Фильтр
я не пойму, как можно девственность губ потерять в десять лет,
я не пойму, как малолеток забавляет запах сигарет,
я не пойму в чем крутость никчемных телефонов,
и чем обычный Nokia отличается от ваших айфонов.

как можно говорить человеку "люблю",
а потом без чувств смотреть в глаза,
и при встрече даже "привет" не сказать.
я никогда не понимал этого и понять не смогу. 

а ну ка давай, проснись человек,
ну да, у нас тут уже 21 век,
но это значит, что идти должны мы вверх,
а не понтами вызывать лишь смех.
Ба ёди ту эй нозанин магзу чонам месузад .Сарсон гашта зи ишкат риштаи умрам месузад. Меноламу менолам лонаи чугз гашта хонаи ман . Бе ту эй гули бехамто бустонам месузад. Бути рухат сохтаам дар каъри дилам. Бе парастори рухат каъри дилам месузад.
Ба он рӯю ба он мӯю ба он чашм
Ба он рӯю ба он мӯю ба он чашм
Ту бояд мешудӣ ҳамсуҳбати ман.
Ба он ҳусне, ки беҳ аз шеъри олист,
Ту бояд мешудӣ ҳамқисмати ман.

Ту бояд медавидӣ ҳамраҳи ман
Зи дунболи ҳавасҳои фиребо.
Ту бояд мепаридӣ чун фаришта
Зи дунболи хаёлам то фалакҳо.

Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Дили маъсуми ман расво намешуд.
Ту мебудӣ агар, андар сурудам
Чунин сенуқтаҳо пайдо намешуд.

Агар андар дилам ҷои ту холист,
Чунон холист ҷоят дар сурудам –
Ба ҷои номи ту дар дафтари хеш
Басо сенуқтаи мубҳам фузудам.

Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Ту пур мекардӣ он сенуқтаҳоро.
Сурудам дуртар парвоз мекард
Мунаввар карда паҳнои фазоро...

Ту бояд мешудӣ ҳамхонаи ман,
Оҳ, агар боз туро медидам
Оҳ, агар боз туро медидам,
Сар ба пою қадамат месудам.
Аз ҳама печу хами ҷодаи умр
Дар хами зулфи ту меосудам.

Мешикастам ҳама армони дилам
Дар сари зулфи шикан дар шиканат.
Бахти пажмурдаи ман гул мекард
Чун гули рӯи чаман дар чаманат.

Мекашидам зи ҳама дастон даст,
Мекушодам пари парвози баланд.
Шодбахтам! Ба суи ҳафт фалак
Мезадам дод ба овози баланд.

Менишастам ба барат чашм ба чашм,
Як қадам аз ту намерафтам дур.
Як қадам дур намерафтам ҳеҷ
Аз дари хонаи ту то дари гӯр.

Дар канори ҳама дунё умре
Нашъаи атри канорат бас буд.
Ахтари бахт намеҷустам ман,
Ахтари чашми хуморат бас буд.

Шояд он вақт сухан на зи фироқ,
Ё ғами дилшиканат
Показать ещё