Вақте, ки Мусо аз Худованд талаби дидани ҷамоли Ӯ таъолоро кард, аз он бехабар буд, ки тоқати дидани Ӯ таъолоро надорад. Ва Худованд талаби Мусоро инкор накард, балки ба ӯ гуфт, ки ба куҳ бингарад, вақте, ки Худованд ба куҳ таҷалии худро зоҳир кард куҳ пора пора шуду Мусо аз ҳуш рафт. Худованд ба Мусо фахмонд, ки куҳ ба азамату базургиаш бардошти таҷаллии Худовандро надорад, пас чи гуна инсон, ки заъиф аст тоқати дидани таҷалии Худовандро дорад?
Ва боз Худованд дар оят нагуфтааст, ки ман дида намешавам ва ё назар кардан ба ман мумкин нест.
Вақте, ки Худованд ҷамоли худро бар куҳе, ки савоб ва ё иқобе надорад таҷаллӣ дод, пас чи гуна ҷамолашро ба паёмбарон ва дустони худ нишон намедиҳад. Ҳо