🔸 Матни пурсиш:
Ҳамин имом Маҳдӣ ки меояд мардҳоро мекушад ва шиками занҳои ҳомиларо пора мекунад! Ҳамин мардҳое ки мекушад чи касоне ҳастанд?
🔸 Матни посух:
Ин «Гумони баде» дар бораи имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки воқеъият надорад; Чароки бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, имом Маҳдӣ алайҳи салом халифаи Худованд ва халифаи Паёмбари Ӯст ва бо ин васф, ҳаргиз бар хилофи китоби Худованд ва бар хилофи суннати Паёмбари Ӯ амал намекунад ва табъан ҳеҷ бегуноҳеро намекушад ва шиками ҳеҷ зани ҳомилаеро пора намекунад! Чунин ҷиноёте танҳо аз халифаҳои мардум сар мезанад ки ҷаббор ва ситамгар ҳастанд ва барои касб ва ҳифзи қудрат, хуни бегуноҳонро мерезанд ва дар замин табоҳӣ меангезанд; Монанди халифаҳои Умавӣ ва Аббосӣ дар гузашта ва халифаи доъиш ва ҳокимони мустабидди дигар дар замоне ки аз ҳеҷ ҷинояте барои касб ва ҳифзи қудрат фуругузори накардаанд, дар ҳоле ки имом Маҳдӣ алайҳи салом тавассути Худованд ва Паёмбари Ӯ мансуб шудааст ва он ду бар хилофи мардум, ҷабборӣ ситамгарро мансуб намекунанд то хуни бегуноҳонро бирезад ва дар замин табоҳӣ ангезад...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1545/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев