Иморот ва Баҳрайн бо Исроил тавофуқи сулҳ имзо карданд
Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн созишномаҳои барқарорсозии робитаҳои расмӣ бо Исроилро имзо карданд. Маросими ба имзо расидани ин тавофуқномаҳо рӯзи сешанбеи 15-уми август дар Кохи Сафед ва бо мизбонии президенти Амрико Доналд Трамп баргузор шуд. Бар асоси ин созишнома, муносибатҳои расмӣ байни ин се кишвар оғоз шуд.
Пас аз Миср ва Урдун, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду кишвари Халиҷи Форс мебошанд, ки созишномаи барқарорсозии муносибатҳо бо Исроилро имзо карданд.
Ба гуфтаи коршиносон, пас аз ин Умон, Судон, Марокаш ва Арабистони Саудӣ кишварҳое хоҳанд буд, ки эҳтимоли имзои созишномаи оддисозии робитаҳо миёни онҳо ва Исроил ву