Фильтр
Фалакро бин ки дар авроқи умри мо чиҳо бинвишт,
Ҳазорон дард бар мо доду онро бедаво бинвишт.

Мудавво нест дигар ҳеҷ бар дарди ҷудоиҳо,
Ки номи дилбару номи маро аз ҳам ҷудо бинвишт.

Надорад интиҳое шикваам аз хатти пешонӣ,
К -аз аввал қиссаи умри маро бо сад хато бинвишт.

Сарамро пур зи савдо, дидаамро пур зи ашки хун,
Диламро пурғаму пурҳасрату дардошно бинвишт.

Ба дил гуфтам: дар ин зулматсаро аҳволи ту хуб аст?
Бигуфто " оҳ " -у бар лавҳи забон овози " ҳо " бинвишт.

Варақро пора карда шеъри худ аз сар нависам ман,
Чи созам лек бо он сарнавиште, ки Худо бинвишт.
То расидан бар диёри рузхои босафо, Мерасад умрам ба поён дар биёбони чафо. Гар биёяд бар сурогам дар бахори дигаре, Сабзаи хокам бигуяд, дер карди бевафо.
Гуфтам, ки дил додам ба ту, гуфто, ки маҷбурӣ магар?
Гуфтам, ки Маҷнун гаштаам, гуфто, ки машҳурӣ магар?

Гуфтам барои васли ту ҷонро фидоят мекунам,
Гуфто: зи ҳад афзун магӯ, аз оли Мансурӣ магар?

Гуфтам, ки дар сомонаҳо, дар сафҳаи роёнаҳо
Овоза, ки ишқи манӣ, гуфто, худат кӯрӣ магар?

Гуфтам наметобад чаро бар чашмҳоят эй парӣ,
Аз ҷон гузаштанҳои ман, гуфто, ки манзурӣ магар?

Гуфтам фазои фейсбук таркад зи ҳарфи ишқи ман,
Гуфто аз ин афсонаҳо орому масрурӣ магар?

Гуфтам, ки Синоят манам, аз дардҳоят гӯ ба ман,
Гуфто, ки эй дарди сарам, аз сӯз ранҷурӣ магар?

Гуфтам, ки эй бону бишав ҷононаву ғамхори ман,
Гуфто, ки номумкин бувад, аз ақл ҳам дурӣ магар?
۞ Аллоҳи Мутаъол мебахшад, касеро, ки аз ӯ омурзиш бихоҳад, зеро Ӯ Бахшоянда аст.🌾

۞ Аллоҳи Мутаъол мепазирад, тавбаи касеро, ки ба Ӯ тавба кунад, зеро Ӯ Тавбапазир аст. 🌾

۞ Аллоҳи Мутаъол ёрӣ медиҳад, ба касоне, ки аз Ӯ ёрӣ мепурсанд, зеро Ӯ ёридиҳанда аст. 🌾

۞ Аллоҳи Мутаъол ҳифз мекунад, ононро, ки ба Ӯ паноҳ меҷӯянд, зеро Ӯ Ҳифзкунанда аст. 🌾

۞ Аллоҳи Мутаъол иҷобат мекунад, ду'ои касонеро, ки ба сӯи Ӯ рӯй 🌾
меоранд бо ду'о, зеро Ӯ қабулкунандаи дуоҳост.

۞ Аллоҳи Мутаъол қабул мекунад ва подош медиҳад, амалҳои хайреро, ки бо нияти холис анҷом дода мешаванд, зеро Ӯ қабулкунандаи амали нек аст. 🌾

۞ Аллоҳи Мутаъол ҳидоят мекунад, касонеро, ки роҳи рост меҷӯянд ва аз Ӯ мехоҳанд,
Модаре мегуфт:
“ Ман панҷ фарзанд дорам, ҳамаро дар як хонаи кӯчак бузург кардам, аммо онҳо натавонистанд, ки дар панҷ хонаи бузургӣ худ барои ман ҷойе пайдо кунанд"...!
Мувозиби ин шахсияти бузургвор бошем то дер нашавад!..
🍃🍃🍃🍃🌸🌸🍃🍃🍃🍃
Бо мо бошед
👇👇👇👇
@
Ассалом Алейкум Вараҳматуллои ва баракотуҳу.
⛅🏡Бигзор Офаридагор ба хонаводаи шумо оромиш.
🍁Ба корҳоятон кушоиш.
🍁Дар рафторатон ситоиш.
🍁Ва дар сарнавиштатон, манзиле дар Биҳишт насиб гардонад.
🤲Рузатон бахайру шоди бошад умедворам, сиҳату саломат ҳастед. Бародарони азизам ва хоҳарони гулам.
Бо мо бошед.
👇👇👇👇
Показать ещё