Фильтр
01:01
9 сентября 2023 г.
1 просмотр
  • Класс
Зар биёби ,вале заргар наёби,
Умеди рафтаро аз сар наёби.
Ганимат дон хар як харфи модар,
Пас аз модар, дигар модар наёби.
Нола кардам эй ишк, ки ёрам
бевафо шуд.
Ханда кардам эй рашк, ки ёрам аз
ман чудо шуд.
Таъна зан эй ишк, ки дардат даво
шуд.
Ғами дунё бар мани бечора ҷо шуд
Падар пайгамбару модар
фаришта,Халоик ин дуро тавре
навишта.Падар шамъ асту модар
мохи тобон,Падар инсону модар
чони инсон.
♥Магӯрез аз нафаре, ки либоси
ифлос дорад,
Балки гӯрез, аз нафаре, ки фикрҳои
ифлос дорад.
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ
модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву
бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе
беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯи
зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси
сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман
шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди
охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар,
туӣ модар.
Падару модар дарахти сабзи
низоми хилқатанд, ки фарзандон
меваҳои шодоби он мебошанд.
Онон замини пурбаракате ҳастанд,
ки маҳди пурмеҳри онон,
заминасози парвариши насли
одамиён ва оғӯши гармашон,
бистари муносибе барои рушду
шукуфоии истеъдоди фарзандон
мебошад.
Дар Қуръони Маҷид, ҳудуди нуздаҳ
бор аз эҳсон ва некӣ ба падару
модар сухан ба миён омадааст ва
аҳамияти он то ҷое аст, ки пас аз
тавҳид ва парастиши Парвардигор,
некӣ ба падару модар аз
муҳимтарин супоришҳои Худованди
Мутаол аст. Шукргузорӣ аз падару
модар дар канори шукргузории
Худованди Мутаол ёд шудааст.
Показать ещё