Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳо “аз сӯйи Афғонистон” дар ду ноҳияи наздимарзиро “амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангез” номида, шадидан маҳкум кардааст.
Ба гузориши манбаъ:
Дар ин ҳамлаҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози вилояти Бадахшон панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми декабр дар машварат бо масъулони ниҳодҳои қудратӣ хостааст, нагузоранд, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд. Дар ин машварат, ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳурӣ, “вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.”
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки “давоми як ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.”
Бар асоси баёнияи расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур додааст, ки “доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.” https://tajikpress.com/2025/12/01/%d0%b2%d0%be%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев