Ҳафтаи шонздаҳу мо бе модарем,
Монда з-он рӯзи сиё бе модарем,
Гуфта, модарҷон биё, бе модарем,
Рӯ ба даргоҳи Худо, бе модарем,
Бо ду дастони дуо, бе модарем.
Соли нав фардо дарояд, модарам,
Рӯзи мавлудат ҳам ояд, модарам,
Бе ту моёнро чӣ бояд, модарам,
Рӯзи тавлид оӣ шояд, модарам,
Ҳафтаи шонздаҳу мо бе модарем.
Гашта бемор аз ҷудоӣ хоҳарам,
Синабирён дар ғами ӯ додарам,
Бо сари хамгашта беболу парам,
Зодарӯзаш асту дар мебингарам,
Монда з-он рӯзи сиё бе модарем.
Дидаҳо гирён шуду хун шуд ҷигар,
Раҳми ӯ н-омад ба ин чашмони тар,
Илтиҷо кардем наомад аз дигар,
Мондаем дар ёди ӯ бо дарди сар,
Гуфта, модарҷон биё, бе модарем.
Ҷойи ӯ ҷаннат намо, Парвардигор,
Некӣ буд дар зиндагӣ ӯро ши