Дил аз ҷаҳон буридаам,
Танҳоиро гузидаам.
Шарбати ғам нушидаам,
Андар алам ҷушидаам.
Аз дасти ки? аз дасти дуст!
|
|
Бӯи умеди мо бирафт,
Субҳи сафеди мо бирафт.
Сояи беди мо бирафт,
Яъне умеди мо бирафт.
Аз дасти ки?аз дасти дуст!
|
|
Ҳар дам ба мо хиёнате,
Аз дуриҳо иҳонате.
Эй бас чигуна соъате.
Заҳри сухан ба ҷонате.
Аз дасти ки ? Аз дасти дуст!
|
|
Чашмони мо зи гиря тар,
Касе намекунад назар.
Аз ҳар тараф бонги хатар.
Мисоли кишти бе самар.
Аз дасти ки?аз дасти дуст!
|
|
Гушанишини кори мост,
Фасли куҳан баҳори мост.
Ҳеҷ аст ки ҷоннисори мост.
Соя ба ҷои ёри мост.