Фильтр
Бехато
Қисми 2

Марям духтаре, ки хеле барвақт бедор шуда буд, аз ҷойгаҳаш хест ва шавҳараш Самирро дид, ки дар аробачаи маъюбӣ хоб рафтааст. Ӯ дарҳол дарк кард, ки шаб гузоштани Самирро ба карат фаромӯш кардааст.
​— Э Худоё, аз ёдам баромадааст-ку, — гуфт духтар ва хам шуд, то ақаллан зери сари Самир болишт гузорад. Аммо беихтиёр ба рӯйи ҷавон нигоҳ карда монд. Пӯсти соф, чашмони қаҳваранг...
​Ҷавон бедор шуд. Ҳарду барои як лаҳза тарсиданд ва Марям аз ӯ дур шуд.
​— Узр мепурсам, шаб хобам бурдааст. Дидам, ки хоб ҳастед, хостам зери саратон болишт монам. Бедор шудед... — гуфт духтар ва чашмонашро аз ҷавон гурезонд. — Хайр... бароятон нонушта тайёр мекунам. Аммо аввал бояд либосҳоятонро...
Бехато

қисми 1..
Оё медонед, ки азоби ятимӣ чӣ гуна аст? Таҳқирҳои доимӣ... Нигоҳҳои пуртараҳҳуми одамон. Ҳамеша "ятимча" гуфта, пас заданҳо. Корҳоеро, ки бояд модарат ҳал мекард, дигарон анҷом медиҳанд... Ин азоб аст.
​Солҳо пеш падарам дар шаҳр оилаи худро дошта бошад ҳам, дар қишлоқ як духтарро дӯст дошта монд. Бо ӯ издивоҷ кард. Модарамро ба никоҳи худ даровард. Ягона сабаби розигии бобою бибиям — бой будани падарам буд. Модарам бошанд, хеле камбағал буданд. Бинобар ин, мухолифатҳо кам шуданд. Аммо вақте ман 5-сола будам, модарам аз сабаби бемории вазнин вафот кард. Модарсухта шудам. Падарам нагузошт, ки маро дар қишлоқ паст зананд. "Ту Зарифаи мани" гӯён, маро ба шаҳр, ба назди оилааш
Показать ещё