Шабе хоб будам, ки дар хобам туро дидам ва мо чашм аз якдигар наканда дасти хам гирифта будем. Медони? Ин лахзаи зеботарини хаётам буд, харчанд ин хоб буд, вале ширинтарин лахза бароям буд. Хамин вакт касе маро аз хоб бедор кардани буду дасти ману ту охиста аз хам чудо мешуданд, вале ман бар замин нишаста аз Худованд илтичо мекардам, ки дигар хеч гох бедор нагардам, вале хайхот, афсус, сад афсус, ки аз хоб бедор гаштаму зор-зор гиристам ва ба худ гуфтам, ки ману ту осмону заминем, ки хамеша ру ба руи якдигар меистему хеч ба якдигар наздик шуда наметавонем... Боз хам туро аз хама болотару аз моли дунё кимматтар мешуморам...