Фильтр
Закреплено
01:12
Иди Рамазон Муборак
188 просмотров
  • Класс
02:29
ШОН МС МАРГИ МО 2024
20 просмотров
  • Класс
  • Класс
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман,
Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман.
Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман,
Аз дур ҳар нафас маро фарёд мекунӣ.
Ҳар гаҳ, ки сарду бетараф чун санги соҳилам,
Бо рӯҳи варшикастае дар банди мушкилам,
Меоӣ дар хаёламу дар ҷону дар дилам,
Шеъри наве ба дафтарам иншод мекунӣ.
Ҳар гаҳ, ки беилоҷаму ояд бадам зи худ,
Офоқ танг оядам дар арсаи вуҷуд,
Меоӣ чун фариштае аз осмон фуруд,
Як дам маро зи хештан озод мекунӣ.
Дар чашми туст шуълаи тасвири зиндагӣ,
Дар дасти туст санъати тақдири зиндагӣ,
Дар байни ин талотуму тасхири зиндагӣ,
Ёдат ба хайр, гар маро ҳам ёд мекунӣ!
[Лоиқ Шералӣ, 1988]
Ёри дурафтодаи ман, боз наздикам биё,
Лоиқи табрикам ин дам ,баҳри табрикам биё.
То набошад зиндагият баъд аз ин аз бад батар,
Ман ҳануз он хостгори қисмати некам биё.
Рӯзҳоямро сияҳ карди ба ҳусни равшанат,
Эй ягона шӯълаи шабҳои торикам биё!
Аз дағалбозии дуньё дар мағал афтодаам.
Эй адофаҳми ҳама эҳсоси борикам биё!
Ҳеҷ кас неку бадамро чун ту тахҳдоне набуд,
Гар бадам ман аз ҳама ё аз ҳама некам , биё!
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ.
Туро дар хеш гӯрондам,
Ман акнун гӯрбонат мешавам то охири умрам.
Маё бар дидани ман, лек гоҳе ёд кун худро,
Биё худро зиёрат кун.
Лоиқ Шералӣ
58764247105586
  • Класс
Показать ещё