аҳамият надода, ба шустани кафел идома медод. Сатили вазнинро бардошта, об ҳам мекашонд. Маматбой бошад, гӯё кори дигаре надошта бошад, ӯро тамошо карда менишаст.
Зебо аз хона баромада, келинашро сарзаниш кард (аз рӯи дилсӯзӣ):
— Дар ин хунукӣ чӣ лозим, биёед, ба хона дароед.
— Ту даҳонатро пӯш! — Маматбой танҳо ҳамон вақт занашро дид.
— Охир, ӯ (ҳомиладор) аст. Барои чӣ ба ӯ кафел мешӯёнед?
— Чӣ, магар ман ӯро танҳо барои хӯрдану хобидан келин кардаам? Пагоҳ-фардо чорто гов меорам, ба оғилхонаи қафо нигоҳ мекунад. Бигзор фоидааш расад.
Дили Висола таҳ рафт ва тарсид. Ҳамин кам буд...
Дада, ман ҳам падарам. Намехоҳам бо он Темур қудо шавам.
— Ту қудо намешавӣ. Ман қудо мешавам. Лайлоро ман калон кардам. Ту дар ӯ ҳақ надорӣ. Агар ба ту маъқул набошад, аз хона баромада бирав.
Ҳамза илоҷе надошт. ӯ дигар натавонист ба ин мавзӯъ эътироз кунад.
Соҳиба бо даҳшат ба марде нигоҳ кард, ки ӯро бо зарб буғӣ карда, ба девор часпонда буд.
— Ба ту чӣ намерасид?
— Сс... Сар... дор-ака?
— Магар фикр кардӣ, ки ин қадар осон халос мешавӣ?
Чашмони Соҳиба бо сардӣ дурахшиданд. ӯ Сардорро аз худ дур кард.
— Агар намехоҳӣ дар зиндон пӯсида равӣ, ба ман наздик нашав. Ман чӣ кор кардам? Магар ба хобам медаромад, ки ту писари ҳамон ҳаромхӯри лаънатӣ ҳастӣ?
— Чӣ мегӯӣ?
— Ман ба назди падарат барои кор пурсидан рафта будам, чун гуфта буд, ки кӯмак мекунад. Агар медонистам, ки ӯ дар ивази номусам инро мехоҳад, дар ду дунё ҳам намекучидам. Зиндагии маро падари ту барбод дод. Бирав, алами худро аз ӯ бигир. Тақдирро бин, духтареро, ки худаш олуда карда буд, писараш ба занӣ гирифта нишастааст. Қоил мондам. Боз аз ҳама хандаовараш ин ки, падарат барои ман аз Италия мебел овардааст-яяя...
Мадори пойҳои Сардор рафт. Шунидани ин суханҳо аз даҳони Соҳиба азоб буд. Духтаре, ки ӯ дӯст медошт ва фикр мекард, ки ҳатто нуги ангушташро нарасонда эҳтиёт кардааст...
— Ҳақиқат ҳамин хел талх мешавад. Агар хоҳӣ ба ҳамааш ҷавоб гирӣ ва қасд ситонӣ, ана, назди падарат бирав. Зиндагии ман худаш ҳам ба ҷое, ки бояд мерафт, рафтагӣ.
Соҳиба бо хашм рафт ва ба қафо нигоҳ накард. Сардор бошад, шояд як соат ҳамон тавр ба девор такя карда истод ва баъд ба ҳар тарафе, ки сараш кашид, қадам зада рафт. ӯ аз падараш нафрат мекард.
— Вой намурам, оташсӯзӣ аз куҷо баромад? Кӣ ҳаст, ёрдам диҳееееед!
Зарнисо мехост фарёд занад, вале гулӯи захмдораш намегузошт, ки овоз бароварад.
Аз гулӯи Зарнисо танҳо овози хирросӣ мебаромад. Атрофро дуди сиёҳи ғализ фаро гирифт. ӯ худро ба тарафи тиреза партофт, вале дастони бемадораш натавонистанд даричаи маҳкамро кушоянд. Оташ бо суръат ба дарун мезад.
Ҳамон лаҳза аз кӯча садои баланди тормоз шунида шуд. Сардор расид. Аз аҳволи хона дар чашмонаш даҳшат пайдо шуд. ӯ беандеша ба дарун давид.
— Кӣ ҳаст?! — фарёд зад ӯ ва дарро лагад зад. Аммо дар кушода намешуд, дастаки дар тафсида буд.
Дар миёни дуд Зарнисои афтодаро диду ӯро бардошта ба берун баровард. Духтар аз ҳуш рафта буд. Сардор бошад, ҳанӯз аз кирдорҳои падараш дар ҳолати шок қарор дошт. «Чаро дар як рӯз ҳама чиз зеру забар шуд?»
Ин савол майнаи ӯро мехӯрд (ором намегузошт.
Дар як дам ҳама ҷо пур аз одам шуд. Оташнишонон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор Зебо, Суҳроб ва Висоларо наҷот доданд. Аммо Маматбой дар ҳеҷ куҷо набуд.
Ҳарчанд нисфи шаб буд, касе кӯмаки худро дареғ надошт. Ҳанӯз маълум нест, ки оташсӯзӣ аз куҷо сар задааст. Аммо қисми асосии ҳавлии боҳашамат комилан сиёҳ гашта, ба ҳолати корношоям омада буд.
Ҳамза (дар долони беморхона) ба ин тарафу он тараф қадам мезад.
— Чӣ гап, доктор?
Духтуре, ки аз дар баромад, бо афсус сар ҷунбонд.
— Ҳомиларо (тифлро) наҷот дода натавонистем. Аҳволи худаш, агар чанд ҷойи сӯхтаро ба ҳисоб нагирем, хуб аст.
Аммо дар ҳамон лаҳза садои гиряву нола долонро фаро гирифт.
— Неееееее!
Овоз аз сабаби хирросӣ буданаш хеле дилхарош шунида мешуд.
— Маро партофта рафта наметавонеееееед, очаҷоооооооон!
Зарнисо бо тамоми овоз фарёд зада мегирист.
Сардор бошад, ба девор такя карда, чашмашро аз як нуқта намеканд.
ДАВОМ ДОРАД...
10 комментариев
23 класса
Бархурд
Қисми 32
Духтарам, дар пешонаат ҳамин будааст...
Зебо дигар забонаш нагашт, ки чизе гӯяд. Зарнисо ҳам хомӯш монд, бинобар ин модараш аз ҳуҷра баромад.
Висола ҳангоми хӯрокпазӣ худро ноором ҳис мекард. Хаёлаш парешон буд, гӯё хатаре ӯро таъқиб мекард. Ҳарчанд Суҳроб ба тарафи хуб тағйир ёфта бошад ҳам, Висола нисбат ба ӯ ҳанӯз сард буд.
Дар бораи Лайло фикр мекард: наход хоҳараш писари ҳамон касеро интихоб карда бошад, ки боиси марги модараш шуда буд? Падараш дар ду дунё ҳам ӯро ба он ҷавон намедиҳад.
— Келин, овқотатон тайёр?
— Ҳа, оча, тайёр.
— Хусуратон омаданд. Мекашед? (Ба табақҳо мекашед?)
— Ҳозир.
Висола ба чидани дастурхони шом шурӯъ кард. Дар як дам атрофи столи ошхона пур аз одам шуд. Маматбой пас аз хӯрок қарори худро эълон кард:
— Зарнисоро ба Алӣ медиҳам.
Сардор қошуқро бо садо ба рӯи стол гузошт ва ба падараш бо нигоҳи пур аз афсус нигарист.
— Ин хел нигоҳ накун. Ман худам нағз фикр карда, ҳамин қарорро маъқул дидам. Алӣ ҷавони хеле хуб аст.
— Дада, шумо намедонед ӯ аз куҷо омадааст. Ҳатто дар бораи оилааш маълумоте нест. Аслу насабаш маълум нест.
— Бас кун!
— Барои шумо ба ғайр аз худатон каси дигар муҳим нест. Ҳатто аз духтари эркаатон ҳам дар як лаҳза даст кашидед.
— Сардор, аз ҳадди худ нагузар!
Сардор бо хашм муштҳояшро гиреҳ карда, аз ҷояш хест.
— Ман зиддам. Акаам ҳам.
— Шумо кистед? Киииист? Дар ин хона хӯҷаин ман ҳастам! Ҳеҷ кадоми шумо дар ин хона ҳақ надоред.
Ҳама хомӯш монданд.
— Келин, шумо ҳам гӯштро камтар андозед. Бо пул меояд (пулӣ аст).
Гапи охирини Маматбой сукунати вазнини ошхонаро боз ҳам тарангтар кард. Висола ба замин нигоҳ кард, рӯйҳояш сурх шуданд. Ин танҳо гап дар бораи пул набуд, балки неш задани Маматбой буд, ки дар ин хона ҳама чиз ва ҳама одам моли ӯст.
Алами Сардор аз ҳазор гузашт. Гапи падараш дар бораи «бо пул меояд» дар гӯшаш бо суханҳои акааш дар офис, ки гуфта буд: «Дадам занатро мешинохтааст», омехта шуд.
Сардор оҳиста ба атроф назар андохт. Нигоҳаш ба падараш дӯхта шуд.
— Бо пул меояд, мегӯед, дада? — гуфт Сардор бо овози гирифта. — Дуруст, дар ин хона ҳама чиз бо пул меояд. Ҳатто одамон ҳам. Баъзеҳоро бо тилло мехаред, баъзеҳоро бошад, мефурӯшед.
Қошуқ аз дасти Маматбой афтод. ӯ интизор набуд, ки писараш ин қадар ошкоро гап мезанад.
— Чӣ гуфтӣ? — Маматбой бо ғазаб аз ҷояш хест.
— Ҳеҷ чиз. Танҳо... дар бораи он ки тиллоҳои дасти Соҳиба аз куҷо омадаанд, хеле зиёд фикр карда истодаам.
Сардор ба акааш бо маъно нигоҳ карду аз ошхона баромад.
Суҳроб ба хӯрок даст назад. ӯ ба дастони ларзони Висола нигоҳ карда, дар дарунаш як эҳсоси аҷиберо ҳис кард. Раҳм? Шояд. ӯ аз ҷояш хестан, мехост назди занаш равад ва дар пеши чашми ҳама китфони Висоларо ба оғӯш гирифта, ба ӯ тасаллӣ диҳад. Лекин медонист, ки ин ба Маматбой писанд намеояд. ӯ ҳатман мегуфт: «Дар пеши занат ин қадар дум ликкос накун».
— Дидӣ тарбияи додаатро? Ин ҳаромӣ ба рӯи ман меҷаҳад.
Зебо забонашро газид. Кош метавонист ба шавҳараш ягон сухани рад гӯяд. Он рӯз хӯрок ба заҳри баданашон табдил ёфт.
Лайло бо Малик дар дохили мошин нишастаанд.
— Очаам розианд, фақат дадаатро рози кӯнонем, бас.
— Ман... ман ҳанӯз ҷавонам.
— Ин чӣ аҳамият дорад?
— Ҳа ақаллан ба ҳаждаҳ дароям, маро интизор шавед.
— Лайло, очаам бетобанд. Интизор шуда наметавонам.
— Набошад ба каси дигар издивоҷ кунед.
Малик ба рули мошин мушт зад.
— Агар иложи ин кор мешуд, аллакай издивоҷ мекардам.
Лайло аз хашми ногаҳонии Малик тарсид.
— Чӣ гуфтан мехоҳед? — овози Лайло ларзид. — Маро маҷбурӣ ба занӣ гирифтанӣ ҳастед?
Малик оҳи амиқ кашида, пешонаашро ба рул гузошт.
— Лайло, (фаҳм)... Зиндагии ман ҳам он тавре ки ту фикр мекунӣ, афсона нест. Агар ҳозир издивоҷ накунам, модарамро аз даст медиҳам. Агар модарам тӯйи маро набинанд, пас ин тӯй ба ман лаззат медиҳад? Ба ту фаҳмонда наметавонам, лекин ту бояд ба ман кӯмак кунӣ.
Аммо Лайло дар чашмони ӯ на муҳаббат, балки бештар як навъ умеди наҷотро медид.
— Дадаам... Розӣ шуданашон душвор.
— Ман худам розиашон мекунам.
Пас аз ҷанҷоли ошхона, Суҳроб ба хонаи хобаш даромад. Висола дар кунҷе нишаста, ашкҳояшро пок мекард. Суҳроб ба назди ӯ омад.
— Висола, — Суҳроб дасташро ба китфи ӯ гузошт. — Мо бояд бе дадам зиндагӣ кунем. Медонам, ки инро хеле мехоҳӣ.
Висола якбора ба шавҳараш нигоҳ кард.
— Чӣ? Чӣ хел?
— Намедонам. Ман ҳам ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Фақат ту зиқ нашав, ба кӯдак чизе нашавад.
— Суҳроб, метарсам... — Висола сарашро ба синаи ӯ гузошт. — Ӯ хеле сангдил аст. Ногаҳон дили касро мешиканад.
— Ҳамааш хуб мешавад. Ман дар канорат ҳастам.
— Шумо...
Ба гулӯи Висола чизе тиқ шуд. ӯ ҳанӯз ҳам шубҳа дошт, ки чӣ тавр Суҳроб дар як лаҳза ба одами хуб табдил ёфтааст.
— Ту бояд истироҳат кунӣ. Кӯдаки аввалини очаам маъюб таваллуд шуда буд.
— А?
— Ҳа, дадаам ӯро ба кадом як хонаи маъюбон супорида буданд. Мо ҳатто ӯро надидаем.
— Ин гап рост аст?
— Ҳа, дадаам ҳамин хел инсонанд. Овоза карданд, ки кӯдак мурд. баъд бошад. Хулоса, гуфтанд, ки ба обрӯи ман кӯдаки маъюб рост намеояд. Очаамро бошад, он вақтҳо пайваста латукӯб мекарданд.
Чӣ мегӯед?
— Очаам ба хотири ӯ (кӯдаки маъюб) худро хеле пир ва хаста кардан. Ба ҳамин хотир мегӯям, ки асабӣ нашав, зиқ нашав.
Висола аз шунидани ин гапҳо ях баста монд. Дар қалбаш барои фарзанде, ки ҳанӯз надидааст ва ба оғӯш накашидааст, тарси беандоза пайдо шуд. Агар кӯдаки ӯ ҳам бемор таваллуд шавад-чӣ? Оё хусураш ӯро ҳам ба куҷое ҳаво медиҳад?
Суҳроб ваҳмро дар чашмони занаш дида, ӯро сахттар ба оғӯш гирифт.
— Натарс, ман мисли ӯ нестам. Ман на туро ва на фарзандамонро ба ҳеҷ кас намедиҳам, — гуфт ӯ бо қатъият.
— Аниқ-а?
— Ҳа, кӯдаки мо солим таваллуд мешавад.
Вақте ки Малик ба хона баргашт, модараш — Сора-апа дар ҷогаҳ хаста мехобид. Садои қадамҳои писарашро шунида, ба зӯр чашмонашро кушод.
— Омадӣ, бачаҷон? Лайло чӣ гуфт? — овози ӯ қариб ба пичиррос мезад.
— Розӣ аст, оча. Фақат бояд падарашро рози кӯнонам, — Малик дар паҳлуи модараш нишаст.
— Тезтар кун, Малик... Вақти ман кам мондааст. Мехоҳам бахти туро дида, баъд бо оромӣ биравам.
Малик дастони лоғари модарашро сила кард. Дар пеши чашмонаш нигоҳи пур аз тарси Лайло ва умеди охирини модараш пайдо шуданд. Ӯ худро мисли байни ду оташ монда ҳис кард.
— Оча, шумо ҳанӯз зиёд зиндагӣ мекунед.
— Абдумалик, дадаат... Бигзор ӯ Ҳамзаро розӣ кунад. Бо ҳар роҳе ки бошад.
— Чаро?
— Модари Лайло...
Сора хомӯш монд.
— Чӣ, оча?
— Дадаат ӯро дӯст медошт.
— Наход?!
— Ҳа.
Сора чашмонашро пӯшида, оҳи сард кашид.
*******
— Нигоҳ кун, ман туро ба камера мегирам.
— Баъд-чӣ?
Соҳиба ҳайрон нигоҳ кард.
— Либосат бояд кушод (нимбараҳна) бошад. Чунки мардҳо ҳама ба дидани ту шавқ доранд. Ту бошад, дар бораи стримҳо ва контораҳо (бозиҳои қимор) гап мезанӣ.
— Ман намефаҳмам.
— Ин бизнес аст. Яъне ҳама ба ту шавқ пайдо карда, ба ин бозӣ ворид мешаванд. Дар зери пул мемонем.
Чӣ хел бизнес?
— Тупой ҳастӣ-да, Соҳӣ. Ки туро соҳиби маълумоти олӣ мегӯяд?
— Агар ин қимор бошад...
— Чӣ шудааст? Магар падарат туро ба дунё оварда, пул дод? Не, ӯ бо ту кор надорад. Ҳатто ба акаҳои хунат ҳам лозим нестӣ. Ҷони ман, биё «(пулро) кор кунем. Ту ҳам мошин бигир, хона бигир. Баъд кайфу сафо карда зиндагӣ кун.
— Бо чунин либос дар назди камера истода наметавонам.
— Хеле ноз кардӣ-я. Ма, ин пулро бигир. Ин ҳанӯз «аз хамир патир» (ибтидои кор) аст. Агар он тавре ки ман гуфтам, аз уҳдааш бароӣ, ҳатто пуштатро бо пул пок мекунӣ.
Дамир як банд асъори хориҷиро ба назди Соҳиба партофт.
— Тезтар либоспӯш. Ман камераро рӯшан мекунам. Бозиро сар мекунем.
Соҳиба дар умраш ин қадар пулро надида буд. Дарҳол розӣ шуда, ба либоспӯшӣ даромад.
— Баъд ҳамон гапҳоеро мегӯӣ, ки ман ёд додаам. Умуман гапи дигар илова накун.
— Майлаш.
— Агар ҳама ҷамъ шуда бошанд, сар мекунем.
Бисёриҳо ба соати худ нигоҳ карданд.
— Бозии калон сар шуд. Ҳеҷ кадоме аз мо ҳаққи хато кардан надорем.
— ӯ хеле айёр аст. Ҳатто одамест, ки тайёр аст аз фарзандони худ даст кашад.
— Ман инро ба ҳисоб гирифтаам. Мувофиқи нақшаи «А», ӯ ҳам нуқтаи заиф дорад. Мо маҳз ба ҳамон нуқта зарба мезанем.
— Ин наҳанг аст, ба шаст афтоданаш осон нест.
— Меафтад, моҳие, ки даҳонаш кушода аст, ҳамеша ба шаст меафтад. Идома медиҳам, ҳама мувофиқи нақша ҳаракат кунанд. Ҷояшро дигар накунад. Ҳаракати зиёдатӣ тамоми корро барбод медиҳад. Аз ҳама бадаш, сарриштаи корро боз ҳам печидатар мекунем.
— Ҳамон тавре мешавад, ки шумо гуфтед.
— Пароканда мешавем.
Маматбой дар назди занаш як даста ҳуҷҷатҳоро партофт.
— Ба инҳо имзо гузор.
— Барои чӣ? — Зебо ҳайрон шуд.
— Корхонаеро, ки ба номи ту ҳадя шуда буд, ба номи Зарнисо мегузаронем.
— Майлаш.
Маматбой бо овози баланд хандид.
— Намепурсӣ, ки чаро?
— Магар ман пеш ин ба кори шумо дахолат мекардам?
— Дахолат карда ҳам наметавонӣ, духтари (деҳқон). Туро ман одам карда гаштаам. Дар хонаат таппак мекардӣ, ба говҳо нигоҳ мекардӣ. Боз мегӯяд, ки ман бадам. Ношукр ҳастӣ, ношукр.
Зебо хомӯш монд.
— Фарз кунем, ки ин пора барои домод аст. Духтари сагзадаат ба кӣ ҳам лозим. Муҳимаш, рӯямон рӯшан мешавад.
Боз хандаи безеби Маматбой садо дод.
— Комилҷонро...
— Даҳонатро пӯш, ман чунин фарзанд надорам.
— Дадааш...
Ин дафъа ҳам гапи Зебо дар даҳонаш монд.
— ӯро мурда ҳисоб кун. Ман ба ту 30 сол боз мегӯям. Мурд, тамом!
— ӯ ҳам фарзанди шумо буд-ку.
Маматбой ҷунбон ҷунбон аз ҷояш хеста, ба рӯи Зебо як торсакӣ зад. Зебо рӯяшро дошта, нишаста монд.
— Ман се фарзанд дорам. Фаҳмидӣ? Туи «получро ман одам кардам. Ба ман шавҳар карда, чунин зиндагии шоҳонаро дидӣ. Имзо гузор!
Зебо гирякунон имзо гузошт. Маматбой ҳуҷҷатҳоро шарт кашида гирифту баромад.
Зарнисо дар хаёл ғарқ гаштааст. Ин ки он рӯзро ба ёд оварда наметавонад, ӯро азоб медиҳад. Аммо ҷароҳатҳои баданаш ба таври рӯшан нишон медиҳанд, ки бо ӯ чӣ шудааст. Гумон дорад, ки ин кӣ буд. Аммо гуфта наметавонад. Сабаби нагуфтанаш бошад кирдори падараш буд.
«Ту нагӯй, ки ман бегуноҳам, апаи ман ҳам айбе надошт. Падари ифлоси ту ӯро зӯран. Таҳқир кардааст, баъд бошад апаам... Ҳамида худро зинда ба зинда оташ задааст. Дарро аз дарун қуфл карда, худро сӯзондааст. Аз ҳама бадаш... Дар он оташсӯзӣ падару модарам ҳам бо ҷароҳатҳои вазнин пас аз чанде вафот карданд. Ҳар чӣ бо падарат кунам, кам аст. Аз ту нафрат дорам. Ту духтари ҳамон ифлос ҳастӣ».
Ин суханҳо дар хаёли Зарнисо пайваста давр мезананд.
Ба телефонаш паём омад. Бепарво нишастан гирифт. Вақте паёми дуюм омад, маҷбур шуд нигоҳ кунад.
«Имрӯз туро ба зиёфати шом даъват мекунам».
Алӣ мисли пашшаи хира часпида гирифтааст. Наход ӯ ҳазар намекунад? Агар каси дигар мебуд, ӯро интихоб намекард. Маълум аст, ки Алӣ ҳам манфиати худро меҷӯяд.
ДАВОМ ДОРАД.
6 комментариев
19 классов
Фильтр
Бархурд
Қисми 40 Чеҳраи Маматбой якбора дигар шуд. Ин савол ба нуқтаи нозуки ӯ расид. Ӯ ба ҳамсинфаш бо заҳрхандае нигарист, вале кӯшиш кард, ки исёни дарунашро нишон надиҳад. — Саги ман ҳам, муҳофизи ман ҳам — мана ҳамин писаронам, — гуфт ӯ ба Сардор ва Суҳроб ишора карда. — Аммо ту аз куҷо медонӣ, ки хонаро оташ задаанд? Ё худат ёрдам додӣ? — Девона шудӣ? Дар ҳама ҷо ҳамин гап-ку. — Хона аз носозии техникӣ сӯхтааст. Касе оташ назадааст. Аммо хаёли Маматбой дар ҷойи дигар буд. Ӯ дар байни издиҳоми гузар ҷустуҷӯкунон ба думболи тафтишгар мегашт ва ногаҳон чашмаш ба ӯ афтод. Пас, ҳар як қадами ӯро зери назар доранд. — Дар атрофи хонаат милитсия хеле зиёд мегардад. Дар омади гап, раҳматии ОлиБархурд
Қисми 39Садои он «шикастан» дар қафаси синаи Сӯҳроб гӯё сукунати тамоми хонаро барҳам зад. Ин дарди ҷисмонӣ набуд, балки нишонае аз чил-чил шудани охирин зарраҳои умед буд. Ӯ дастҳои сарди Висоларо миёни кафҳои худ гирифт.
— Кай? Чаро ба ман нагуфтӣ? — овози Сӯҳроб базӯр баромад.
— Мехостам шуморо эҳтиёт кунам ашки чашмони Висола дар торикӣ медурахшид. — Аммо ба ҳар ҳол, як рӯз мефаҳмидед...
Дар ҳамин вақт дар утоқи Маматбой телефон занг зад. Овози он дар тамоми хона танинандоз шуд. Танҳо пас аз ин зану шавҳар ба утоқи худ баргаштанд.
— Ҳеҷ гап нест. Ту танҳо дар ҳолати фишори рӯҳӣ ҳастӣ. Мо ҳануз соҳиби фарзандони зиёд мешавем.
Сӯҳроб дар ҳоле ки гулӯяшро чизе талх мехарошид, и
Бархурд
Қисми 38 Дар бораи чӣ фикр карда истодаед? Лайло Маликро, ки ғарқи хаёл буд, ба олами воқеӣ баргардонд. — Дар бораи модарам фикр мекунам. — Иншоаллоҳ, ба наздикӣ шифо меёбанд. Малик оҳи сарде кашид. Кошки, ҳамон тавре мешуд, ки Лайло мегӯяд... Зарнисо комилан ба доми навмедӣ афтода буд. Бо касе дуруст гап намезад, фақат дар кунҷи хона нишаста, хаёл сур мекард. Дари хонааш боз шуду Висола ворид гашт. Намедонам чаро, рангу рӯяш хеле канда буд. — Зарнисо, метавонам аз шумо як чизро пурсам? — Пурсед. — Оё ба гӯши шумо... ягон овози гиря мерасад? Зарнисо ҳайрон шуд. — Кадом гиря? — Намедонам, аз вақте ки ба хонаи кӯҳна кӯчидем, ин ҳолат давом дорад. Гӯё... як зан бо нолаву зории сахт гиБархурд
Қисми 37 Висола бо дили ларзон ва ҳаросон ба атроф нигарист. Дар хона ба ғайр аз ӯ касе набуд, аммо дар ҳаво гӯё нигоҳи касе ҳис мешуд. Ӯ ба деворҳо наздик шуда, гӯш андохт. Овоз дигар шунида намешуд, лекин ҳавои хона якбора хунук шуда рафт. — Тавба, нахот дар хона касе ё чизе бошад? — пичиррос зад ӯ ва китфҳояшро ҷамъ кард. Аз хонааш ба даҳлез баромад. Дар ҳамин вақт аз назди дарвоза овози мошин омад. Суҳроб ва Сардор аз қабристон баргаштанд. Аз чеҳраи ҳардуяшон аён буд, ки рӯҳияи хуб надоранд. Суҳроб ҳангоми ворид шудан ҳис кард, ки хона бефайз гаштааст; ҳар қадамаш холӣ будани ҷойи модар ва набудани гармии ӯро ёд меовард. — Висола? — садо кард Суҳроб бо овози гирифта. Висола давиБархурд
Қисми 36 Чаро ба ман ин хел нигоҳ мекунед? — гуфт Маматбой биниашро кашида. — Тақдир будааст, ҳар чӣ дар пешонаамон буд, дидем. Агар модаратонро... агар модаратонро наҷот медодем, ин хонаву дар ҳам... Сардор ба чашмони падараш тик нигоҳ кард. Дар нигоҳи ӯ ба ҷуз нафрат дигар ҳеҷ чиз намонда буд. — Дар фикри хона ҳастед, дада? Модари бечораам дар ин зиндагӣ рӯзи хуш надида рафт, қурбони касофати шумо шуд, — овози Сардор сард баромад. — Модарамро ба ёд наоред. Шумо ҳақ надоред номи ӯро ба забон гиред. Ниқоби сохтаи ғам дар як лаҳза аз чеҳраи Маматбой гум шуд. Рӯяш мисли санг шах шуда, чашмонашро қисид. — Чӣ мегӯӣ? Ту ҳанӯз ҷавонӣ, зиндагиро намефаҳмӣ. Ҳамааш барои шумо буд... ҲаракатДобавлено видео
01:22
Бархурд
Қисми 35 Сардор папкаро ба оғӯш гирифта, дар миёни харобаҳо нишаста монд. Атроф торик буд, танҳо аз дур садои зувзаи сагҳо шунида мешуд. ӯ ҳис кард, ки касе ба тарафи ӯ меояд, бинобар ин ҳушёр шуда, папкаро дар байни хиштҳо пинҳон кард. Шарпа наздик мешуд. Ин Ҳамза буд. Дар чеҳрааш аломатҳои хастагии бепоён аён буданд. ӯ ҳам пас аз фоҷиа хоб накардааст. — Сардор, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — пурсид Ҳамза бо овози паст. — Ба хона даро, пас аз ҷаноза мадору тавонат намондааст. Сардор аз ҷояш хеста, ба чашмони Ҳамза тик нигоҳ кард: — Амак... магар медонистед, ки падарам чаро шуморо ба хориҷа фиристод? Ва чаро солҳо дар он ҷо монда рафтед? Ҳамза мисли ҳайкал шах шуда монд. Нигоҳашро ба заБархурд
Қисми 34 Чароғҳои кабудтоби долони беморхона чеҳраи Сардорро боз ҳам рангпаридатар нишон медоданд. Фарёди хирросии Зарнисо дар гӯшҳояш дилхарош садо медод. ӯ ба девор такя карда, оҳиста ба замин нишаст. Дастонаш аз дуд сиёҳ шуда буданд, вале доғи қалбаш аз ин ҳам сиёҳтар буд. — Ҳамааш айби ӯст пичиррос зад. Сардор бо дандонҳои ба ҳам фишурда. Ҳамза ба китфи Сардор зад. — Сардор, писарам, худро ба даст гир. Падарат... падаратро ҳанӯз наёфтаанд. Милитсия кофта истодааст, — гуфт ӯ. Сардор ба ӯ бо нафрат нигоҳ кард: — Наёфтаанд? Ё гурехта рафт? Вақте медонад, ки хонааш оташ гирифтаасту зану фарзандонаш дар дарунанд, ӯ ба куҷо ғайб мезанад? Амак, ба ман афсона нагӯед! Шумо тасаввур кардБархурд
Қисми 33 Ман намебароям. Алӣ дигар паём нанавишт. Зарнисо бошад, дар оташи худ бирён шуда (ғарқи андешаҳои талх), назди тиреза нишаста монд. Дар ин хона ҳеҷ гоҳ оромӣ набуд. Дуруст аст, ки ӯ духтари эркаи падараш буд... Буд... Аммо ҳамааш сохта будааст. Ҳарчанд ба хотири падар ҷабр кашида бошад ҳам, интизор надошт, ки ӯро мисли як матоъ мефурӯшанд. Мана, боз қурбони муносибатҳо мешавад. Оё фардо Алӣ инро ба рӯяш намезанад? Охири ин зиндагӣ маълум нест. Зебо бо хӯрок ба хона даромад. Рӯмолашро тавре баста буд, ки қисми рӯяшро мепӯшонд. — Оча, ба рӯятон чӣ шуд? — Ҳеҷ чиз, ба хӯрокхӯрӣ набаромадӣ. Хӯрокро бихӯр. Зарнисо фаҳмид, ки падараш ӯро задааст. — Дадаам заданд? — Не. Дадаат барозагрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Салому дуруд ба хонандагони гуруҳ...
♥♥♥Хама руза шумо метавонед қиссаҳои ҳаёти, шеърхои ошикона ва харфхои шоиронаи дили худро мутолиа кунед♥♥♥
Хонандагони азиз лутфан дар муҳокимаи мавзуьҳо одоби суҳбатро риоя намоед!!!
↘Дустони худро низ даъват намоед↙
➡➡����БОҚИ ДАР АМОНИ ХУДО⬅⬅����
- Махфи, Худжанд (Александрия Эсхата, Ходжент, Ленинабад)
Показать еще
Скрыть информацию

