Предыдущая публикация
Ёвони ману  Шумо

Ёвони ману Шумо

2 окт 2020

ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. рӯзи 1 октябри соли 2020 бо рафти барқарорсозии пули калонҳаҷми назди бозори марказии шаҳраки Ёвон, ки кӯчаҳои Р.Раҷабов ва Ҷомиро ба ҳам мепайвандад, шинос шуд. Ёдрас мешавем, ки ин пули азим, ки соли 1989 бунёд гардида буд, дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013-ум куллан аз байн рафта буд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур имрӯз дар ҳаҷми беш аз 90 дарсад бо сифати баланд иҷро гардида, бетонпӯш намудани қабати болоии он идома ёфта истодаанд. Тибқи нақшабандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назар аст, ки ин пули аҳамияти стратегидошта бо дарозии 64 ва паҳноии 19 метр ва бо иқтидори борбардории 80 тонна рӯзҳои наздик бо мумфарш гардидани болои он ба истифода дода шавад. Хароҷоти иншоот (бо назардошти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ) зиёда аз 23 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр пардохт гардида истодааст. Бо барқарор шудани ин пули азим як гӯшаи маркази ноҳия Ёвон ободу зебо хоҳад гашт. Паймонкори иншоот ҶДММ “Наврӯз” (роҳбараш меъмори шинохта Азиз Усмонов) бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба сомон расонида истодааст

ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320504834
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320505346
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320505602
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320505090
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320506626
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320506882
ПУЛИ ВАЙРОНШУДА БАРҚАРОР МЕГАРДАД. - 894320507138

Комментарии 1

UMАR умар
UMАR умар
кори хуб пешрави
6 окт 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    Ёвони ману  Шумо

    Ёвони ману Шумо

    ЛентаТемы 178Фото 332Видео 22Участники 1 417
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 178
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться