Ман ба ҳар роҳе, ки
бошад сӯйи
Аллоҳ меравам,
Дар дилам алҳамду ли-л-Лаҳ' сӯйи Даргоҳ
меравам..
Бар кафам гаҳ бодаву гаҳ сабҳаву гоҳе зуннор'
Аз макони «Ло илоҳа» то «ила-л-Лоҳ»
меравам.
Дар замирам аз азал ҷозибаи Ишқи Вай аст!
Баҳри дидор то абад ман хоҳу нохоҳ
меравам. Пеши чашмонам Худосту дар замирам низ
ҳам,
Дасти ҳам бигрифта бо Ӯ то ҳува-л-Лоҳ'
меравам.
Дил макони дидани дидори рӯйи Дӯст аст,
Гоҳ ғарқи баҳри дил мегардаму гоҳ меравам. Пешу пас, болову поён, дар чапу ростам
Худост'
Ҳар кучо, ки меравам ман, сӯйи Аллоҳ'
меравам!
Ҳаст ҷони ман зи Аллоҳу дилам маъвои Ӯст'
Руз бо Шамси мунаввар, шом бо Моҳ меравам.
Нест ин дунё маро маъвою ҷойи зист ҳам,
Менишинам як