Дилам бар холи ёрони гарибафтода месузад, Ба холи ошики бар бевафо дилдода месузад. Замона кард модарро зи фарзандаш чудо имруз, Дилам бар модари бо чашми чор истода
месузад. Намонда кадри шеъру шоиъири дар ин замони мо, Дилам бар шеъру байту шоъиру сарвода месузад. Ба осони ба макри нокасон афтода духтархо, Дилам бар холи хар як духтарони сода месузад. Набояд пистаи бемагз
харгиз во кунад лабро, Дилам бар пистаи бемагзи лаббикшода
месузад. Набинам кош беморе,
ки сар бинхода дар болин, Дилам бар холи беморе, ки сар бинхода месузад.