"Бани Одам аъзои як пайкаранд"
Ки акнун паи қатли якдигаранд,
"Чу узве ба дард оварад рӯзгор"
Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор?
Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он:
Куҷоӣ ту Саъдӣ иваз шуд замон
Бани Одами имрӯза дев асту шар
Яке гургу он барра бошад дигар
Ҳама беғам аз меҳнати дигарон
*Ба пеши косае хуну қошуқ дар он
*Ҷидол асту ҷангу бародаркушӣ
Дигармонда "Саъдӣ ", куҷо сархушӣ?
"Ту к -аз меҳнати дигарон беғамӣ "
"Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ "
Ту гул гуфтаӣ Саъдии хушсухан
Чӣ гӯям, ки ногуфта сӯзад даҳан
Ту дар аҳди хеш инчунин гуфтаӣ
Худоят бибахшад кунун хуфтаӣ
Ту нестӣ бинӣ, ки дар қарни мо
Бани Одам инҷо чӣ кардааст, чиҳо?
Чӣ аъзо зи пайкар бурун кардаанд
Ба дандон ҷаҳон ғарқи хун кардаанд
Ҳама беғам аз меҳнати дигарон
Муҳаббат куҷо? Ҷумла захми забон
Падарро мурувват надорад писар
Насиҳат надорад ба қалбаш асар
Каниз аст модар дар ин асрҳо
Ба хишти ҷафо шуд бино қасрҳо
Паи нону ҷону мақоманд ҳама
Надоранд зи хашми Худо воҳима
Куҷоӣ ту Саъдӣ, ки аъзои тан
Бибинӣ фитодааст ҳама аз бадан
Бани Одам инҷо бани шаҳват аст
Дар ин асри мо ҳар чи ҳаст меҳнат аст.
_____________________________
Ҳадисҳои Паёмбари Худо (с) http://ok.ru/group/53058327412894


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9