🔸 Матни пурсиш:
Лутфан ҳукми задани сурма барои мардонро бифармойед.
🔸 Матни посух:
«Сурма» моддаи покиза ва маъданӣ аст ки барои тира намудани атрофи чашм истеъмол мешавад ва аз масодиқи зинат аст ки Худованди меҳрубон дар бораи он фармудааст: ﴾قُلْ مَنْ حَرَّمَ زِينَةَ اللَّهِ الَّتِي أَخْرَجَ لِعِبَادِهِ وَالطَّيِّبَاتِ مِنَ الرِّزْقِ ۚ قُلْ هِيَ لِلَّذِينَ آمَنُوا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا خَالِصَةً يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ كَذَلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ﴿; «Бигӯ чи касе зинати Худованд ки барои бандагонаш берун оварда ва рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигӯ онҳо дар зиндагии дунё ва ба сурати холис дар рӯзи қиёмат барои касоне аст ки имон оварданд, ин гуна оётро барои гурӯҳе ки медонанд тафсил медиҳем». Ба илова, ривоёти мутавотире низ дар бораи фавоиди он расида ки дар маҷмӯъ сабаби яқин ба муфид будани он мешавад. Бо ин васф, истеъмоли он барои мардон ишколе надорад, машрут ба инки урф онро инкор накунад; Чароки мулоҳизаи урф дар ин қабил корҳои мубоҳ зарурӣ аст ва пӯшиш ё оройише ки ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3034/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев