ХУДО НОМ ДОРАД
Агар ту бо касе шинос шудан хоҳӣ, ту одатан ба ӯ чӣ савол медиҳӣ? ~ Дуруст, ту аввал номашро мепурсӣ. Ҳамаи мо ном дорем. Худо ба одамони аввалин ном гузошт. Ӯ марди якумро Одам номид ва занашро Ҳавво.
2 Лекин на фақат одамон ном доранд. Дигар чизҳо низ ном доранд. Масалан, агар ягон кас сагча ё гурбача дошта бошад, вай ба онҳо ном мемонад, ҳамин тавр-не? ~ Ҳа, ном доштан хеле муҳим аст.
3 Агар шабона ба осмон нигоҳ кунӣ, ту ситораҳои хеле зиёдро мебинӣ. Ба фикри ту, оё онҳо ном доранд? ~ Бале, Худо ба ҳар як ситора ном мондааст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Худо шумораи ситораҳоро медонад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад» (Забур 146:4).
4 Ба фикри ту, дар тамоми Олам