Свернуть поиск
Фильтр
Напишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Дополнительная колонка
О группе
Руст мешавамо, рӯма набинад додот,
Эй духтари ҳамсоя, мурам дар қошот.
Эй духтари ҳамсоя, дилам хун кардӣ,
Фарҳод будамо, ту мана Маҷнун кардӣ.
Духтар:
Эй баччаи ҳамсоя, аҷаб нодунӣ,
То кай мани сӯхтагира месӯзунӣ.
Ду рӯзи дигар дастот ба қултуқ гардӣ,
Ман мераваму ту аз манам мемунӣ.
Ҷавон:
Валлоҳ, ба Худо, ки рост гуфтӣ, духтар,
Дорӣ ту аҷаб як падари бадгавҳар.
Имрӯз агар рӯма намолам ба дараш,
Фардо нигарам, ки тура додай шавҳар.
Духтар:
Эй баччаяке, акнун даромад ҳушат,
Гапҳои маро шунав ба ҳар ду гӯшат.
Ин бега агар ҳеҷибият дер мунад,
То рӯзи қиёмат хунукай оғӯшат.
Ҳар ду:
То рӯзи қиёмат ҳар ду як ҷо бошем,
Худо накунад, ману ту ҷудо бошем
"VITKON" vTk
Показать еще
Скрыть информацию
Правая колонка

