Предыдущая публикация
SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDINAbdumadzhid Shoev

SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

15 мая 2017предложил 
Abdumadzhid Shoev

1,7 МИЛЛИОН ДАР 5 ҲАФТА!

РЕКОРДИ ҲАЙРАТАНГЕЗИ ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИН

1,7 МИЛЛИОН ДАР 5 ҲАФТА! - 854838754311
Таронаи нави Садриддини Наҷмиддин бо номи "Рӯё”-ро дар байни ҳамагӣ 5 ҳафта дар Ютуб 1 миллиону 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Чунин натиҷа барои овозхонони тоҷик дар Интернет то кунун бесобиқа шумурда мешавад. Видеоклипи таронаи нави "Рӯё”-и Садриддини Наҷмиддинро ширкати "RaminMansour Production” рӯзи 7 апрели соли равон – ҳамагӣ 5 ҳафта пеш дар Ютуб нашр кард. Садриддин дар ин тарона, ки як бахшаш дар Амрико ва як қисмати дигараш дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, бо як матни содда қиссаи ишқи як ҷавон ба як духтари зеборо қисса мекунад: Рӯёи ман, дунёи ман, Фариштаи шабҳои ман. Худои ман туро дода Бари дили танҳои ман. Вале "Рӯё” бо вуҷуди матни соддааш чунон ба дили мухлисон роҳ ёфтааст, ки онро дар зарфи ҳамагӣ 5 ҳафта дар саҳифаи "RaminMansour Production” дар Ютуб алакай 1 миллиону 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ин нахустин таронаи тоҷикист, ки рекорди ҳайратангезаш дар чунин муддати кӯтоҳро ҳатто Ютуб бо як рамзи вижа таъкид кардааст. Садриддини Наҷмиддин 19 январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Номи ӯ бори аввал соли 1997 дар як озмуни бахшида ба овозхони ҷавонмарг Кароматуллоҳи Қурбон вирди забон шуд. Садриддини Наҷмиддин дар он солҳо бо сабки Кароматуллоҳи Қурбон тарона мехонд. Садриддини Наҷмиддин баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар раддаи аввали ситораҳои эстрадаи тоҷик қарор гирифт ва аз нахустин овозхонҳои тоҷик буд, ки дар Амрикову Аврупо консертҳо гузошт ва дар ҳамкорӣ бо продюсери шинохтаи эронитабор Коҷу Задорӣ дар Амрико чандин клип сабт кард. Ҳар таронаи Садриддини Наҷмиддин дар Интернет садҳо ҳазор тамошобин пайдо мекунад. Танҳо консерти соли гузаштаи Садриддин бо хонандаи афғон Ғизол Иноят дар шаҳри Торонтои Канадаро дар торнамои Ютуб беш аз якуним миллион нафар тамошо кардаанд. Вале оғози ҳайратовари парвози таронаи "Рӯё”-и Садриддини Наҷмиддин нишон медиҳад, ки ин тарона зоҳиран пуртамошобинтарин тарона дар собиқаи эҷодии ин ситораи эстрадаи тоҷик хоҳад шуд.

Комментарии 5

оо7 оо8
оо7 оо8
Фото
16 мая 2017
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    оо7 оо8
    оо7 оо8
    Зеби Точикистона дорад охе
    16 мая 2017
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    ШаХоБиДдИн ХоМиДоВ ✌
    ШаХоБиДдИн ХоМиДоВ ✌
    Точикистон хамика сароянда дора гап нест !!!
    17 мая 2017
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Диловар Саидов
    Диловар Саидов
    Поздравляю!!!
    28 фев 2020
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

    SADRIDDINMUSIC OFICIAL GROUP OF SADRIDDIN NAJMIDIN

    ЛентаТемы 369Фото 1 950Видео 701Участники 14 472
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 369
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться