"Аё эй, моҳи шабҳоям шабат хуш!
Шакарафшони лабҳоям шабат хуш! " ( Рӯъё Усмонӣ)
Илҳом аз шоира Рӯъё:
Ало эй, оламорям шабат хуш.
Камонабрӯ, дилороям шабат хуш.
Зи ман дури, хумор аз чашми ман дур,
Хумори чашми раҳпоям шабат хуш.
Умедам, орзуям, зиндагиям,
Таманноям, тасаллоям шабат хуш.
Баҳорам, арғувонам, армуғонам,
Насими боди саҳроям шабат хуш.
Гули хушбӯи раъноям шабат хуш.
Ало эй, шаҳди гулҳоям шабат хуш.
14. 04. 2020 ( М. Акбарӣ )
00 : 15