15 декабр ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия баргузор гардид, ки зимни он ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлат, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия зоҳир карда шуд. Дар ин замина вазъи кунунӣ ва дурнамои имзои якчанд созишнома ва шартномаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои ду давлат муҳокима гардид. Ҳадафи онҳо зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия мебошад.
Татбиқи ин санадҳо ба таъмини устувории таъминот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротӣ мусоидат мекунад.
Дар охир ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд. https://tajikpress.com/2025/12/17/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d1%8a%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%b4%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%bc/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев