Дурем зи ватан, дурем зи аҳли хона,
На дуст парвои мо дораду, на бегона.
На раҳм кунад касе, бар ҳоли зори мо,
Тақдир ҳамин, чора надорем дигар мо.
Мо ташнаву хаста, равем ҳар саҳар ба кор,
Мо ғайри Худо, ҳеч кас надорем дар канор.
Ҳар кас, ки ғариби надидаст, надонад ҳоли мо,
Мо марди ғарибему, ғариби ҷойи мо.
Ҳар гоҳ, ки ман хоб равам, ҳис кунам гуё,
Руҳам зи тан парвоз кунад, суйи зодгоҳ.
Ашкам зи дида равад, надорам ҳилоче ман,
Дарди дили худ бо ки гуям, ки танҳо манам.
Кош мебудан азизони дили ман, дар барам,
Ҳис намекардам ғариби, ё ки дур аз ватанам.
Бин ки молу зар, моро то куҷо овардааст,
Баҳри як коғаз, ғарибу овора кардааст.
Кудакиро ёд кардам, чун ки бепарво гузашт,
Ғам набуд дар дили мо, ғам дар дили падар гузашт.
Аз барои мо падарҷон, хоб намерафт то саҳар,
Кор мекард баҳри моён, умри ширинаш гузашт.
Карзи ҳар фарзанд, хизмат баҳри волидайн бувад,
Лек ҳар ки мо дидем, ин хизматро адо накард.
Хизмати модар падар, ин ифтихори ҳар як аст,
Бади марги волидайн, гиряҳо бефоида аст.
То ки ҷон аст дар бадан, шукри Худо бояд кунем,
Волидайнро дуст дорем, эҳтиром бояд кунем.
Бо дуои неки онҳо, дар ғариби зиндаем,
Кадри онон гар надонем, аз хирад бегонаем!!!
✍қаламдор
Хушбахти Давлатбахш

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев