Ширин даҳони он бути
айёр бингаред,
Дур(р) дар миёни лаъли
шакарбор бингаред.
Бустони оразаш,ки
тамошогаҳи дил аст,
Пурнаргису бунафшаву
гулнор,бингаред.
Аз мо ба як назар биситонад
ҳазор дил,
Ин обрую равнақи бозор
бингаред.
Сунбул нишонда бар гули
сурӣ,нигаҳ кунед,
Анбар фишонда гирди
суманзор,бингаред.
Имрӯз рӯи ёр басе хубтар зи
дист,
Имсол кори ман батар аз
пор,бингаред.
Дар аҳди шоҳи одил агар
фитна нодир аст,
Ин чашми масту фитнаи
хунхор бингаред.
Гуфтор бишнаведашу
донам,ки худ зи кибр,
Бо кас сухан нагуяду рафтор
бингаред.
Он тдам,ки ҷаъди зулфи
парешон барафканад,
Сад дил ба зери турраи таррор
бингаред.
Ганҷест дурҷи дурри ақиқини
он писар,
Болои г