Фильтр
6 ). Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон
121. Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд
нашудааст, нахӯред, ки худ нофармонист. Ва
шаётин ба дӯстони худ ваҳй мекунанд, ки бо
шумо муҷодала кунанд; агар аз онҳо пайравӣ
кунед, аз мушриконед,
122. Оё он касе, ки мурда буд ва Мо зиндааш
сохтем ва нуре дар роҳаш доштем, то ба он
дар миёни мардум роҳи худро биёбад,
монанди касест, ки ба торикӣ гирифтор аст ва
роҳи берун шуданро намедонад? Амалҳои
кофирон дар назарашон инчунин ороста
гардидааст!
123. Ва ба ин тавр дар ҳар деҳае
гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем,
то дар он ҷо макр кунанд, вале намедонанд,
ки ҷуз бо худ макр намеварзанд.
124. Чун ояе бар онҳо нозил шуд, гуфтанд, ки
6 ). Ба номи Худованди
бахшояндаи меҳрубон
91. Вақте ки мегӯянд, ки Худо бар ҳеҷ инсоне
чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки
лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки
Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард,
чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар
коғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор
месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба
шумо чизҳо омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо
медонистед ва на падаронатон медонистанд.
Бигӯ: «Он Оллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то
ҳамчунон ба ботили худ дилхуш бошанд.
92. Ин аст китобе муборак, ки нозил кардаем,
тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил
шудааст. То бо он мардуми уммулқуро ва
мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба
рӯзи қи
6 ). Ба номи Худованди
бахшояндаи меҳрубон
56. Бигӯ: «Маро манъ кардаакд, ки он
худоёнро, ки ғайри Оллоҳ мехонед, парастиш
кунам». Бигӯ; «Ба ҳавасҳои шумо пайравӣ
намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз
ҳидоятёфтагон набошам».
57. Бигӯ: «Ман аз Парвардигорам далеле
равшан дорам ва шумо он далелро дурӯғ
мехонед. Он кӣ ба ин шитоб металабед, ба
дасти ман нест. Ҳукм танҳо ҳукми Худост.
Хақиқатро баён мекунад ва Ӯ беҳтарини
доварон (ҳукмкунандагон) аст».
58. Бигӯ: «Агар он чиро, ки бад-ин шитоб
металабед, ба дасти ман буд, миёни ману
шумо кор ба поён мерасид, зеро Худо ба
ситамкорон донотар аст».
59. Калидҳои ғайб назди Ӯст. Ғайри Ӯ касеро
аз ғайб огоҳӣ кест. Ҳар чиро, ки дар х
6 ). Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон 1. Ситоиш аз они Худовандест,
ки осмонҳову заминро биёфарид ва
торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин
ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро
баробар медоранд. 2. Ӯст, ки шуморо аз гил
биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате
дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа
мекунед. 3. Дар осмонҳову замин Ӯст, ки
Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад
ва аз кирдоратон огоҳ аст. 4. Ва ҳеҷ ояе аз
оёти Парвардигорашон барояшон нозил
нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд! 5.
Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғ
бароварданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки
масхараашон мекарданд, ба онҳо хоҳад расид.
6. Оё надидаанд, ки пеш аз онҳо чӣ
мардумер
5). Ба номи Худованди бахшояндаи
1. Эй касоне, ки имон овардаед, ба
паймонҳо вафо кунед. Ҳайвоноти чаҳорпо,
ғайри онҳое, ки аз ин пас бароятон гуфта
мешавад, бар шумо ҳалол шудаанд ва он
чиро, ки дар ҳоли эҳром сайд мекунед, ҳалол
нашуморед. Худо ба ҳар чӣ мехоҳад, ҳукм
мекунад!
2. Эй касоне, ки имон овардаед, шиорҳои Худо
ва моҳи ҳарому қурбониро чӣ холӣ аз қилода
ва чӣ бо қилода (гарданбанд) ҳурмат
нашканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ
ва хушнудии Парвардигорашон нияти
байтулҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун
аз эҳром берун омадед, сайд кунед ва
бадбинӣ бо қавме, ки шуморо аз
масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон
насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва
дар некӯкор
4). Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон
126. Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову
замин аст ва Худо бар ҳар чизе бо илмаш
иҳота дорад.
127. Аз ту дар бораи занон фатво мехоҳанд,
бигӯ: «Худо дар бораи онон ба он чӣ дар ин
китоб бар шумо хонда мешавад, фатво
додааст. Ин фатво дар боби онҳо ва занони
падармурдаест, ки хаққи муқаррарашонро
намепардозед ва мехоҳед онҳоро ба никоҳи
худ дароваред ва низ дар боби кӯдакони
нотавон аст. Ва бояд, ки дар бораи ятимон ба
адолат рафтор кунед ва ҳар кори неке, ки
анҷом медиҳед, Худо ба он огоҳ аст.
128. Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ
бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки
ҳар ду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд,
ки оштӣ беҳтар а
1. Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон
Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед,
чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро
пинҳон мекунед?»
72. Гурӯҳе аз аҳли китоб гуфтанд; «Дар
аввали рӯз ба он чӣ бар мӯъминон нозил
шудааст, имон биёваред ва дар охири рӯз
инкораш кунед, то шояд аз эътиқоди хеш
бозгарданд».
73. Ва гуфтанд; «Ғайри пайравони дини худро
тасдиқ накунед». Бигӯ; «Ҳидоят хидояти
худоист». Ва агар гӯянд, ки ба дигарон ҳамон
чизҳое дода шавад, ки ба шумо дода шудааст
ё агар гӯянд, ки фардо дар назди
Парвардигоратон бо шумо ба ҳуҷҷат меистанд,
бигӯ: «Фазилат ба дасти Худост, ба ҳар кӣ
хоҳад, онро ато мекунад, ки Ӯ бахшояндаву
доност!»
74. Ҳар киро бихоҳад хоси р
1. Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон!
Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он,
ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан
ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони
бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое,
ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе
мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред.
Албатта Худо назораткукандаи шумост!
2. Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва
ҳаромро бо ҳалол иваз накунед. Ва молҳои
онҳоро ҳамроҳ бо молҳои хеш махӯред, ки ин
гуноҳе бузург аст!
3. Агар шуморо бими он аст, ки дар кори
ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ
шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва
чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар
бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед,
танҳо як
1. Ба номи Худованди бахшояндаи
меҳрубон!
151. Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд.
Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате
нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои
онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамкорон
макони бадест!
152. Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд,
вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро
мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро
дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ
кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва
нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё
шудед ва баъзе хостсри охират. Сипас то
шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан
водошт! Инак шуморо бибахшид, ки Ӯро ба
мӯъминон бахшоишест!
153. Он гоҳ ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ
намекардед ва паёмбар
Ба номи Худованди бахшояндаи
101. Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле,
ки оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва
расули Ӯ дар миени шумост? Ва ҳар кӣ ба
Худо тамассук (наздикӣ) ҷӯяд, ба роҳи рост
ҳидоят шудааст.
102. Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки
шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар
ҳолати мусалмонӣ миред.
103. Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед
ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо
бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он
ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ
дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба
лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз
оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид.
Худо оёти худро барои шумо инчунин баён
мекунад, шояд ҳидоят ёбед.
104. Бо
Показать ещё