***ДАСТУРХОНИ МОДАР*** Дилам пазмони дастурхони модар, Фатиру кулчақанду нони модар. Даво буд косаи ҷурғоти нармаш, Сафо буд маскаву айрони модар. Палавро мепазид бо майли хосе, Ки дилҳо гашта буд майлони модар. Аҷоиб мантуву тушбера мебаст, Бигӯи гул сари гулдони модар. Чи гӯям аз қурут-оби лазизаш, Вуҷудам гашта буд қурбони модар. Шакар-обаш агарчи бе шакар буд, Асал буд ҳосили дастони модар. Зи оши туппаву оши бурида(ш) Музайян буд ҳамеша хони модар. Чу гандумкӯчаву ӯмочу кочи(ш) Шифо буд ҳулбаву райҳони модар. Надидам мисли ӯ кайбонуеро, Агар дидам, набуд ҳамсони модар. Агарчи чирадастоне зиёданд, Набошад лек чун дастони модар. Ҳама навъи таомаш лаззате дошт, Ҳунар буд ҷумла ангуштони модар. Ҳамеша накҳате аз меҳр медод, Танӯру дегу оташдони модар. Муродӣ, аз куҷо ёбам дигар бор, Суроғи нону дастурхони модар. Басо аз лаззати дунё чашидам, Намеарзад ба ними нони модар. МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 24.10.2025
    0 комментариев
    0 классов
    ***** МУНОҶОТ ***** Ё Раб, назаре кун ба дили зори Муродӣ, Саршори ғам аст синаи афгори Муродӣ. Сар то қадамам ғӯтида бар домани исён, Тарсам, чи шавад оқибати кори Муродӣ. Бо лутфу карам роҳе намо сӯи наҷотам, Чунки набувад ҷуз ту мададгори Муродӣ. Бо рӯи ниёз омадаам пеши дари ту, То сози қабул тавбаву изҳори Муродӣ. Эй Холиқи пок , оинае соз диламро, Равшан бинамо гавҳари дидори Муродӣ. Ҷуз Ту натавонад касе бедор бисозад, Аз хоби гарон қалби гунаҳкори Муродӣ. Ҳар гоми маро ҷониби даргоҳи худат бар, Гар мунҳариф*аст пояи рафтори Муродӣ. Думболи Калому сухани поки Расулат Побаста бикун ҷумла ҳама кори Муродӣ. Рӯзарду сарафканда макун пеши Ҳабибат, Бо дидани Ӯ рӯи нагунсори Муродӣ. Шояд гунаҳам бештар ояд зи савобам, Нодида бигир иллати бисёри Муродӣ. Он лаҳза, ки омад малаки мавт суроғам, Осон бинамо ҳолати душвори Муродӣ. Бо гавҳари имону ба гуфтори шаҳодат, Рахшанда бикун хотимаи кори Муродӣ. Тарсам зи азоби сақару рӯзи ҳисобот, Хун мечакад аз синаи ғалбори Муродӣ. Як лаҳзае аз раҳмати худ дур магардон, Ҷуз бори гунаҳ чист ба хирвори Муродӣ!? Хайру амали нек бидеҳ, токи бигардад, Дар хонаи торику сияҳ ёри Муродӣ. Бе саҳву хато кист, ки афви ту нахоҳад, Бе афви ту хорист сазовори Муродӣ. Аз ҷумлаи некони дарат ҳашр бигардон, Дар рӯзи ҷазо ҷисми пурозори Муродӣ. Он рӯзе, ки аз ташнагӣ сӯзад даҳану ҷон, Сероб бикун ҳалқи гирифтори Муродӣ. Вазнинӣ бидеҳ бар амали неки мизонам*, Аз бори гуноҳ, карда сабук бори Муродӣ Ҳолам чи шавад аз пули бурандаву борик, Ёро, Ту бигир дасти хатокори Муродӣ. Аз оташи пурваҳшату пурсӯз нигаҳ дор, Ҷону тани озурдаву ғамбори Муродӣ. Дар ҳарду ҷаҳон мағфирату офиятам деҳ, То онки саодат бишавад ёри Муродӣ. Бо ҳамду саноят бикунам хатми муноҷот, Ё Раб, бипазир ҳарфи гуҳарбори Муродӣ. Ҳар бандаи бо дасти дуоро Ту биомурз, З-ин ҷумла мани оҷизу ночори Муродӣ. - (МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).08.02.2017. - Мунҳариф* - аз роҳи рост баромада. Мизон* - тарозу, тарозуи аъмол. Пули бурранда* - пули сирот, гузаргоҳи борику тезе, ки аз рӯи дӯзах ба тарафи ҷаннат кашида шудааст.
    0 комментариев
    0 классов
    Чун ту, Ёро, кас набошад дилнавозу ёри дил, Гул шавад хори ҷаҳон гар бошиям ғамхори дил. Ҳар ғамат ҳикматфизову шодият шукрофар аст, Нори ҳаҷрат нурбахши хонаи гулнори дил. Чорасозо, илтифотат чораи бечорагон, Бо умеде бастаам сӯят нигоҳи чори дил. Лаҳзае ғофил машав аз синаи ғамбори ман, Бори дурии висолатро магардон бори дил. Побаҷо* бошад дилам дар корзори ишқи Ту, Кардаам инкори олам то бисозам кори дил. З-он даме, ки бо Ту бастам риштаи байъу широ(ъ)* Ҷуз Ту нагзорам касеро бар дари бозори дил. Ҳар куҷое бингарам дар рӯбарӯям рӯи туст, Хуштар аз рӯят чи бошад бар дилу дидори дил. Эй Муродӣ, ҳар дили солим бақобин асту бас, Дори фонӣ кай хурад бар дидаи бедори дил?! - МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 2.09.2021 - Побаҷо*- побарҷой, устувор. Байъу широ(ъ) - Фурӯшу харид.
    0 комментариев
    0 классов
    سؤال کدام سوره‌ هم‌نام یکی از کشورها است؟ #تاجیکستان #ایران #افغانستان #Basirat_tv
    0 комментариев
    0 классов
    ҲОҶИ МИРЗО-ТАҚДИРИ ИНСОН ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД #рекомендации #намаз #хочимирзо #амримаъруф #ҳоҷи_мирзо
    0 комментариев
    0 классов
    ҲОҶИ МИРЗО-ЯКЕ АЗ НИШОНАҲОИ ҚИЁМАТ #рекомендации #намаз #хочимирзо #амримаъруф #ҳоҷи_мирзо #тренды
    0 комментариев
    0 классов
    ----------ДИЛНОМА---------- Дилхате овардаам, эй дил, зи осори дилам, То бидонӣ, аз дилу аз ҳолати зори дилам. Дил бидодам бар дилат ,то дарди дил шуд дилшикан, Эй табиби дил, биё, аз баҳри дидори дилам. Ин дили дилдодаро як дилнигоҳе кун зи дил, К-аз нигоҳи дилкашат, гардад фараҳ ёри дилам. Дилшиносон гарчи гӯянд "аз диле бар дил раҳест" Ҷуз ту накшоям касеро қуфли девори дилам. Бар дилу дилгунаҳое во накардам килки дил, Чун туи шоистаи ҳар байту ашъори дилам. Эй сабо, дилномаро бар сӯи дилдорам бубар, То биёбад огаҳӣ аз ҳарфу гуфтори дилам. Аз дили зори Муродӣ, сад диле гӯяш салом! Бар диле, ки бо у бошад чораву кори дилам. МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 28.01.2025
    0 комментариев
    0 классов
    Ваҳдату ҳамбастагӣ оини мост, Рамзи хосу пешаи пешини мост. Бар дили мо раҳ надорад кинае, Ин русуми синаи хушбини мост. Бо ҳақорат мангарем бар айби кас, Бурдборӣ меваи тамкини мост. Синаи мо маскани сулҳ асту бас, Душманӣ, дур аз сару ботини мост. Хоки мо аз бедилу каҷдил барист, Ҳамдилӣ, як одати дерини мост. Эй Муродӣ, хуш ба ҳоли миллатам, Ҷумла олам дар пайи таҳсини мост. МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 27.06.2025
    0 комментариев
    0 классов
    *****Субҳи нават хуш!***** Эй дидаи муштоқи саҳар, субҳи нават хуш! Эй қалби пур аз шӯру шарар, субҳи нават хуш! Эй ошиқи дилдода шаби ҳузн басар шуд, Эй маъшуқи бо нозу назар, субҳи нават хуш! Эй кӯҳ, ки бо туст сараввал нигаҳи шед, Эй домани хуршедбасар, субҳи нават хуш! Эй чашмаи пурҷӯш, бурун шав зи дили санг, Эй манзари оинасувар, субҳи нават хуш! Бо сози насими саҳарӣ ҷӯр шав, эй рӯд, Бо манзумаи ширу шакар, субҳи нават хуш! Эй боғ, зи нав сӯи фазо атр бияфшон, Эй ғунча, зи тан ҷома бидар, субҳи нават хуш! Эй булбули шайдои чаманзор, ба ваҷд о, Эй тозагулу майсаи тар, субҳи нават хуш! Эй меҳани хушманзару эй хоки гуҳархез, Эй ҳамватани тоҷбасар, субҳи нават хуш! Ин дам, ки гуворост, Муродӣ, нахи табъат, Бархон чу мурғони саҳар, субҳи нават хуш! (МУРОДИИ ХАТЛОНӢ) 22.05.2025.
    0 комментариев
    2 класса
    #обуна_шуданро_фаромуш_накунед #ҳоҷи_мирзо #хочимирзо #нашид #рекомендации #намаз #мусульмане #топ
    0 комментариев
    0 классов
Фильтр
Закреплено
05:07
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
577127823863
  • Класс
  • Класс
Показать ещё