Предыдущая публикация
SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

30 июн 2017

САДРИДДИН НАҶМИДДИН РЕКОРДИ НАВИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗ 200 000 ТАМОШОБИН (ВИДЕО)

29/06/2017
Таронаи нави овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддинро бо номи "Ҷигари ман” дар байни ҳамагӣ ду рӯз дар Интернет алакай қариб 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Зоҳиран "Ҷигари ман”-ро фатҳи рекордҳои наве дар пеш аст.

САДРИДДИН НАҶМИДДИН РЕКОРДИ НАВИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗ 200 000 ТАМОШОБИН (ВИДЕО) - 856155089159
Ширкати "RaminMansour Production”, ки чанд таронаи ахири Садриддини Наҷмиддин тавассути ҳамин ширкат ба бозор даромад, рӯзи 27 июн суруди нави ин ситораи эстрадаи тоҷикро бо номи "Ҷигари ман” нашр кард. Продюсери тарона худи Ромин Мансур, муаллифи шеъраш Ҳумоюн Дурахшон ва муаллифи оҳанг Алекс Ибодӣ мебошанд. Ин таронаро дар саҳифаи ширкати "RaminMansour Production” дар Ютуб дар ҳамагӣ ду рӯзи аввал қариб 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд, ки як натиҷаи бесобиқа ё рекордӣ шумурда мешавад. Зоҳиран Садриддини Наҷмиддин бо "Ҷигари ман” метавонад ба шикастани рекорди таронаи дигари рекордиаш "Рӯъё”, ки аз моҳи апрел ба ин тараф алакай қариб 2,8 миллион тамошобин ҷамъ кардааст, азм кунад.
САДРИДДИН НАҶМИДДИН РЕКОРДИ НАВИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗ 200 000 ТАМОШОБИН (ВИДЕО) - 856155088391
Клипи таронаи "Ҷигари ман” дар сабки ретро – бо истифода аз мошинҳои қадимисохт ва дар муҳити биноҳои низ сохташон қадим – сабт шудааст. Ин тарона низ мисли таронаи "Ширин”, ки ду ҳафта пеш ба бозор даромад, асосан ба бозори тамошобинони эронӣ нигаронида шудааст ва Садриддини Наҷмиддин онро бо лаҳну гӯиши хоси зодагони Эрон иҷро кардааст.
САДРИДДИН НАҶМИДДИН РЕКОРДИ НАВИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗ 200 000 ТАМОШОБИН (ВИДЕО) - 856155088903
Матни тарона аз Ҳумоюн Дурахшон дар зоҳир хеле сода аст, вале кашише дорад, ки тавонистаанд дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳи алакай метавон гуфт, садҳо ҳазор нафарро ба худ бикашад: Наёмадӣ, бе ту Шаби ман торике, Бо ман бошӣ, ишқам, Дунё романтике. Ва аммо нақароти ин тарона ба гунаест, ки ба гӯиши ҳам Эрону ҳам Афғонистон ва ҳам Тоҷикистон мехӯрад ва зери авҷи навои мусиқии Алекс Ибодӣ хеле гӯшнишину дилнишин садо медиҳад: Ҷигари ман, асали ман, Имшаб биё бағали ман. Дилбари ман, дунёи ман, Маҳтоби хушгили шабҳои ман. Садриддини Наҷмиддин 10 сол пеш, вақте бори аввал талоши роҳ ёфтан ба бозори эстрадаи эрониро карда буд, низ бо машварати продюсери маъруфи эронӣ Коҷу Зардолу чандин таронаашро бо лаҳну бо гӯиши хоси эрониҳо иҷро кард. Ва аммо чунин тақлиди Садриддини Наҷмиддин ба гӯиши эронӣ дар худи Тоҷикистон бештар ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шуда буд. 1,7 МИЛЛИОН ДАР 5 ҲАФТА! РЕКОРДИ ҲАЙРАТАНГЕЗИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН Садриддини Наҷмиддин чанд таронаи охирашро тавассути ширкати «RaminMansour» нашр мекунад. Таронаи "Рӯъё”-и Садриддин, ки моҳи апрел нашр шуд, дар байни 80 рӯз алакай 2,8 миллион тамошобин ба даст овард, ки барои таронаҳои тоҷикӣ дар чунин фосилаи кӯтоҳ натиҷае бесобиқа ба шумор меравад.
САДРИДДИН НАҶМИДДИН РЕКОРДИ НАВИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗ 200 000 ТАМОШОБИН (ВИДЕО) - 856155088647
Садриддини Наҷмиддин 19 январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Номи ӯ бори аввал соли 1997 дар як озмуни бахшида ба овозхони ҷавонмарг Кароматуллоҳи Қурбон вирди забон шуд. Садриддини Наҷмиддин дар он солҳо бо сабки Кароматуллоҳи Қурбон тарона мехонд. Садриддини Наҷмиддин баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар раддаи аввали ситораҳои эстрадаи тоҷик қарор гирифт ва аз нахустин овозхонҳои тоҷик буд, ки дар Амрикову Аврупо консертҳо гузошт ва дар ҳамкорӣ бо продюсери шинохтаи эронитабор Коҷу Задорӣ дар Амрико чандин клип сабт кард. Ҳар таронаи Садриддини Наҷмиддин дар Интернет садҳо ҳазор тамошобин пайдо мекунад. Танҳо консерти соли гузаштаи Садриддин бо хонандаи афғон Ғизол Иноят дар шаҳри Торонтои Канадаро дар торнамои Ютуб беш аз якуним миллион нафар тамошо кардаанд.

Комментарии 2

₡₳Ꚋ₱ ꛘ₶Ⱳ₳ⱹⱹꙨX
₡₳Ꚋ₱ ꛘ₶Ⱳ₳ⱹⱹꙨX
бехтарин килип
1 июл 2017
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    m b
    m b
    садридин ако бетарин сарояндаи точикистонаст
    22 авг 2017
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

    SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

    ЛентаТемы 369Фото 1 950Видео 701Участники 14 473
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 369
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться