Предыдущая публикация
Аз ишки нофарчоми мо,чуз ёдхо чизе намонд,
Чуз охи парбуридаву фарёдхо чизе намонд.
Афсона буд,афсона рафт,ошнои дил бегона рафт,
Дар домани уммедхо,чуз бодхо чизе намонд.
Ун ваъдахои сар-сари дар кади рохе гум шуданд,
Ун номахои кафтари шабхо ба чанги бум шуданд.
Як сол не,сад сол не,умре намеёбам, гуло!
Аз гармии огуши ту дастони ман махрум шуданд.
Аммо,ханузам хотира дарвозаи дил мезанад,
Нохуни вакт аз хар тараф,гуё вучудам меканад.
Пинхон гурезам аз гамат,аз шахрхо то шахрхо,
Тарсам,ки тири ишки ту аз по маро меафканад..
Аз ишки нофарчоми мо,чуз ёдхо чизе намонд...
Насим Исоев


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев