Май хоҳаму кунҷе, ки ба ҷуз ёр набошад,
Ман бошаму вай бошаду ағёр набошад.
Он ҷо асари раҳмати ҷовид тавон ёфт,
К-он ҷо зи рақибони ту осор набошад.
Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлӯш рақибест,
Дар боғи ҷаҳон як гули бехор набошад
Бар ман, ки гирифтори туам раҳм мафармо,
Раҳм аст бар он кас, ки гирифтор набошад.
Мо хонахаробему надорем паноҳе,
Вайронаи моро дару девор набошад.
Тақсири вафо расми рақиб аст аҷаб нест.
Ҳаргиз саги девона вафодор набошад.
Бе ер ба олам натвон буд, Ҳилолӣ,
Олам ба чӣ кор ояд агар ёр набошад.
[Ҳилолӣ]