4. НИШОНАХОИ КИЁМАТ.
Бегонагӣ аз Ислом
Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Ислом дар ҳолати ғурбат ва бегонагӣ зоҳир шуд, ки мардум аз ӯ фирор мекунанд ва онҳое, ки динро қабул мекарданд теъдодашон бисёр кам буд, рӯзгоре хоҳад омад,ки Ислом дубора ғариб ва бегона мешавад, ҳамон гуна, ки дар ибтидо буд. Пас онҳое, ки бар Ислом амал,мекунанд теъдодашон хеле кам хоҳад шуд.
Сипас иршод фармуд, ки: Хӯшхабарӣ ва башорат аст барои он касоне, ки ба сабаби рафтан ба роҳи
Ислом,бегона ба шумор оянд.
Тавзех;: Мақсуд ин аст, ки вақте, ки ман ба Ислом даъват додам, ибтидо чанд нафаре Исломро пазируфтанд дар ҳоле, ки аксари марду