Предыдущая публикация
tajikpress

tajikpress

6 дек

Туркӣ Файсал: Исроил бузургтарин таҳдиди минтақа аст, на Эрон

Дипломати пешини Арабистони Саудӣ дар суханронии худ дар Абу Забӣ таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ бо ҳамлаҳои пуртакрор ба Лубнон, Ғазза ва Сурия таҳдиди бузурге барои суботи минтақа аст ва Амрико бояд ин режимро кантрол кунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Туркӣ Файсал, дипломати собиқи Арабистони Саудӣ, дар иҷлоси Ховари Миёна ва Африқои муассисаи Милкен эълом кард, ки ин режими саҳюнистӣ аст, ки таҳдиди бузург барои суботи минтақа маҳсуб мешавад, на Эрон.
Ӯ бо матраҳ кардани ин иддао, ки коҳиши қудрат ва нуфузи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон пас аз ҷанг бо режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин суқути давлати Сурия дар соли гузашта, тавони Эронро барои таъсиргузорӣ бар таҳаввулоти минтақа маҳдуд кардааст, гуфт: “Ба назари ман бидуни тардид ин Исроил аст, ки мушкил эҷод мекунад ва Амрико бояд онро кантрол кунад. Ӯ ҳамлаҳои пуртакрори режими саҳюнистӣ ба Лубнон, Ғазза ва Сурияро далеле бар ин масъала донист ва гуфт, ки ин режим “эҳсоси қудрат” мекунад.
Ӯ ҳушдор дод, ки рафтори режими саҳюнистӣ ва нотавонии ҷаҳониён дар ҳаллу фасли масъалаи Фаластин метавонад заминасоз барои зуҳури ҷараёнҳои ифротии нав гардад.
Вай идома дод: “Исроил тақрибан ҳар рӯз Сурияро бомбаборон мекунад, фаластиниёнро дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ҳадаф қарор медиҳад ва ҳамчунин ба Лубнон ҳамла мекунад, дар ҳоле ки он ҷо бояд оташбас барқарор бошад. Чунин рафтор ҳеҷ монандие ба сулҳофаринӣ дар минтақа надорад.”
Ӯ ба тарҳи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои таъсиси низоми муштараки дифои ҳавоӣ ишора кард; тарҳе, ки дабири кулли шӯро эълом кардааст ба зудӣ ниҳоӣ хоҳад шуд. Ин изҳорот пас аз ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ва Эрон ба Қатар дар соли ҷорӣ матраҳ мешавад. https://tajikpress.com/2025/12/05/%d1%82%d1%83%d1%80%d0%ba%d3%a3-%d1%84%d0%b0%d0%b9%d1%81%d0%b0%d0%bb-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b1%d1%83%d0%b7%d1%83%d1%80%d0%b3%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%b4/

Туркӣ Файсал: Исроил бузургтарин таҳдиди минтақа аст, на Эрон - 5372870774718

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
tajikpress

tajikpress

ЛентаТемы 3 753Фото 3 461Видео 19Участники 2 602
  • Подарки
Левая колонка
Всё 3 753
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться