23 Сураи МӯЪМИНУНБа номи Худои бахшояндаи меҳрубон!1.Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:2.онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд3.ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд4.ва онон, ки закотро мепардозанд5.ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд,6.ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд7.ва касоне, ки ғайр аз ин (ду роҳи машрӯъро) биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд8.ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худ риоя мекунанд9.ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд (пойдоранд),10.инҳо меросбарон ҳастанд,11.ки ҷаннатро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд.12.Албатта, Мо инсонро аз гили холис офаридем,13.Сипас ӯро нутфае дар ҷойгоҳе