Агар гуям, туро ман дуст дорам, рост мегуям,
Агар гуям, ки бе ту бекарорам, рост мегуям.
Мани хомушу хайрон андар ин фасли шукуфтанхо,
Агар гуям, ки бе ту бебахорам, рост мегуям.
Ба дардам хандахои ту даво бошанд, бовар кун
Агар гуям, ба лабханди ту зорам, рост мегуям.
Агар гуям, ки бо имдоди Аллах сарнавиштамро,
Дигаргун карда бар номат гузорам, рост мегуям.
Агар гуям, ки дар дунёи серузи мухаббаткуш,
Дилу чонро дар ишкат месупорам, рост мегуям.
Агар гуям, ки дар сарлавхаи ашъори пурдардам,
Ба чуз номи накуи ту наорам, рост мегуям.
Агар гуям, ки дар дунёи рангини чавониям,
Азизам, чуз ту дигар кас надорам, рост мегуям.
Агар гуям, ки дар руи замини беканори шавк,
Маро танхо ту