Фильтр
  • Класс
  • Класс
Як рӯзи Худо рӯзи амон мешуда бошад,
Ҳар он чӣ дилам хост, ҳамон мешуда бошад?

Чун ишқ, ки парвои маҳу сол надорад,
Армони дилам тозаҷавон мешуда бошад ?

Як умр ба таъзими сухан хома сар афканд,
Як рӯз сарафрози ҷаҳон мешуда бошад?

Гӯянд қалам гуфт, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Ин шоҳи ҷаҳон рисқрасон мешуда бошад?

Бар ваъдахилофони раҳи меҳру вафоям
Фарёди дилам бонги азон мешуда бошад?

Бар хоҳари ҳайрону ҷигарсузу ҷавонам,
Исои тараб муждарасон мешуда бошад?

Аз чак-чаки ашкам, ки чу борони баҳор аст,
Дунёи дилам баҳри дамон мешуда бошад?

Бедоди замон бурд азизони ман аз бар,
Бедодгарӣ сер зи ҷон мешуда бошад?

Сарсабзии пиндори ману ёди ту некӯст,
Бунёди ҷафои ту хазон мешуда бошад?

Гар
Яке аз беҳтарин овезаҳои ки дидам мақсад бисёр возеҳ аст дар сари чамбарак саросема нашуда ба роҳ баро дар роҳ шитоб накун чуноне ки мегуянд
Эй сорбон охиста рон
Маро хандон ба зоҳир бинӣ, дида пурнам дар ниҳон бинӣ,
Чу шамъе сӯзам, аммо дар лабам ханда аён бинӣ.
Саропои вуҷудам з- ин ҷаҳони сард афсурда,
Маро ҳар лаҳза дар гирдоби андӯҳи гарон бинӣ.
Навои хандаамро бишнавӣ, пиндорӣ шодам ман,
Вале дар пардаи он нолаи ҷонсӯзи ҷон бинӣ.
Ба ҷоми зиндагонӣ ҷуз шароби талх ҷорӣ нест,
Ҳазорон достон аз ғуссаю дарди ниҳон бинӣ.
Дигар ҳарфе мазан аз бахту шодӣ, эй дили ғофил,
Ки сар то пои ин олам ҳама дарду фиғон бинӣ.
____Пирзанеро барои сафедкории хонааш коргаре киро кард. Вақте коргар ба хонаи пирзан даромад, шавҳари пир ва нобинои ӯро дида дилаш сӯхт.
____Рӯзҳое, ки дар хона кор мекард, пай бурд, ки пирмард инсони бисёр хушҳол ва хушбин аст. Ӯ ҳангоми кор бо пирмард суҳбат мекард ва оҳиста-оҳиста бо ӯ дӯст шуд.
_____ Дар ин муддат ҳеҷ гоҳ ба маъюбияти ҷисмонии пирмард ишора накард.
Пас аз анҷоми сафедкорӣ, вақте коргар ҳисобномаро ба ҳамсари ӯ дод, пирзан пай бурд, ки маблағи навишташуда хеле камтар аз он аст, ки қаблан мувофиқа карда буданд.
____Пирзан аз коргар пурсид:
Чаро шумо ба мо ин қадар тахфиф додед?
Коргар ҷавоб дод:
Вақте бо шавҳари Шумо суҳбат мекардам, бисёр хушҳол мешудам ва аз тарзи
АЗ ҒАФЛАТ ТО ҲАҚ

Ғофил мабошед мардум,дунё вафо надорад
Ханда фиреб бошад дар дил шифо надорад
Имрӯз дихад мақомат , фардо кашад зи поят
Ин роҳи пур зи андӯҳ , ҳеҷ гоҳ сафо надорад

Молат бимонад охир ,ҷоят гирад дигар кас
Ҷуз кори нек дар ӯ , чизе бақо надорад
Пас рӯ ба сӯи ҳақ ор дилро зи кина пок кун
Он кас ки бо худо шуд ,дигар ҷазо надорад

Баҳром,агар биандеш дилро ба ҳақ супорад
Дунё ба ӯ дигар ҳеҷ ранҷу бало надорад
☃️❄️☃️

Худоё, дастҳои  меҳрубонатро, нигоҳи  ошиқонаатро,  меҳри  худовандиатро, раҳнамоии дилсӯзонаатро, ташвиқу танбеҳҳои ҳамешагиатро  барои худам, барои  дӯстонам  ва барои онҳое ки Ин Навиштаро мехонанд ва бо мо ҳастанд металабам.
Лаҳзае  ҳам  раҳоямон  макун,  ки бе  ту  қалбҳоямон Хушк аст. 
Ё Аллоҳ ба ту паноҳ мебарам аз ғамҳое ки дар хомӯши қалбро вайрона месозад

❄️☃️❄️
💦💦💦💦 Маҷрои зиндаги 💦💦💦💦
Ту ҳақиқатро намегӯӣ, то обрӯяш наравад,
Ӯ дуруғ мегӯяд, то обрӯятро бибарад.
Показать ещё