Фильтр
ДИД ДИДА ДИДАЕРО, ДИДА ДИДА ДИД КАРД,
БАР ҚУЛАНГАШ ТИР АНДОХТУ ДИДАРО НОДИД КАРД.
Чашми сайёд ( дида) чашми дигареро парандаеро дид, дарҳол ба нишон (дид) гирифт.
Ба камонаш тир андохту ҳамон парандаро ( дидаро) парронд яъне нодидаш кард.
Нуқси худро ҷоҳилон банданд бар пои Худо,

Гар ҷаҳон вайрон шавад рузе, зи ҷоҳил мешавад.
А.МУРОДӢ

Одами нодон ҷоҳил ҳар гуноҳе, ки кард мегӯяд хости худо буд. Ин ҷаҳон рӯзе аз дасти чунин одамони нодони ҷоҳил вайрону валангор мешавад.
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам
раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни
хона оӣ?
Ба қиморхона рафтам, ҳама
покбоз дидам,
Чу ба савмаъа расидам, ҳама
зоҳиди риёӣ.
Дари дайр мезадам ман, ки яке зи
дар даромад,
Ки даро, даро, Ироқӣ, ки ту хос аз
они моИроқӣ
Фахриддини Ироқӣ
Шайх мефармояд, тавофи Каъба рафтам чун ба ба дари хона расида, садое ба гушам омад, ки ту дар зиндагият чи амалҳо хуб кардӣ, мисли намоз, рӯза, закот, садақа, ёри кардан, сохтани садақаи ҷория ку номбар кун баъд ба гирди хонаи мо биё. Шайх мегӯяд фикр кардам, ки қиморхона рафта будам, масҷид рафтам ҳама риё буд, ба дари ибодатгоҳи масеҳон расидам, ки гуфтанд дар ки аз одамони мо ҳастед.
Шайх
Ба даври Каъба ҳинду гашт, муъмин буд, кофар шуд,
Чу куфр аз Каъба бархезад, куҷо монад мусалмонӣ?
Ҳиндуе шунид, ки пайравони ислом ҳар сол ба зиёрати хонаи Худо ба Каъба мераванд ва гиди он мегарданду зиёрат мекунанд.
Ҳинду дилу танро як кард барои дарки ин зиёрат азми сафар кард.
Чун назди хонаи Худо расид мардуми зиёдеро дид, ки гиди хона мегарданд ва мегӯянд " Рабанно оттинно фи дунё ҳасаннатан ва фил охиратин ҳасанатан ва қинно азобаннор" яъне Парвардигор дар ин дунё бо мо некӯи куну дар охират аз некӯҳоят бархурдорамон куну аз оташи ҷаҳаннам дар амонамон нигаҳ дор.
Ва боз шунид, ки мегӯянд; "Лабайк Аллоҳума лабайак
Лабайка ло шарика лака лабайк
Иннал ҳамда, вал ниъмата
лака вал мул
Сӯйи хирадманд зи хар хартар аст,
Он ки мар ӯро ба сутурӣ ризост.
Носири Хусрав
Нафаре беақле чун хар агар бо беақлии худ ризо бошад, ин пеши оқилон аз хар ҳам хартар аст.

Изменена обложка группы

  • Класс
Показать ещё