Фильтр
Эй Аллохи бузург инкадар имтихони Ту бисёр аст...Бо ишк месанчи!..Бо бемори месанчи?..Бо фарзанд месанчи!..Бо гуруснаги , бо ночори месанчи!..Чизеро ки фидо накунам лозим нест..Чизеро ки эхтиёт кунам бо он месанчи...Вале эй Аллохи мехрубон факат бо Модар насанч ...
Эй дуст, дар ин чахон мо як нафасем,
Гах оташу,гах гулему гах хору хасем .
Харчанд вафо надорад,ин дори фоно,
Бояд ки ба кадри якдигар мо бирасем.
ЧАРО БИҲИШТ ЗЕРИ ҚАДАМҲОИ МОДАРОН АСТ?

Оё ҳар зане, ки унвони модарӣ дошта бошад, Биҳишт армуғони ӯст? Мақсуд ва манзур аз инки мегӯянд: Биҳишт зери қадамҳои модарон аст, чист?
Оё эҳтиром гузоштани фарзанд ба модаре, ки ба фарзандонаш зулму ситам раво дошта аст ҷоиз аст?

Модар, ин неъмату муваҳҳибати илоҳӣ ва ин фариштаи заминӣ дар Қуръону ривоёт пайваста мавриди такриму тамҷид қарор гирифта аст. Худованди маннон илова бар ин ки ба мақому манзилати волидайн[1], подошу мукофоти азиме ваъда додаанд, таклифи фаровонеро бар уҳдаи фарзанд қарор дода аст. Расули Худо (с,а,в) ва авлиёи илоҳӣ дар ривоёти фаровоне ба баёни мақому манзилати волидайн пардохтаанд. Яке аз ин аҳодисе, ки баёнкун
ТАЪРИХИ ҲАҶ ВА ЧИГУНА БИНОШУДАНИ КАЪБА..!! (кисми 2)

Нақл кардаанд, ки модари ҳазрати Исмоил(а) пеш аз он ки Иброҳим(а) ва Исмоил(а) хонаи Каъбаро бисозанд даргузашт ва дар маҳалли «Ҳиҷри Исмоил» ба хок супурда шуд.

Сохта шудани хонаи Каъба ба дасти ҳазрати Иброҳим(а)

Ибни Ҷурайр аз Касир ва ў аз Ибни Аббос нақл мекунад: Иброҳим(а) муддате дар Шом монд ва сипас барои бори саввум ба Макка омад. Дар онҷо Исмоилро дид, ки зери дарахте наздики Замзам нишастааст ва тире метарошад. Ҳазрати Иброҳим(а) салом дод ва канори ў нишаст ва сипас гуфт: «Эй Исмоил! Ҳамоно Парвардигор фармудааст хонае бисозем». Сипас ҳар ду даст ба кор шуданд. Чун деворҳо баланд шуд ва дастрасии Иброҳим(а) бар он
Показать ещё