Намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар ҷаласаи Шӯрои Амният оид ба масъалаи Фаластин, бидуни маҳкум кардани ҷиноятҳои саҳюнистҳо, изҳор дошт: то замоне ки ҷасади охирин асири исроилӣ бозгардонда нашавад, мо наметавонем коре анҷом диҳем.
Ба гузориши ТоҷикПресс, намояндаи Амрико дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи Фаластин, бо тамоми бешармӣ ва бидуни маҳкум кардани идомаи ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист алайҳи мардуми мазлуми Ғазза, дар суханонаш эълон кард: то замоне ки ҷасади охирин асири исроилӣ бозгардонда нашавад, мо наметавонем коре анҷом диҳем.
Вай иддао кард: беш аз 30 ҳазор мошини боркаши дорои кумакҳои башардӯстона ва имдодӣ вориди Ғазза шудаанд ва мо талош дорем итминон ҳосил кунем, ки онҳо ба дасти террористон намерасанд!
Ин мақоми амрикоӣ дар талош барои эҷоди монеаҳои бештар дар роҳи созишномаи иддаоии қатъи даргириҳо дар Ғазза, чунин иддао намуд: он раванд таҳти назорати Ҳамос фаъолият мекунад ва аз ҳар гуна назорат бар ҳувияти кормандони худ худдорӣ менамояд!
Намояндаи Амрико гуфт: мо бо шарикони худ барои ташкили як нерӯи байналмилалии суботи вазъ ва омӯзиши пулиси Фаластин ҳамкорӣ мекунем. Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гуна тарҳеро барои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ қобили қабул нахоҳад донист! https://tajikpress.com/2025/12/17/%d2%b3%d0%b8%d0%bc%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d1%88%d0%b0%d1%80%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d2%b7/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев