БУТПАРАСТЕ ГУФТ НАМОЗИ НАФЛ ХОН
Чанд муддате дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Куриёи ҷанубӣ будам, гуфтаниҳо зиёданду банда мехостам саргузаштеро нақл кунам ки барои ман хеле таъсирбахш буд. Бо амри тақдир дар ҷазирае ба номи Кассадо расидам, агар дар куҷои Корея будану, ба чи кор машғул будану, чи хел ба ин ҷазира омаданамро нависам як китоб мешавад . Барои ҳамин мухтасар менависам .....дар ин ҷазира ҳамаги чор деҳа буд ҳамааш ҳамдигарро мешинохтанд. Ман дар хонаи соҳибкоре ки ба парвариши алафи баҳрӣ машғул буд кор мекардам. Маро дар хонае ки худашон мезистанд дар ҳуҷраи духтарашон ки дар Сеул мехонд, ҷой доданд. Шароити зиндагӣ олидараҷа буд, ин ҳуҷра ба худаш алоҳида ташнобу ҷои оббози дошт. П